Бо «Қоидаҳои Нав» аз Tcell трафики Шумо ба моҳи оянда мегузарад!

Оператори пешсаф ва навовари кишвар - ширкати Tcell лоиҳаи "Қоидаҳои нав" -ро пешниҳод менамояд. Тибқи Қоидаҳои нав, дар тарофаҳои нақшавии маъмул ва серталабот, аснои пардохти саривақтии пардохти муштарӣ, мегабайтҳои масрафнашудаи Интернети мобилӣ дар тӯли як моҳ намесӯзанд - онҳо ба моҳи оянда интиқол дода мешаванд!

Чизи аз ҳама муҳим дар зиндагӣ иртиботи бемаҳдуд ва роҳат барои муошират бо наздикон, табодули комёбиҳову эҳсосот мебошад. Ҳар кадоме аз мо талош менамоям, ки чизи муҳим ва азизамонро ҳифз ва эҳтиёт кунем. Маҳз барои ҳамин,  Tcell "Қоидаҳои нав" -ро роҳандозӣ мекунад: тамоми трафики интернети мобилӣ дар ихтиёри муштарӣ боқӣ мемонад, ҳатто агар ӯ дар моҳи равон онро сарф карда натавониста бошад! Мегабайтҳои истифоданашуда ба моҳи оянда гузаронида мешаванд.

Ҳангоми таҳияву коркарди тарофаҳо ва пешниҳодҳои беназир, Tcell ҳамеша манофеъву ниёзҳои муштариёнро ба назар мегирад. Аз ин рӯ, Tcell бисёр вақт барои муштариён тахфифҳо, аксияҳои бонусӣ ва лоиҳаҳо ба монанди "Қоидаҳои нав" -ро пешниҳод менамояд.

  • Интернет-трафики истифоданашуда ба моҳи оянда гузаронида ва ҷамъбаст карда мешавад.
  • Бастаи интернетии истифоданашуда барои нақшаҳои тарофавии "Даркор 30" (ба истиснои Даркор 35) ва аз он болотар, тарофаи "Алло" , тарофаҳои "Саломати 40 *" ва "Саломати 105" дар муддати 3 моҳ ҷамъ карда мешавад.
  • Агар дар тавозун маблағи кофӣ барои гирифтани пардохти муштарӣ тибқи нақшаи тарофа мавҷуд набошад, МБ- ҳои ҷамъшуда масдуд (блок)) мешаванд.
  • Дар сурати напардохтани пардохти муштарӣ пас аз 3 рӯз, МБ-и ҷамъшуда бекор карда мешаванд
  • Мӯҳлати амали бастаҳои интернетӣ тибқи нақшаи тарофавӣ 90 рӯз аст.

43528

Бозгашт ба рӯйхат