Нашр
Хабарҳо

Бо тарофаҳои нави “Аъло” аз Tcell суръат биафзо!

02.04.2020

Ширкати Tcell ҷадвали нави тарофаҳои «Аъло» -ро пешниҳод менамояд. Дар тарофаҳои ҷадид Интернети бештар барои имкониятҳои нав ва мегабайтҳои бештар, ки онҳоро мешавад ҷамъоварӣ ва ҳадя кард, мавҷуд мебошанд!  

Бо мурури замон ва тақозои давр истеъмоли иттилоот меафзояд ва трафики ба бастаҳо ва тарифҳо дохилшуда нокофӣ мегарданд. Бо дарки эҳтиёҷот ва ниёзи рӯзафзуни муштариён, Tcell тарофаи нави "Аъло" -ро роҳандозӣ кард, ки дар он бастаҳои трафик, дақиқаҳо дар Тоҷикистон ва SMS –паёмакҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтаанд. Дар ҷадвали нақшавии «Аъло» ҳар як муштарии шабакаи мобилӣ метавонад барои худ тарофаи мувофиқеро интихоб кунад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои шахсии ӯ ва хостаҳояш бошад: аз «Аъло 30» то «Аъло 200».

Мутобиқ ба хоҳиши муштариён, трафики Интернет дар тарофаҳои нави «Аъло» пас аз ба охир расидани мӯҳлати пардохти абонентӣ аз байн намераванд (намесӯзанд) - онҳоро мешавад дар тӯли се моҳ ҷамъ кард! Яъне, трафики истифоданашуда аз Шумост ва ба Шумо таалуқ дорад! Ҳамчунин, трафикро ба наздикону пайвандон ва дӯстон ҳадяву тақсим кардан мумкин аст!

Маълумоти бештар дар бораи тарофаҳои "Аъло": https://new.tcell.tj\

Ба имкониянҳои нав “Aъло” бигӯ! Ҳамроҳ бо Тсеll суръат биафзо!

Возврат к списку