Tcell кӯдакон аз хонаи бачагонро табрик кард!

Дар бинои “Мактаби байналмилалии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи варзишу мусиқӣ барои атфоли имконияташон маҳдуд, ки дар парваришгоҳҳо ва хонаи бачагон таълим мегиранд, сурат пазируфт. Ширкати Tcell баргузории ҷашнвораро дастгирӣ намуда, ба кӯдакон табъи хушу тӯҳфаҳо пешниҳод сохт!

Дар чорабинии идона беш аз 120 хонанда аз Интернатҳои №2, №3, литсейи атфоли имконияташон маҳудуди шаҳри Душанбе, парваришгоҳҳои шаҳрҳои Ваҳдату Кӯлоб ва мавзеъи Чорбоғи Варзоб, инчунин кӯдаконе, ки зери сарпарастии созмонҳои ҷамъиятии “Ирода” ва “Омӯзиши фарогир” қарор доранд, иштирок карданд.

Аз субҳи барвақт бачаҳо дар мусобиқаҳои футбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ширкат варзида, маҳорати варзишиашонро санҷиданд. Ҷашновораро консерти идона бахшида ба Наврӯз, бо ҳунарнамоии хонандагони ин таълимгоҳҳо ҳусни хотима бахшид. 

Ғолибони мусобиқаҳо бо нишону медол ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардида, ҳамаи ишитирокчиён аз тарафи ширкати Тсеll соҳиби ҳадя шуданд.  

Tcell мекӯшад, ҳар чӣ бештару зудтар ин  ҷашнро ба онҳое, ки онро зиёд мунтазиранд, яъне тарбиягирандагони хонаи бачагон табрик гӯяд. Ҳамчун як ширкати масъули иҷтимоидошта, Tcell мунтазам лоиҳаҳои хайрияро маблағгузорӣ ва амалӣ месозад. Бо дастгирӣ ва кӯмаки қишри камбизоату ниёзманди ҷомеа ширкати Tcell дар ҳаққи ҷомеае, ки дар он фаъолият дорад, ғамхорӣ зоҳир менамояд. 

Ҷашнвораи варзишӣ ва мусиқӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Special Olympics»- Клуби ЮНЕСКО  бо дастгирии Федератсияи миллии клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва СҶ “Пешрафт” баргузор шуд.  Чорабинии мазкурро ширкати Tcell ва Сафорати Олмон дар ҶТ маблағгузорӣ карданд.

1.1.jpg

2.2.jpg

3.3.jpg

4.4.jpg 
1204

Бозгашт ба рӯйхат