Нашр
Хабарҳо

Муштарии муҳтарам!

26.03.2020
Ширкати Tcell хоҳони саломатии ҳар яки шумо буда, маълумоти муҳими зерро барои эҳтиёт шудан аз касалии коронавирус ба самъи шумо мерасонад: 

  • ҳангоми муносибат ва муошират аз якуним то 2 метр аз шарикони худ дур истед; 
  • дар сурати доштани ягон аломати бемориҳои шаддиди роҳҳои нафаскашӣ (табъи баланд, сулфа, атса) ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравед ва ба духтур муроҷиат кунед; 
  • ҳангоми атса задан, сулфа кардан аз салфетка истифода бурда, онро фавран безарар гардонед. Дар сурати надоштани салфетка оринҷатонро қатъ карда, даҳон ва биниро пӯшонед.   
  • пушт, кафи даст ва миёни ангуштонро мунтаззам, то 20 сония бо собун шӯед; 
  • дар сурати дастрас набудани обу собун дастонатонро бо маводи безараркунанда тамйиз кунед; 
  • агар ягон узви оила аз дигар давлатҳо омада бошад, вайро аз аъзоёни оила, махсусан калонсолон, дар давоми 14 рӯз (карантини хонагӣ) ҷудо намуда, вазъи саломатиашро назорат кунед. 
  • телефонҳои ҳамроҳ, копютерҳо ва дигар ашёҳои кориатонро пеш ва баъд аз истифода бо маҳлули махсуси безараркунанда безарар гардонед.  
  • аз одатҳои расонидани даст ба чашм, бинӣ ва даҳон худдорӣ намоед!

Бо иҷрои ин амалҳо Шумо метавонед саломатии худ ва аҳли ҷомеъаро таъмин намоед!

Возврат к списку