Tcell дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечерка» ва аквапарки «Дельфин»

Имрӯз ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечерка» ва аквапарки «Дельфин» барои кӯдакони бепарастор аз ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи фаромӯшнашавандаро ташкил карданд. 
150 духтараку бачагон аввалин бор ба Душанбе омаданд ва якумин бор аквапаркро диданд. Чашмони пурҷило, хандаҳои дурахшон, хурсандии самимона – ана ҳамин хел кӯдакон ин рӯзро пешвоз гирифтанд. 
Оббозӣ, бозиҳо, иқдомҳо, расмкашӣ, хӯрокҳои болаззат, ва боз оббозӣ! Ягон кас аз об баромадан намехост. Дар анҷоми ид кӯдакон тӯҳфаҳо - бозичаҳо аз ширкати Tcell ва шириҳо аз шарикони иқдом гирифтанд.
Ид муборак, азизон!

3450

Бозгашт ба рӯйхат