Tcell ва Тавҳидбонк барои хариди таҷҳизот (девайсҳо) бахшпардохт пешниҳод менамоянд!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell ва Тавҳидбонк ба сокинони пойтахт имконият медиҳанд, ки маблағи молу колоҳоро бе пешпардохт, балки қисм-қисм супоранд!

Дар маркази хизматрасонии Tcell дар кӯчаи Рӯдакӣ 106 (дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ) акнун метавонед номгӯи васеи молҳо – смартфону планшетҳо, дастгоҳу таҷҳизоти дигар, инчунин маҳсулоти ширкати Tcell-ро харидорӣ намоед.

Бахшпардохт метавонад барои то 12 моҳ пешниҳод шавад, ҳангоми муроҷиат барои ба даст овардани он пешпардохт талаб карда намешавад. Шуморо танҳо зарур аст, ки шиноснома ва маълумотнома аз ҷои коратон пешниҳод намоеду бас. 

Tcell дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ пеш аз ҳама манофеъ ва ниёзҳои муштариёнро ба назар гирифта,  маҳсулот, хизматрасониҳо ва сервису роҳҳалҳои тиҷориро пешниҳод месозад.  мекунад. Ҳамин тавр, Tcell ба нақша гирифтааст, ки то охири соли равон минтақа ва ё майдони фурӯши таҷҳизотро боз дар 10 маркази хизматрасонӣ ба роҳ монад.

Тавхид.jpg

1292

Бозгашт ба рӯйхат