Tcell ғолибони қуръакашии миёнадаврии «Бурд намо 2022»-ро қадрдонӣ кард

Tcell аввалин иштирокчиёни иқдоми "Бурд намо 2022"-ро қадрдонӣ намуд. Ғолибон смартфон, телевизор ва ноутбукҳои худро дарёфт карданд. Маросими эътои ҷоизаҳо дар марказҳои хизматрасонии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор шуд.

Иқдоми «Бурд намо» - аз ҷумлаи бузургтарин иқдомҳо миёни аҳолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз оғози лоиҳа садҳо ҷоизаҳои арзишманд ва якчанд автомобили гуногунтамға бурд карда шуданд. Дар соли 2022 автомобилҳои ҷадиди SKODA Rapid қуръакашӣ мешаванд ва суперҷоизаи иқдом электромобили Volkswagen ID.4 мебошад.

Сокинони хушбахти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби смартфон гардида, ноутбукҳо насиби сокинони навоҳии Рӯдакӣ ва Айнӣ шуданд, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ашт LED-TV бурд карданд.

Оятуллои Гулмурод, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки ноутбук бурд кард, мегӯяд «Ман фикр намекардам, ки дар аввалин қуръакашӣ соҳиби ҷоиза мешавам. Бисёр хурсанд ҳастам, ки ноутбук буридам ва ин барои омӯзиши дасрҳо бароям ёрӣ мерасонад».

Барои иштирок дар иқдом, муштариён бояд ба рақами кӯтоҳи 707 занг зананд ё *707#-ро пахш кунанд. Баъд аз ин, ба муштарӣ ID-рамзи махсус ирсол мегардад, ки он дар қуръакашӣ иштирок менамояд. Барои ID-рақами нахустини харидашуда 300 Мб бонус ва баъдан барои ҳар як ID-рамз 30 Мб трафики интернет пешниҳод мегардад.

Тафсилоти бештар дар бораи иқдом дар саҳифа: http://tcell.tj/lu.php


1045

Бозгашт ба рӯйхат