Tcell анъанаҳои фарҳангиро дар «Боми ҷаҳон»-2019 дастгирӣ менамояд!

Tcell анъанаҳои фарҳангиро дар «Боми ҷаҳон»-2019 дастгирӣ менамояд!

Ҷашнвораи байналмилалии «Боми ҷаҳон», бузургтарин рухдод дар олами мусиқии зиндаи Тоҷикистон рӯзҳои 26 то 28-уми моҳи равон дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Тайи солҳои ахир, Tcell ба унвони шарики баргузории ин ҷашнвора ва барои дастгирии рушди фарҳанг дар ҷомеа, инчунин ҷиҳати ҳифзу табодули анъанаҳои миллӣ саъю талош менамояд.

Ҷашнвораи «Боми ҷаҳон» шурӯъ аз соли 2008 дар Хоруғ сурат мегирад. Он чизе, ки ба гунаи як як ҷашнвораи хурди мусиқии маҳаллӣ баргузор мешуд, ҳоло ба унвони ҷашни байналмилалии фарҳангу мусиқӣ табдил ёфта, дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Имсол дар ҷашнвораи мусиқӣ иштироки ҳунармандон аз Ӯзбакистон, ИМА, Афғонистон, Қирғизистон, Покистон, Латвия ва Ҳиндустон дар назар буда, мутрибону мусиқачиён аз пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиши фарҳангӣ ҳузур хоҳанд дошт.

«Боми ҷаҳон» - даричаест барои ошноии бештар бо анъана, урфу одат ва оини таърихии мардуми ин куҳандиёр! Таърихи бойу рангин, осори ниёкон дар ин ҷо ҳанӯз побарҷост. Ҷашнвора ин ҳамаро ба ҳам меорад ва баҳонаи зебо барои дидану эҳсос кардани ин ҳама зебоист.

Tcell имсол низ чун соли гузашта дар баргузории ҷашнвора саҳми фаъол мегузорад. Махсус барои меҳмонони кӯчак “боғча”- макони муваққатии тафреҳу бозӣ созмон дода шуда, дар он ҷо кӯдакон расм мекашанд, бозӣ мекунанд ва ҳунари худро ба намоиш мегузоранд. Ба замми ин, дар намоишгоҳи вижаи ҷашнвора ширкати Tcell маҳсулоти худро пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида, дар ин ҷо муштариён аз машварати мутахассисони алоқаи мобилӣ баҳра бардошта, метавонанд ба пурсишҳои худ дар мавриди хизматрасониҳои ширкат посух бигиранд.

Tcell аз чорабиниҳои фарҳангӣ истиқбол мекунад, зеро инъикоси санъат, анъанаҳои онҳо як ҷузъи муҳими ҳаёти инсон аст. Бо дастгирии ҷашнвораи «Боми ҷаҳон», Tcell арҷгузорӣ ба арзишҳо ва ҳадафҳои аслии ин ҷашнвораи фарҳангиро ба намоиш мегузорад: ҳифз ва тарғиби жанрҳои анъанавӣ ва таҷрибавии мусиқӣ ва рақси мардуми Помир, инчунин дигар мавзеҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону кишварҳои хориҷаи дуру наздик барои дарки фаҳмиши гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ дар байни халқҳои гуногун ва анъанаҳои фарҳангии минтақа мусоидат менамояд.

____________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

 

Рӯзҳои 27-29 июл дар шаҳри Хоруғ ҷашнвораи “Боми ҷаҳон”- фестивали мусиқӣ, ки чанд сол боз теъдоди зиёди ҳунармандони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва кишварҳои дуру наздикро ба ҳам меорад, баргузор гардид. Дар ин ҷо тайи се рӯз мусиқии зинда садо медиҳад, ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ мешаванд ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Имсол, ширкати телекомуникатсионии Tcell ҳамчун шарики расмии баргузории ҷашнвора ҳузур дошт.

Ширкати Tcell барои иштирок дар ҷашнвора ва инъикоси ҷараёни он гурӯҳе аз журналистонро, ки дар нашрияву радио, хабаргузорӣ ва расонаҳои онлайнӣ фаъолият менамоянд, даъват кард. Рӯзноманигорон ҳамроҳ бо намояндагони ширкати мухобиротӣ сафар ба Помирро тавассути шоҳроҳи бузург оғоз карда, дар роҳ бо фарҳангу тамаддун, ҳунарҳои мардумӣ, урфу одоти мардумони минтақа ошно гардиданд.

Ҳамин тавр, дар Кӯлоб хабарнигорон аз муҷтамаи ёдгории таърихӣ- Оромгоҳи файласуф, шоир ва нобиғаи асри XIV Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидан карданд. Дар ноҳияи Дарвоз журналистон бо “дарвоза”-и Бадахшон ворид гардида, зимнан аз тамошои “Кохи бонувон”, ки махсус барои фаъолияту ҳунаромӯзии занон бунёд шудааст, лаззати маънавӣ бардоштанд. Дар ин ҷо ҳамчунин ҳамкорони мо аксҳои ҷолибе бардошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро пешкаши корбарон карданд.

