Суғд-2021: Водии имконот!

Tcell - шарики расмии инноватсионии ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ ва намоишгоҳи тиҷҷории "Суғд-2021: Водии имконот"

Форум рӯзҳои 19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад ва ба таври анъанавӣ намояндагони Вазорати рушди иқтисоду савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои хориҷиро дар як майдон (платформа) гирди ҳам меорад. Дар ин ҷо экскурсия ба иншооти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" сурат пазируфта, суханронии коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи маркетинг ва иқтисод баргузор мешавад.

Оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell омодагии ҳамаҷонибаи шабакаи худро   дар иншооту макони баргузории форуми иқтисодии "Суғд-2021" анҷом ва пӯшиши шабакаро тақвият дод. Пойгоҳҳои базавии стандарти 4G фарогирии боэътимоди алоқаи мобилӣ ва интернети баландсуръатро барои кулли иштирокчиёну меҳмонон таъмин мекунанд. 

Барои Tcell муҳим аст, ки чунин як чорабинии муҳим дар сатҳи баланд бо истифода аз роҳҳалҳои навоварона (инноватсионӣ) гузаронида шаванд. Ҳадафи ширкат ироаи хадамоти баландсифати мухобиротӣ барои бюаргузорӣ ва татбиқа ҳама тарҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд мебошад. 

Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ ва намоишгоҳи тиҷоратии "Суғд-2021" бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати рушди иқтисоду савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
168

Бозгашт ба рӯйхат