Tcell ба рушди футболи кӯдакон дар Хуҷанд кӯмак хоҳад кард!

Дар доираи фаъолиятҳои иҷтимоӣ - дастгирии бахши варзиш, оператори пешсаф ва навовари кишвар, ширкати Tcell бо клуби футболи "Хуҷанд" Тафоҳумномаи ҳамкориро ба тасвиб расониданд. Дар доираи ин ёддошти ҳамкорӣ, Tcell сарпарастии дастаи футболи кӯдакони “Хуҷанд U13”-ро ба зимма мегирад.

Имзои Ёддошт дар дафтари бахши вилоятии Tcell дар Суғд бо иштироки Директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев ва Директори иҷроияи Муассисаи давлатии "Клуби футболи Хуҷанд" Муродҷон Умаров сурат гирифт.

Ин Тафоҳумнома як қадами дигар дар стратегияи Tcell оид ба дастгирии рушди варзиш, алахусус футболи наврасон дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Tcell тавсеаи футболи кӯдакон дар вилояти Суғдро дар заминаи дастаи футболи “Хуҷанд” зери қаноти худ мегирад.

Tcell инчунин дигар мусобиқаҳо ва сабқатҳои варзиширо дастгирӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир, дар саросари кишвар Лигаи футболи кӯдакон "Футбол ба назди Шумо меояд" идома дорад ва тибқи анъана, оператори пешсаф ва навовари кишвар - Tcell сарпарасти асосӣ ва шарики лоиҳа мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии дастгирии варзиши бачагона барои Tcell дар ниҳоди кӯдакон парваридани муҳаббати футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Ҳамин тавр, Tcell дар баробари ғамхорӣ ба насли наврас дар замири онҳо аз кӯдакӣ заминаҳои ҳаёти солимро мегузорад.

1.jpeg

2.jpeg

1308

Бозгашт ба рӯйхат