Ба муҳити зист таваҷҷӯҳу ғамхорӣ намуда, барандаи тӯҳфаҳои арзанда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Tcell шавед!

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell озмуни эҷодии экологии “Эко Патрул” -ро эълон менамоянд. Дар бораи он ки Шумо чӣ гуна ба муҳити зист ғамхорӣ мекунед,  видеоролик (навор)-ҳоро ирсол намоед ва соҳиби планшетҳо, роутерҳо, соатҳои ҳушманд ва “YouTube бемаҳдуд” шавед!

Озмун 5 июн -дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист оғоз ёфта, то 5 июл идома меёбад. Озмун барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳамватанон ба ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ нигаронида шудааст.

Озмуни онлайн дар сафҳаҳои Facebook ва YouTube-и Кумита ҷараён хоҳад гирифт. Барои иштирок дар озмун, ҳамаи дӯстдорони табиат метавонанд видеоҳоро дар мавзӯъҳои экологӣ фиристанд (масалан, монологҳо дар бораи ҷашнҳои муҳими экологӣ, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайвоноти нодир, олами набототу ҳайвонот, масъалаҳои ҷории муҳити зист, санадҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили Консепсияи Стокҳолм ва Порис, навори экологӣ дарбораи  табиат, риояи чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус) дар Viber, Telegram, Imo ва WhatsApp бо телефони +992 777 16 22 75)

Тибқи натиҷаҳои мусобиқа, комиссияи иборат аз масъулини ширкати Tcell ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист 3 ғолибро муайяну интихоб мекунад, ки ғамхории худро ба табиати Ватани маҳбубамон бо роҳи рангину возеҳ нишон медиҳанд. Ғолибе, ки ҷои 1-умро мегирад, соҳиби планшет мешавад, нафаре, ки мақоми дуюмро ишғол менамояд, роутер бо Интернет барои 6 моҳ ва барандаи ҷои 3-юм рақами зебо бо YouTubeи 3 моҳаро ба даст меоранд.

Ширкати Tcell тасмим гирифтааст, ки тариқи роҳандозии тарофа ва бастаҳои “Эко”   таваҷҷӯҳи бештарро ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ҷалб намояд. Ҳар як муштарӣ, ки тарофа ё бастаҳои интернетии "Эко" -ро интихоб мекунад, ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин маблағ барои хариди таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ барои табибон ва дорувориҳои зарурӣ барои бемористонҳо сарф хоҳад шуд.

Маълумоти бештар дар бораи бастаҳои эко: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php
«Аъло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php
«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php

Мо бесаброна мунтазири наворҳои Шумо ҳастем ва ба ҳамаи иштирокчиён пирӯзӣ таманно менамоем!
1337

Бозгашт ба рӯйхат