Tcell бо ғамхорӣ дар ҳаққи муҳити зист дар пойтахт беш аз 500 дарахт мешинонад!

Барои оператори пешсаф ва навовари кишвар -ширкати Tcell, таваҷҷӯҳ ба масоили экология ва муносибати бомасъулият ба муҳити зист аз ҷумлаи арзишҳои фаъолияти ҳаррӯза маҳсуб мегардад. Охири ҳафтаи гузашта кормандони Tcell ҳамроҳ бо директори генералии ширкат Озодхон Давлатшоев дар ду боғи пойтахт ниҳол шинонданд.

Tcell дар боғҳои “Наврӯзгоҳ” ва “Хайём”-и пойтахт ниҳолҳои тӯси сафед ва арча шинонд. То баҳори имсол кормандони Tcell зиёда аз 500 дарахт ва буттаҳои ороишӣ мешинонанд.

Tcell ҳифзи муҳити зистро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯзаи худ меҳисобад. Маҳз барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба масоили экологӣ, ширкати Tcell дар моҳи апрели соли гузашта, ҷадвали тарофаҳо ва бастаҳои “Эко”-ро роҳандозӣ кард.

Тавассути иштирок дар барномаи “Эко” ҳар як муштари метавонад саҳми худро дар беҳбудсозии вазъи муҳити зист гузорад. Иштирок дар барномаи “Эко” аз Tcell ихтиёрӣ мебошад, яъне муштариён маблағҳои иловагӣ пардохт намекунанд ва саҳми онҳо аз ҳисоби пардохти ҳармоҳа барои тарофа ё бастаи Интернет анҷом мешавад. Сандуқ (фонд)-и ҷамъшудаи маболиғ барои рушди тарҳҳои экологии пойтахт ва дигар манотиқи Тоҷикистон ироа мегардад.

Соли гузашта фонди “Эко” барои пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 дар Тоҷикистон равона шуда буд. Ҳамин тавр, ҳар як муштарӣ, бо интихоби тарофа ва ё бастаҳои “Эко” кӯмаки худро ба бахши тандурустӣ расонд: хариди таҷҳизоти ҳимояи инфиродӣ барои табибон ва доруҳои зарурӣ барои бемористонҳо.

Ширкати Tcell имсол ташаббуси мири шаҳри Душанберо дар мавриди кабудизор кардани пойтахт  дастгирӣ карда, бахше аз маблағҳои фонди “Эко”-ро барои хариди ниҳолҳо равона кард, ки ҳоло боғҳои пойтахтро оро медиҳанд.

2.jpg

3.jpg

4.jpg

1.jpg


1252

Бозгашт ба рӯйхат