Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell аз баргузории озмуни «ТОП-30 навраси муваффақ ва маъруфи шаҳри Душанбе» пуштибонӣ мекунад!

Аз миёни 60 довталаб 30 наврас ва ҷавони муваффақи Душанбе интихоб хоҳанд шуд ва онҳо барандаи ҷоизаи вижаи Ҷашнвораи байналмилалии дӯстии кӯдакон ва наврасони кишварҳои иштирокчӣ аз ИДМ “Дар меҳмонии Душанбе” эълон мегарданд.

Таваҷҷуҳ- ғолибонро маҳз Шумо интихоб карда метавонед! Барои ин ба саҳифаи озмун бояд ворид шавед ва овози худро ба беҳтарин иштирокчӣ диҳед (писандидан, шарҳ навиштан низ мумкин аст): https://www.facebook.com/ТОП-30-Навраси-муваффақ-ва-маъруфи-шаҳри-Душанбе-104637798634353/

Мо дар Tcell аз ҳамаи иштирокчиён истиқбол менамоем: онҳо дар ин синну сол ба комёбиҳои бузург ноил шуданд, бархе ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, дигарон барандагони озмунҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, блогнависон ва иддае ҳам наврасони фаъол ва машҳури пойтахт мебошанд. Маҳз ҳамин насл ба ояндаи дурахшони мардуми мо саҳмгузор хоҳад буд.   

Озмун бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Маркази кӯдакону наврасони Раёсати маорифи пойтахт баргузор мешавад.


Возможно, это изображение в мультипликационном стиле (текст)
1726

Бозгашт ба рӯйхат