Tcell ва Accelerate Prosperity натоиҷи нахустин AP HACKATHON «INVEST DIGITAL CONNECTIONS»-ро ҷамъбаст карданд

Ширкати Tcell  дар ҳамшарикӣ бо бунёди ҷамъиятии соҳибкории  Accelerate Prosperity натиҷаҳои нахустин Хакатонро, ки аз 21 то 23-юми октябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷараён гирифт, ҷамъбаст намуданд.

Иштирокчиёни AP HACKATHON "INVEST DIGITAL CONNECTIONS" дар давоми 60 соат 12 намунаи платформа барои ҷалби сармоягузории аввалияи лоиҳаҳо дар Тоҷикистонро таҳия сохтанд.

Дар Хакатоне дастаҳои таҳиягар (корсоз) аз тамоми манотиқи кишвар ширкат доштанд. Барои иштирокчиёни AP HACKATHON "INVEST DIGITAL CONNECTIONS" — ин беҳтарин имконияти муаррифии донишҳои андӯхта ва аз худ дарак додан, инчунин саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ маҳсуб меёбад.

Иштирокчиён иқтидору зарфияти худро дар пайдо намудани роҳҳал барои эҷоди платформаи сармоягузорӣ ба намоиш гузоштанд. Барои расидан ба ҳадаф, яъне аз муаррифӣ то фаъолсозии намунаи кор дар асоси Figma ба дастаҳо коршиносони бахши IT ва таҳияи маҳсулоти рақамӣ, ки ҳамчун ментор ба Хакатон даъват шуда буданд, кӯмак расониданд. Тайи се рӯз иштирокчиён роҳҳалҳои мавзӯъоти марбут ба хакатонро ба баррасӣ гирифтанд.

«Барои Tcell дастгирии лоиҳаҳо дар бахши IT ва навоварӣ бисёр муҳим аст. Хакатони мо бо он фарқ мекунад, ки ба иштирокчиён дастрасӣ ба интернети бемаҳдудро фароҳам оварда будем, то онҳо ба ҷараёни кор бештар пайвастагӣ дошта бошанд ва идеяҳои худро дар амал татбиқ карда тавонанд.  Лоиҳа сармоягузории муҳим барои пешсафии технологӣ дар кишвари мо аст",- қайд кард, Роҳбари филиала ширкати Тсеll дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Юсупов.

Дастаҳое, ки ба марҳилаи ниҳоии AP HACKATHON "INVEST DIGITAL CONNECTIONS" баромаданд, барои иштирок дар  марҳилаи дуюми лоиҳа оид ба таҳияи портали сармоягузорӣ бо дастгирии Accelerate Prosperity даъват шуданд.

1004

Бозгашт ба рӯйхат