INVEST DIGITAL CONNECTIONS

Ширкати Tcell ва Accelerate Prosperity аз ҷавонони эҷодкор, талошманд ва навовар, ки дар ҳайати даставӣ ва ё инфиродӣ ба таҳияи роҳҳалҳои нави рақамӣ (диҷитол) машғуланд, даъват менамоянд, дар AP Hackathon 2022 "INVEST DIGITAL CONNECTIONS" иштирок намоянд. 
    
Чорабинӣ аз 21.10.2022 то 23.10.2022 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. 
 
"INVEST DIGITAL DIGITAL CONNECTIONS" - ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки донишҳои андӯхтаашонро дар бахши IT дар амал татбиқ созанд, салоҳияту тавоноӣ ва малакаҳои худро, аз ҷумла аснои кори дастаҷамъона таҳким бахшанд, инчунин имкони соҳиби ҷоиза гардидан ва дастрасӣ ба сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои ояндаи худ тавассути дастгирии Accelerate Prosperity –ро дарёфт намоянд.  
 
Интизориҳо аз иштирокчиёни Hackathon: 
- Ҳалли мушкилоти муҳиму воқеъӣ аз Accelerate Prosperity, ворид шудан ба муҳити тиҷорат; 
- Имконияти санҷиши зарфият ва тавоноиҳои худ ва такмили малакаҳо дар таҳияи роҳҳалҳо (қарорҳо)-и  IT; 
- Networking - роҳандозии робитаҳои зарурии тиҷорӣ ва ҳамшарикии тиҷорӣ, табодули таҷриба; 
- Ҷаласоти менторӣ ва дарсҳои маҳорат аз коршиносони бахши IT, молия ва бозорёбӣ (маркетинг); 
- Имконияти пешниҳоди маҳсулоти IT-и худ дар Форуми “AР INVEST”-2022; 
- Дастрасӣ ба сармоягузорӣ барои шурӯъ ё тавсеа дар бахши IT-и тиҷорати худ.      
  
Шартҳои иштирок: 
- Иштироки фардӣ, ё дар ҳайати даста; 
- Даста метавонад ҳадди аксар се нафар иборат бошад; 
- Синну соли иштирокчиён бояд аз 16 то 35- сола бошад; 
- Ҳадди аққал яке аз аъзоёни даста бояд аз 18-сола боло бошад; 
- Ҳар як иштирокчӣ/даста бояд ноутбук дошта бошад; 
- Дар ҳайати даста имкон дорад, ки аз ҳар бахш (таҳиягарони IT, тарроҳон, маркетологҳо, молия) ҳузур дошта бошанд.  

Дар доираи AP Hackathon 2022 интизор меравад, ки иштирокчиён намунаи аввалия (прототип)- и  роҳҳалли мушкилоти пешниҳодшударо таҳия намоянд. Ғайр аз он, дар асоси ин намунаи аввалияи роҳҳал ба иштирокчиён барои таҳияву эҷоди маҳсулоти тайёр вақт дода мешавад. 
Ба иштирокчиёни муваффақ / дастаҳои муваффақ имконият фароҳам оварда мешавад, ки идеяҳои тиҷоратии худро бо дастгирии Accelerate Prosperity татбиқ созанд. 
 
Дархостро барои иштирок дар дар пайванди зер пур карда метавонед: https://bit.ly/3CvrZ2Z 
 
Муҳлати охирини ирсоли дархост: 17.10.2022 
 
Маълумоти иловагӣ бо рақамҳои: 
+992 93 500 85 62 
+992 92 632 00 51

1101

Бозгашт ба рӯйхат