Tcell Рӯзи дарҳои бозро дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишии обӣ дар Душанбе дастгирӣ кард!

Охири ҳафтаи равон Қасри теннис ва Маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе бо пуштибонии оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell барои сафоратхонаҳо, меҳмонони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт Рӯзи дарҳои боз баргузор намуданд.   

Дар давоми рӯз меҳмонон тамоми бахшҳои маҷмааи варзиширо тамошо карданд: майдонҳои теннис, толорҳои ҳунарҳои размӣ, тамрингоҳи аэробика ва бозиҳои дастаӣ, ҳавзи олимпӣ. Зимнан, кормандони ширкати Tcell аснои як бозӣ-викторина ба меҳмонон ҷоизаҳои хотиравӣ тақдим дошт.

Дар ин рӯз, директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев, ки ҳамзамон раиси Федератсияи велосипедронҳои Тоҷикистон низ мебошад, дар маҷмааи варзишӣ сексияи велосипедрониро расман боз кард. Дар ин ҷо дучархаҳои муосири варзишӣ насб карда шудаанд, инчунин дар атрофи маҷмаа роҳи бехатару вижаи дучархаронӣ ба масофаи 2 км бунёд гардидааст.

Озодхон Давлатшоев борҳо таъкид доштанд, ки яке аз самтҳои авлавиятдоштаи фаъолияти иҷтимоии Tcell таблиғи принсипҳои тарзи ҳаёти солим ва дастгирии чорабиниҳои варзишӣ мебошад. Бо дастгирии чорабиниҳои варзишӣ, Tcell талош менамояд, ки арзишҳои волоро барои насли ҷавон омӯзиш дода, тарзи ҳаёти солимро тарғиб намояд.

1.jpeg

2.jpeg

3.jpeg

4.jpeg

5.jpeg

6.jpeg

1322

Бозгашт ба рӯйхат