Маркази нави хизматрасонии муштариён барои интернети хонагии TezNet дар Душанбе- дар маркази тиҷоратии “Саодат” ифтитоҳ ёфт!

Дар маркази хидматрасонии TezNet метавонед дар бораи технологияи GPON ва интернети бесим (беноқил) машварати зарурӣ гиред, дар бораи иқдомҳо, хизматрасониҳои ҷадид иттилоъ дарёфт намоед, шартнома бандед ё хизматрасониҳои интернетиро тафтиш кунед.

Мутахассисони мо дар бораи хизматрасониҳо тарофа ва иқдомҳои TezNet, IP TV ба Шумо маълумот дода, дар ростои пайваст кардан ва таҳияи шартномаи пайвастсозии интернети хонагӣ, ё IP TV –и диҷитол (рақамӣ) кӯмак мерасонанд.
Шуморо бо суроғаи: кӯчаи Шамсӣ 23, МС «Саодат» мунтазирем!

TezNet аз Tcell тавассути технологияи GPON бо кафолати сифати баланд кор мекунад, яъне дастрасӣ ба интернет дар хона- мӯътадил ва бо суръати баланд хоҳад буд. Ба интернети баландсуръати TezNet пайваст шавед! Барои шиносоӣ бо тарофаҳо ва ирcоли дархости пайвастшавӣ ба TezNet ба нишонии https://www.teznet.tj ворид шавед.

1.jpeg

1658

Бозгашт ба рӯйхат