Ширкати Tcell тиҷорати худ ва рушди технологияҳоро давом медиҳад

Дар кори ҳаррӯзаи худ, ширкати Tcell фарогирии шабакаро васеътар намуда, технологияҳои навтаринро ворид менамояд ва сатҳи хизматрасониро беҳтар мегардонад. Қарори TeliaSonera оиди тамаркуз рӯи бозори Аврупо самти фаъолияти ширкати Tcell-ро дигар наменамояд. 

Tcell, ширкати пешсафи бозори мухобиротии Тоҷикистон, имрӯз аз ҷониби саҳмиядор – ширкати шведии TeliaSonera оиди стратегияи нав, тамаркуз рӯи бозори Аврупо, хабардор гашт. Президенти ширкати TeliaSonera, Йоҳан Деннелинд, дар як вижаи хабарӣ дар сомонаи ширкат маълумот дод. Ширкати TeliaSonera соҳиби беш аз ними тамоми саҳмияҳои Tcell мебошад. 

Ба гуфтаи ноиби президенти Teliasonera  дар умури равобит, Улвия Ҳасанзода, қарори стратегияи нав ва дар натиҷаи он фурӯши дороиҳои ширкати TeliaSonera дар Қазоқистон, Ӯзбакистон, Гурҷистон, Молдова, Тоҷикистон, Непал ва Озарбойҷон ба соҳибони нав, бевосита дар назди саҳмиядорони ширкат қабул гардид. Аз ин рӯӣ, мӯҳлатҳои аниқ ва механизмҳои фурӯши дороиҳои ширкат дар ин кишварҳо ҳоло номуайян боқӣ мондааст. 
 
Директори генералии ширкати Tcell, Миндаугас Убартас, мегӯяд: «Ширкати Tcell дар бозори мухобиротии Тоҷикистон беш аз 15 сол фаъолият менамояд ва бешубҳа аз ҷониби саҳмиядорони ширкати TeliaSonera хеле фоида дид. Дар ин мӯҳлат, мо тиҷорати муваффақ, стратегия дарозмуддат, сохторҳои дохилии қавиро ба роҳ мондем, ки он аз беҳтарин идоракунии ширкат кафолат медиҳад. Мо дар рушди ширкат, бозори маҳаллӣ ва зиёд намудани теъдоди муштариёни ширкат сармоягузорӣ намудем.
 
Мо дар кори маъмулии худ бештар кӯшиш менамоем фаъолияти худро тамаркуз ба рушди технологияҳои нав, мизоҷони ширкат ва роҳату самимигардонии онҳо, пешсаф будан дар бозор ва муттаҳид намудани кормандон, идома медиҳем»

4894

Бозгашт ба рӯйхат