Интиқоли онлайнии маблағ аз Русия ба Тоҷикистон аз Tcell ва Алиф!

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон ҳеч гоҳ ин қадар осон ва қулай набуд! Барои ин фақат лозим аст, ки ба сомонаи расмии Tcell бо ин суроға: https://www.tcell.tj/alif-pay.php ворид шавед.

Бартарии асосии ин хизматрасонӣ дастрасии онлайнии комили он аст. Ин маънои онро дорад, ки Шумо метавонед ба Тоҷикистон аз ҳар макон ва дар вақти дилхоҳ маблағ интиқол диҳед! Барои ин зарур аст, ки ба вебсайти расмии Tcell ворид шуда, ҷузъиёт(реквизит)-и корти бонкии Русия (Visa / MasterCard / MIR) ва корти “Корти миллӣ”-и Тоҷикистонро, ки ба он маблағ интиқол додан лозим аст, нишон диҳед. Ин амалиёт ҳамагӣ чанд дақиқаро талаб мекунад ва интиқоли маблағ фавран, бидуни комиссия анҷом мешавад!

Дар айни замон, вақте ки хатари мубталошавӣ ба вируси COVID-19 баланд аст, хизматрасонии интиқоли пулӣ ин тартибро ба таври назаррас осон мекунад: зарурати берун рафтан аз хона, вориди шӯъбаи бонк шудан, пур кардани саволнома ва санад, инчунин мунтазири гузаштани пул боқӣ намемонад.

alif.tj.png

34515

Бозгашт ба рӯйхат