Душвориҳоро якҷоя ҳал менамоем!

Ҳафтаи гузашта баъзе ноҳияҳои Вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва Рашт аз офатҳои табиии шадид зарар диданд. Садҳо одамон бе хонаву дар, дар вазъияти душвор дар кӯҳҳо бе маводи хӯрокаву об монданд. Дар ин мавридҳои душвор рӯҳияи қавӣ ва муттаҳидии одамон барои кӯмакрасонӣ ба ҳамдигар аён мегардад. 
Ширкати Tcell дар доираи ёрирасонӣ ба ҳар як сокини ноҳияҳои зарардида 100 дақиқаи ройгон дод, чунки алоқа дар ин давраҳои душвор хеле муҳим аст. Шумо ҳам бетараф намонед! Ба рақами кӯтоҳи 5005 занг зада ва ё смс равон намуда, шумо 5 сомонӣ барои кӯмак ба зарардидагон равон месозед. 
Якҷоя мо ҳамаи душвориҳоро ҳал менамоем!

help_pamir.jpg
3661

Бозгашт ба рӯйхат