Дар Хоруғ бошад, ба тамошои баландтарин боғи набототу рустанӣ дар қаламрави ИДМ- “Боғи ботаникии Хоруғ”, ки он ҷо беш аз 4 ҳазор намуди дарахту бутта ва рустаниҳои нодир мерӯяд, мушарраф гардиданд. Дар ин боғ истоҳи мавҷпарокании ширкати Tcell-ро, ки барои муштариён хидмат мерасонад, дида бо тарзи кори он дар ҳолатҳои фавқулодда ошно шуданд.   

Ва албатта нуқтаи авҷи боздиди хабарнигорон аз Бадахшон ширкат дар маросими ифтитоҳи ҷашнвораи “Боми ҷаҳон” буд. Этнофестивали “Боми ҷаҳон” дар шаҳри Хоруғ аз соли 2008 ба ин сӯ баргузор мешавад. Ин иқдоми фарҳангӣ барои боз ҳам бештар ошно шудан бо анъанаҳои зиндаи халқҳои қадими дунё мусоидат мекунад! Tcell тайи чанд соли ахир рушди фарҳангии ҷомеаро пуштибонӣ карда, ҳамчун ҳамкор (шарик)-и ҷашнвора баромад менамояд.

Ҷашнвора ҷиҳати табодули фарҳангӣ ва ҳифзи дастовардҳои мадании мардумони мухталифи дунё ҳамасола баргузор гардида, дар ин раванд комёб низ шудааст. Имсол дар фестивал меҳмонон аз ИМА, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳама манотиқи Тоҷикистон ҳунару маҳорати худро ба маъраз гузоштанд. Барои нахустин бор дар ҷашнвора гуруҳи ҳунармандон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ширкат доштанд. Ҳузуру ширкат ва ҳунарнамоии онҳо аз ҷониби иштирокчиён истиқболи гарму самимиро дар пай дошт.

Дар ин ҷо хабарнигорон имкон пайдо карданд, ки аз ҷараёни баргузорӣ ва идомаи ҷашнвора навор бардоранд, акс бигиранд, бо ҳунармандони алоҳида сӯҳбат кунанд. Ҳамчунин, бархе аз журналистон расми ифтитоҳи ҷашнвораро тавассути эфири мустақим (онлайн) дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд.

«Ман аз ин сафар хеле хушҳолам! Ман ҳамеша дар орзуи дидани Помир будам, аммо фикр мекардам, ки амалӣ шудани ин нақша мушкил ва ҳатто номумкин аст. Бо мусоидати ширкати Тсеll, ки сайри матбуотиро барои мо хабарнигорон муҳайё кард, аз Помир- Боми ҷаҳон ва ҷашнвораи “Боми ҷаҳон”дидан кардем, ҳамин тавр орзуи ман ҷомаи амал пӯшид. Шиносоӣ бо мардуми шарифи ин сарзамин, меҳмоннавозии онҳо, дидани зебоиҳои гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистон маро ба ҳайрат овард. Фикр мекунам, сафар ба манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон лозим ва зарур аст”,- мегӯяд иштирокчӣ Зулфия Голубева.

Аснои боздид аз манотиқи гуногун дар роҳи Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, иштирокчиёни барномаи сайри матбуотии Tcell аз дунёи фарҳангу мусиқии мардум ҳаловат бурда, таъми ғизоҳои миллиро чашиданд, тӯҳфаҳои аҷиб гирифтанд ва тамоми роҳ рақсу бозӣ карданд. Эҳсоси хурсандӣ ва хушҳолии онҳоро аз навиштаҳои эшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон пайдо кард. Tcell бо алоқаи боэътимод тамоми сафар хабарнигоронро ҳамроҳӣ мекард. Ширкати Tcell қариб кулли ВМКБ-ро бо иртиботи мобилӣ таъмин менамояд ва ин ҷо аксари аҳолӣ аз хидматрасонии ин ширкат истифода менамоянд.

«Ман аз он ифтихор дорам, ки барои нахустин бор дар умрам ба Бадахшон- зеботарину беҳтарин гӯшаи Тоҷикистон рафтам ва он ҳам бо кӯмаки ширкати Tcell. Ин ҷоро бояд ҳар як кас бубинад ва аз табиати сарзамини афсонавӣ энержӣ бигирад. Баландӣ аз сатҳи баҳр қариб 2400 метр, фатҳи қуллаҳо, дидани мавҷгир (антенна)-и ширкат дар фарози ин баландӣ барои мо фаромӯшнашаванда аст. Ин се рӯз барои мо – се рӯзи саросар аз хурсандӣ, лабрез аз рақсу мусиқӣ ва ҷашни ҳақиқӣ буд”,- меафзояд иштирокчии дигари сайри матбуотӣ Фаридун Хайруллозода.

