Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Tcell ғолибони озмуни «Эко Патрул»-ро қадрдонӣ карданд.

Имрӯз, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оператори пешбару навовари кишвар – ширкати Tcell барандагони видео-озмуни экологии «ЭКО Патрул»-ро эълон ва бо ҷоизаҳо сарафроз гардониданд.

Ин озмун дар доираи таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист” тайи як моҳ баргузор гардид ва барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳамватанони мо ба масоили экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ нигаронида шуда буд. Иштирокчиён наворҳои видеоиро, ки шахсан худашон дар ҳифзи муҳити зист чӣ гуна саҳм мегузоранд ва аз он ҳимоят менамоянд, ирсол мекарданд.  

Аз миёни ҳамаи иштирокчиён комиссия ғолибонро интихоб кард. Барандаи мақоми аввал соҳиби планшет, ғолиби ҷои 2-ум - роутер бо интернет барои 6 моҳ ва ҷои 3-юм - рақами зебо бо YouTube-и бемаҳдуд барои 3 моҳ  гардида, ҳамчунин барои нафаре, ки мақоми 4-умро соҳиб шуд, соати ҳушманд (SMART-соат) тӯҳфа дода шуд.

Раиси Кумита Шерализода Б. А. дар суханронии худ таваҷҷӯҳи асосиро ба кӯшишҳои давлат дар бахши муҳити зист ва ҳифзи экологияи кишвар равона кард.

Директори генералии Tcell, Озодхон Давлатшоев аз саҳми ҳамаи иштирокчиён дар ин озмун ёдовар гардида, гуфт:  «Имрӯз, ҳар нафаре, ки дастрасӣ ба Интернет дорад, метавонад дар огоҳии мардум дар бораи муҳити зист ва муҳофизати он саҳм гузорад. Ватани мо табиати зебо ва нотакрор дорад, вазифаи аслии мо ҳифз ва қадр кардани он аст».

Ширкати Tcell барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҳамватанон ба  масоили тарофаи нақшавӣ ва бастаҳои   «Эко»-ро роҳандозӣ кард.

 Муфассал дар бораи «Эко»  : https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php

«Аъло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php

«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php

1.JPG

2.JPG

3.JPG

1280

Бозгашт ба рӯйхат