Маркази нави эксклюзивӣ барои муштариёни Tcell бо хизматрасонии байналмилалӣ

Оператори пешсаф ва навовари кишвар-ширкатиTcell дар маҳаллаи Зарнисори шаҳри Гулистони вилояти Суғд маркази нави эксклюзивӣ барои муштариёнро бо хизматрасонии байналмилалӣ боз кард. Вижагии ин маркази хизматрасонӣ дар он аст, ки машварату маслиҳатро бо забони чинӣ пешниҳод месозад.

Аснои ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ намояндагони ҳайати чинӣ, фаъолони шаҳрак ва роҳбарияти филиали Tcell дар Суғд иштирок карданд. Маркази нави хизматрасонӣ барои ҳама муштариёни ширкат дар масофаи ба онҳо наздик хизматрасонии босифату комилро ироа менамояд. Дар ҳоли ҳозир хизматрасонӣ махсус барои кормандони даъватшудаи корхонаи маъдани Зарнисор дастрас аст.

Барои Tcell хизматрасонии бароҳат бахши муҳими фаъолияти телекомуникатсинӣ маҳсуб меёбад. Tcell эътимоди муштариёнро қадр мекунад ва талош менамояд, ки интизориҳои онҳоро бароварда созад. Маркази нави хизматрасонӣ асли тамаркуз бар муштарӣ ва пешниҳоди машварат бо забони барои онҳо мақбулро аз фаъолияти меҳварии худ медонад.

«Ширкати мо тӯли солҳои зиёд шарики калидии Tcell буд ва мо шодем, ки ҳоло метавонем машваратҳоро ба гунаи зуду осон дастрас намоем. Барои ман дар дар смартфонам танзимотро ҷӯр карда, бастаи интернетии мақбулро пайваст сохтанд. Дарёфти маслиҳат бо забони чинӣ барои мо аҷибу ҳайратовар буд. Ташаккур ба Tcell, барои хизматрасонии олӣ»,- иброз дошт, Гуан НИНГ, муовини сардори шӯъбаи умумии ҶДММ “ТК Горпром”.

11.jpg

12.jpg

13.jpg

14.jpg



1653

Бозгашт ба рӯйхат