Ширкати Telia саҳмияи худро дар ширкати Tcell мефурушад

Ширкати Telia розӣ шуд созишномаи фурӯши 60% саҳмияи худро дар ширкати холдингии “Central Asian Telecommunications Development B.V.” (CATD B.V.), ки соҳиби ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (бренди Tcell) мебошад, бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) ба имзо расонад. Айни замон, AKFED 40% саҳмияи “Central Asian Telecommunications Development B.V.” доро буда, саҳмиядори аққалиятӣ ба ҳисоб меравад. Харидуфурӯш, ки бояд аз ҷониби мақомотҳои танзимкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад, ба нақша охири соли 2016 ба анҷом расонида шавад.

 «Фурӯши саҳмияамон дар ширкати Tcell бо мақсади мо оиди қоҳиш додани ҳузури худ дар бозори Евразия ва диққати худро бештар ба бозори Аврупо ва кишварҳои Нордик равона сохтан, мувофиқат менамояд. AKFED аз замони таъсиси ширкати Tcell саҳмиядори муҳим ба ҳисоб меравад ва ман бовар дорам, ки AKFED ин ширкатро дар оянда боз ҳам муваффақтар мегардонад.” – мегӯяд Йохан Деннелинд, президант ва директори генералии ширкати Telia.

 Нархи фурӯш дар асоси арзиши ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ки 66 миллион доллари ИМА‑ро ташкил медиҳад, аз он 60% саҳмия, яъне 39 миллион доллари ИМА ба ширкати Telia тааълуқ дорад, ҳисоб карда шудааст. Нархи мувофиқашудаи фурӯш тақрибан ба мултипликатори чор маротибагии EV/EBITDA ширкати Tcell аз рӯи ҳисоботҳои соли 2015, ки бо қурби асъори чорӣ аз нав ҳисоб карда шудааст, мувофиқат менамояд. Харидуфурӯш ба натиҷаҳои молиявӣ ва қарзи тозаи ширкати Telia маҳдудан таъсир мерасонад.  

 Ширкати Telia, якҷоя бо мушовирон хориҷа оид ба масъалаҳои хавфҳо, санҷиши эътимоднокии ширкат ва тарафҳое, ки ба раванди харидуфурӯш рабт доштанд, ба анҷом расонид.

 Мухтасар дар бораи AKFED

Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) як қисми Шабакаи Оғохон оид ба Рушд ба ҳисоб рафта, бо мақсади дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ҳавасманд гардонидани бахши хусусӣ баҳри сохтани сармоя барои сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои рушди устувор, бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ҳамкорӣменамояд.  AKFED сармоягузори боэътимод буда, дар минтақа портфолиои васеи сармоягузориро доро мебошад.

  Ширкати Telia АВ ӯҳдадор аст, маълумоти мазкурро мутобиқи Дастури зиддиниҳисории Иттиҳоди Аврупо ва/ё Санад оид ба танзими бозори қоғазҳои қимматнок нашр намояд. Маълумоти мазкур тариқи шахси тамоси дарҷгардида, 7 сентябр соли 2016 соати 09:00 бо вақти Аврупои Марказӣ нашр гардид.

 Маълумоти муфассал дар рақами пресс‑офиси мо +46 771 77 58 30, ё дар бахши Хабарҳои сомонаи ширкати Telia, инчунин дар шабакаи иҷтимоии Twitter: @Teliacompany дастрас мебошад.


3362

Бозгашт ба рӯйхат