Пешниҳоди нав аз Tcell: Наврӯзро бо трафики дукарата истиқбол намоед!

Tcell куллияи тоҷикистониёнро бо фарорасии ҷашни баҳору зебоӣ – Наврӯзи хуҷастапай табрик мегӯяд! Ширкат ҳамчун тӯҳфа ба муштариёни худ "Трафики дукарата" медиҳад!

Дар давраи аз 20 то 22 март, аснои фаъолсозии бастаҳои интернетии G5000 ва G10000, муштариён 2 маротиба бештар Интернет мегиранд. Яъне, бо фаъол кардани бастаи G5000 муштариён 10000 мегабайт ва ҳангоми фаъолсозии бастаи G10000 соҳиби 20000 мегабайт мешаванд.

Талаботи муштариён ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст: онҳо бояд ҳамеша бо хонавода, дӯстон ва ҳамкасбон дар тамос бошанд, аз ҷумлаи аввалинҳо бояд бошанд, ки хабару навгониро дарёфт месозанд, ба таври онлайн дарс хонанду имтиҳон супоранд, беҳтарин навору филмҳоро боргирӣ намоянд.   Трафики дукарата дар бастаҳои Интернет беҳтарин васила барои таҷлили Наврӯз ва табодули эҳсосоти баҳориву наврӯзӣ бо наздикону азизон аст.

Аз фасли баҳор, ҷашнҳои баҳорӣ ва муоширати бемаҳдуд бо Tcell лаззат баред!  
1272

Бозгашт ба рӯйхат