Аксари журналистоне, ки дар ин сафар ба ҷашнвораи “Боми ҷаҳон” рафтанд, барои аввалин бор Бадахшони Кӯҳиро диданд. Фақат тавассути сафар ба гӯшаҳои кишвар метавон дарк кард, ки ин ё он минтақи Тоҷикистон чӣ қадр зебову нотакрор аст. Танҳо тавассути боздиду сафар мефаҳмед, ки мардум чӣ гуна фарҳангу анъана, мусиқӣ ва ҳунари аҷдодиашонро ҳифз менамоянд.

Tcell дар оянда низ тасмими ташкил ва баргузории сайрҳои матбуотӣ ба минтақаҳои дурдасти Тоҷикистонро дорад.

Дар шаҳри Хоруғ рӯзҳои 27-29 июл ҷашнвораи “Боми ҷаҳон”- фестивали мусиқӣ, ки чанд сол боз теъдоди зиёди ҳунармандони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва кишварҳои дуру наздикро ба ҳам меорад, баргузор гардид. Дар ин ҷо тайи се рӯз мусиқии зинда садо медиҳад, ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ мешаванд ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Ширкати Tcell тайи чанд соли ахир ин тарҳи фарҳангиро сарапарстӣ карда, имсол ҳамчун шарики расмии ҷашнвора дар он ҳузур дошт.

Ин ҷо беҳуда макони баргузории ҷашнвора интихоб нашудааст: Тайи садаи ХХ ва имрӯз низ Хоруғ дар шоҳроҳи Помир маркази тиҷорату фарҳанг буду ҳаст. Шаҳри асрҳо боз дар чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим қомат афрохта, маъвои тамаддуну фарҳанг, омезиши ҳунарҳои мухталифи мардуми дигари аст. Ин омил дар рушду такомули фарҳанги ВМКБ нақши муассиреро гузоштааст. Мусиқӣ барои Помир- тимсоли зиндагист. Дар ин минтақа кам касеро пайдо кардан мумкин аст, ки рақс карда натавонад. Фақат дар ВМКБ беш аз 80 намуди рақс мавҷуд аст. Ҳамаи онҳо қадимианд ва аз насл ба насл мегузаранд.     

Tcell дар баргузории ин фестивал саҳми фаъол дошт. Махсус барои меҳмонони кӯчак “боғча”- макони муваққатии тафреҳу бозӣ созмон дода шуда, дар он ҷо кӯдакон расм мекашиданд, бозӣ мекарданд ва ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ, ки ҳамарӯза қабл аз консерт сурат мегирифт, ширкати Tcell маҳсулоти худро пешкаши меҳмонону иштирокчиён кард: дар ин ҷо аз машварати мутахассиси алоқаи мобилӣ баҳра бардоштан, интихоб ва пайваст кардани хидматрасониҳо, васли бастаҳои интернетии – G, боргирии барномаи “Чӣ гап”, пайваст намудани тарофаи “Фасон” ва ғзйра имкон дошт.

Дар ифтитоҳи ҷашнвора Директори минтақавии рушди ширкати Tcell Нурулло Таҷалов иштирок кард. Аснои ироаи табрикот ӯ гуфт: “Ширкати Tcell дар Бадахшон аз бозигарони асосии бозори таъмини алоқа буда, иртиботи боэътимодро муҳайё месозад. Боиси сарфарозист, ки ширкати мо тайи чанд соли ахир шарики расмии баргузории ҷашнвора буда, сарпарастии онро ба зимма дорад. Tcell чорабиниҳои фарҳангиро дастгирӣ мекунад, зеро маҳз мусиқиву суруд аз асоситарин рукнҳои ҳаёти инсон маҳсуб меёбанд. Ин ҷашнвора- бузургтарин рухдод дар масири мусиқии этникӣ дар Тоҷикистон аст. Хушҳол аз он ҳастем, ки сол аз сол ҷашнвора марзҳояшро васеъ карда, гуногунрангу ҷолибтар мегардад”.

Ҷашнвораи «Боми ҷаҳон» барои табодули фарҳангу мусиқӣ, анъана ва расму русуми мардумони мухталиф хидмат мекунад. Имсол ҳунармандон аз ИМА, Қирғизистон, Қазоқистон ва куллияи манотиқи Тоҷикистон ҳунари худро ба маъраз гузоштанд. Барои аввалин бор дар фестивали мусиқӣ гуруҳи созию овозии “Суғдиён”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат карда, сазовори истиқболи гарми тамошобинон гаштанд. Овозхонҳои ансамбли «Filigar»-и Амрико бошад, бо мусиқии “рок-н-ролл” ҳусни дигаре ба ҷашнвора зам карданд.

Дар барномаи ҷашнвора ба ғайр аз рақсу суруд, ҳамчунин дарсҳои тамрин (мастер-класс) –ҳо барои донишҷӯён, мусиқашиносон ва овозхонҳо сурат гирифтанд. Дар интиҳои ҷашнвора намоиши филмҳои мустанаду бадеӣ дар бораи анъанаҳои минтақа баргузор шуд.

Крыша мира.jpg 

 

 


1485

Бозгашт ба рӯйхат