Нашр
Хабарҳо

Дафтарҳои Tcell дар ҳама истгоҳҳои марказии пойтахт!

03.12.2019

Tcell дар 26 истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе марказҳои хидматрасонии муштариёнро боз кард.
Tcell бо талоши наздик будан ва иртиботи қавӣ доштан бо муштариёни худ, шабакаи фурӯши чаканаи худро густариш дода, маконҳои мувофиқро барои хидматрасонии муштариён интихоб менамояд. Дарёфти хидматрасонии сатҳи олӣ, интихоби тарофа ва гирифтани машварати мутахассиси ҳирфаӣ барои сокинони Душанбе беш аз пеш осонтар мешавад.

Ин ҳамаро онҳо дар истгоҳҳо- аснои мунтазир шудани нақлиёт анҷом дода метавонанд!

Дар марказҳои ҷадиди ширкат, муштариён имкони дастрасӣ ба хидматҳои баландсифатро доранд, инчунин машварат дар бораи куллияи масоили марбут ба алоқаи Tcell-ро дарёфт менамоянд ва тарофаҳои худро метавонанд фаъол созанд. Ҳамзамон, дар ин ҷо муштариён имкони харидории таҷҳизоти муосиру фанновариҳои навтарини иртиботро доранд.

Tcell дорои шабакаи бузурги хидматрасонӣ дар саросари кишвар аст. Tcell дар мавриди бароҳатӣ ва осону қулай кардани хидматрасонӣ ба муштариён, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Мунтазири дидори Шумо дар марказҳои хизматрасонии ширкат ҳастем!  

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


Возврат к списку