Tcell дар Панҷ маркази ҷадиди хизматрасонии технологиро ифтитоҳ кард!

22.07.2020

Имрӯз, оператори пештози навовари кишвар- ширкати Tcell, дар ноҳияи Панҷ як маркази нави хизматрасонии муштариёнро боз кард!

Дар ин минтақа Tcell пешсаф буда, ҳамвора кӯшиш менамояд, ки барои муштариёни худ боз ҳам наздиктар бошад ва сервиси оливу осонро ба роҳ монад. Имрӯз муштариёни ширкат дар ноҳияи Панҷ беш аз 30 ҳазор нафаранд!

Дафтари нав дар ин ҷо низоми хизматрасонии муштариёни ширкатро беҳтар хоҳад кард. Дар марказҳои хизматрасонӣ мушовироне фаъолият доранд, ки дар ширкат ба муддати тӯлонӣ таҷриба андӯхтаанд. Онҳо бо хурсандӣ ба Шумо дар интихоби тарофа ё хизматрасоние, ки ба ҳар як муштарӣ мувофиқ аст, кӯмак расонида, дар ҳама масоили марбути иртибот маслиҳат медиҳанд, SIM - корти навро бо рақами дилхоҳ фаъол месозанд.

Бар пояи дурнамо (стратегия)-и рушди Tcell, ниёз ва талаботҳои ҳар як муштарӣ афзалият доранд. Аз ин рӯ, ширкат шабакаҳои хидматрасонии муштариёнро мунтазам густариш медиҳад. Имрӯз марказҳои наву технологии Tcell дар тамоми шаҳрҳо ва минтақаҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, ба муштариён хизматҳои баландро пешниҳод мекунанд ва барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.

Аз дидани Шумо дар марказҳои хизматрасонии Тсеll хушҳол хоҳем шуд!


ЦО 1.jpg

ЦО 2.jpg 

Возврат к списку