Ба «Чӣ Гап»-и нав аз Tcell гузаред ва ҳамеша бо наздикони худ дар тамос бошед!

Ширкати Tcell аз дубора фаъол гардидани нусхаи таҷдидшудаи замимаи “Чӣ Гап”, яке аз барномаҳои маъмул ва дӯстдоштатарини иртиботӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он хабар дод. Яке аз хусусиятҳои асосии замимаи нав, ин баланд будани сифати алоқа ҳангоми зангҳои овозӣ ба телефонҳои хонагӣ ва мобилӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Нусха (версия)-и пешинаи барнома ба наздикӣ ғайрифаъол ва хомӯш карда мешавад. Шитобед, замимаи “Чӣ Гап” аз Tcell-ро тавассути Play Market (https://is.gd/ChiGap) ва ё App Store (https://is.gd/ChiGapApp) боргирӣ кунед.

Барои гузаштан ба барномаи нави “Чӣ Гап” зарур аст, ки замимаро боргирӣ ва насб созед. Тартиби ворид шудани корбарони аллакай сабтшуда ва фаъол чунин аст:

https://www.youtube.com/watch?v=_BJE1B--kuE

Қадами 1: Дар саҳифаи ворид намудани рақам тугмаи "Барқарорсозӣ" -ро пахш кунед;

Қадами 2: Рақами сабтшударо ворид намоед ва навиштаи "Қабули SMS бо рамз"-ро пахш намоед;

Қадами 3: Ҳама сатрҳои ҳатмиро пур кунед (Ном, Насаб, № Шиноснома, 5 рақаме, ки бо онҳо иртибот доред ва рақами алтернативӣ) ва тугмаи "Тасдиқ" -ро клик кунед. Маълумоти Шумо аз ҷониби Хадамоти дастгирӣ  тафтишу тасдиқ карда мешавад ва ба рақами алтернативии Шумо SMS бо рамз ирсол мегардад;

Қадами 4: Пас аз гирифтани SMS бо рамз, Шуморо зарур аст, ки дубора ба саҳифа барои дохил кардани рақам ворид шавед ва тугмаи “Барқарорсозӣ” пахш намоед;

Қадами 5: Рақами бақайдгирифташударо дар сатр дохил кунед ва тугмаи "Ман аллакай рамз дорам" -ро клик кунед;

Қадами 6: Рақами сабтшуда ва рамзро, ки ба рақами дигар (алтернативӣ)-и Шумо ирсол шуда буд, ворид намоед.  

Шумо ба барномаи ҷадиди “Чӣ Гап” бомуваффақият ворид шудед!

Замимаи «Чӣ Гап» аз сӯи ширкати Tcell моҳи апрели соли 2015 роҳандозӣ гардида, аввалин барномаи мобилии миллии Тоҷикистон барои гӯшиҳои ҳушманд (смартфон)-ҳо маҳсуб меёбад, ки тавассути он Шумо ҳамеша имкон доред, онлайн бошед ва бо телефонҳои хонагиву  мобилии Тоҷикистон бо нархҳои дастрас занг занед. Дар ин муддат, барномаи “Чӣ Гап” миёни онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша бо наздикону пайвандонашон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар иртибот бошанд, маҳбубияти хосаро касб кард. 
1292

Бозгашт ба рӯйхат