Хизматрасонии «Шахри Бехатар»

Пай мебаред, ки ӽангоми сурх будани чароғаки раӽнамо гузаштед?

Боварӣ ӽосил кунед, ки Шумо қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро вайрон накардаед! 

Анкун, барои тафтиш намудани миқдори ҷаримаҳои худ, Шумо дар ӽар вақту соати дилӽоӽ ва ҷои дилхоҳ тариқи хизматрасонии SMS имкон доред! 

Хизматрасонӣ чӣ тавр кор мекунад?
 
Тафтиши ҷарима: 

1. Ба рақами кӯтоҳи 1881 рақами автомобилро дар формати чун дар рақами бақайдгирии давлатӣ нишондодашуда ирсол намудан зарур аст.
2. Масалан: SMS-паём -> SMS-и нав -> ба кӣ -> 1881 -> матн -> 1234AB01 (рақами давлатии пурраи автомобил бе фосила ва бо истифода аз ӽуруфоти лотинӣ дар формати бе ҶТ).
3. Арзиши ирсоли SMS-паём ба рақами кӯтоҳи 1881 – 5 сомонӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо мебошад.
4. Ҳангоми ирсол намудани SMS-паём дар тавозун маблағ бояд аз 5 сомонӣ бештар бошад.
5. Дар ҷавоб ба муштарӣ SMS-паём дар бораи миқдор ва хусусияти ҷаримаӽо тули тамоми давра то лаҳзаи дархост ирсол карда мешавад.
6. SMS-паёми ҷавобӣ дар давоми 15 дақиқа расонида мешавад.
7. Дар ҷавоб ба муштарӣ SMS - паём бо логин ва рамзи махфӣ барои дастрасӣ ба сомона, барои санҷиши вайронкуниӽои худ ирсол карда мешавад. Логин ва рамзи махфӣ дар давоми 2 шабонарӯз амал мекунанд. 

Обуна барои огоҳинома оиди ҷаримахо:
 
1. Муштарӣ, рақами автомобилро дар формати чун дар рақами бақайдгирии давлатии автомобил нишондодашуда ба рақами 2121 ирсол менамояд.
2. Масалан: SMS-паём -> SMS-и нав -> ба кӣ -> 2121 -> матн -> 1234AB01 (рақами давлатии пурраи автомобил бе фосила ва бо истифода аз ӽуруфоти лотинӣ дар формати бе ҶТ).
3. Арзиши ирсоли SMS-паём ба рақами кӯтоҳи 2121 – 10 сомонӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо мебошад.
4. Ҳангоми ирсол намудани SMS-паём маблағ дар тавозун бояд аз 10 сомонӣ бештар бошад.
5. Ҷавобан ӽар боре, ки вайронкунии қойдаӽо бо автомобили рақами давлатиаш дар дархост зикршуда дар радиуси амали камераӽои «Шаӽри Бехатар» содир мегардад, ба муштарӣ огоӽинома тариқи SMS-паём ирсол карда мешавад. Муштарӣ оиди хислат ва ҷои вайронкунӣ иттилоот хоӽад гирифт.
6. Обуна дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи ирсол намудан ва коркарди дархост амал мекунад.
7. SMS-паёми ҷавобӣ дар давоми 15 дақиқа расонида мешавад.

 Эзоҳ: Дар сурати аз хизматрасонии «CVPN» истифода бурдани муштарӣ, хизматрасонии «Шаҳри бехатар» кор намекунад. 

Ба забони русӣ
Ба забони англисӣ


3041

Бозгашт ба рӯйхат