Tcell дар Турсунзода як маркази ҷадиди хидматрасонии технологӣ боз кард!

Имрӯз дар маркази шаҳри Турсунзода боз як маркази нави хизматрасонӣ дари худро барои муштариёни Тсеll боз кард. Дар маркази нави хизматрасонӣ на фақат аз машварату маслиҳати мушовирони ширкат метавон баҳравар шуд, балки ба тамоми суолу пурсишҳои худ доир ба алоқа ва интернети ширкат ҷавоб гирифта метавонед: дар ин ҷо шумо имкони харидории таҷҳизоту лавозимоти муосири технологиро доред, ҳамчунин истифодаи интернети Tcell Wi-Fi ройгон мебошад!

Дар рӯзи ифтитоҳи дафтари Tcell барои ҳама меҳмонон ва иштирокчиён сюрпрайз омода шуда буд: 30 нафар иштирокчии аксия, ки нахустин шуда ба шабакаи Tcell пайваст гардиданд, сим-кортҳои ройгонро соҳиб шуданд. Ҳамзамон, миёни муштариёне, ки имрӯз дар ин дафтар тавозуни телефони худро пур мекунанд ва ё ба тарофаҳои нақшавии Даркор 35 ва аз он болотар пайваст мешаванд, бозии бурднок бо шумули ҷоизаҳои телефони ҳушманди тамғаи Samsung, ҷилди телефон, гӯшмонак ва дигар таҷҳизот гузаронида мешавад.   

Бар пояи ҳадафҳои стратегии ширкати Tcell, ниёзҳои ҳар як муштарӣ дар афзалият қарор доранд. Аз ин рӯ Tcell ифтитоҳи дафтару марказҳои хидматрасонӣ ва тавсеаи шабакаро дар саросари кишвар идома медиҳад.Дар ҳоли ҳозир дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон марказҳои хидматрасонии фаъолият дошта, ба муштариён дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд.

Мо мунтазири дидор бо Шумо дар марказҳои хизматрасонӣ ҳастем! 

2.JPG

3.JPG

4.JPG

1.JPG

1196

Бозгашт ба рӯйхат