Tcell – иртибот барои фанноварии оянда!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell рисолати худро дар самти мутобиқгардонии равандҳои технологии ҷаҳонӣ ва татбиқи он дар ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони Тоҷикистон муайян кард.

Бо ҳадафи иҷрои рисолати худ дар соли 2021 Tcell таҷдид ва навсозии бузургмиқёси шабакаро анҷом медиҳад. Танҳо аз моҳи январ то моҳи майи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 123 пойгоҳҳои шабака такмил дода шуданд. То охири сол ин нишондод бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Талаботи корбарон барои иртибот торафт бнштар мешавад, аксарияти сокинони кишвар корбарони рақамӣ мебошанд, ки ба сифат ва суръати баланди интернети мобилӣ ниёз доранд. Маҳз бо ҳамин сабаб, Tcell таҷдиду навсозии шабакавиро дар саросари Тоҷикистон ба роҳ монда, имкониятҳои нави технологиро фароҳам меорад.

Навсозии фарохмиқёси шабакаи ширкат дар ҳамаи минтақаҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад: Tcell пойгоҳҳои мавҷудаи базавиро таҷдид карда, пойгоҳҳои нави стандартҳои 3G ва 4G насб мекунад. Ин ба шарофати сармоягузории хеле бузург ба рушди шабакаи Tcell имконпазир гардид.

Ҳамин тавр, тайи як моҳи охир шабакаи Tcell бо суръати баланд такмил ёфт. Зимнан, дар ин муддат 45 истгоҳи нав насб гардид, ки аз ин миқдор 44-тои он бо стандарти 4G мебошанд! Пойгоҳҳои нав ноҳияҳои Душанбе, Шамсиддин Шоҳин, Бохтар, Леваканд, Вахш, Бӯстон, Хуҷанд ва Панҷакентро фаро мегиранд.

Ширкати Tcell дар саргаҳи пайдоиши телекомуникатсия дар Тоҷикистон қарор дорад. Tcell нахустин ширкате буд, ки алоқаи стандарти GSM-ро пешниҳод кард, ки дар ибтидои солҳои 2000 бозори алоқаро ба куллӣ тағйир дод. Тайи бештар аз 20 соли ахир, Tcell дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни маҳсулот ва хизматрасониҳоро ироа намуда, ба муштариён хидмати бароҳат, фанновариҳои пешрафта ва роҳҳалҳои навоваронаро фароҳам меорад.

Дар соли 2019 ширкати мухобиротии Tcell нахустин шуда дар қаламрави Тоҷикистон муҷаввизи (иҷозатномаи) 5G-ро барои густариш ва роҳандозии тиҷории технологияи 5G дарёфт кард. Дар соли 2020 бошад, Tcell дар пойтахти Тоҷикистон шабакаи 5G -ро ба кор даровард. Ин тасмим барои ҷомеа ва иқтисоди Тоҷикистон заминаи нави технологиро фароҳам меорад, ки он ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши рушди иқтисоди рақамӣ мувофиқат мекунад.

Modernisation_AP_tj.png

1348

Бозгашт ба рӯйхат