Хабарҳо

Tcell – боз ҳам муфидтар аз ҳар вақти дигар!

Мавсими идҳо наздик мешавад ва шумо майна об мекунед, ки чӣ туҳфа намоед!? Пешниҳоди идона аз Тсеll-ро бо маҷмӯи ду симкорт бо рақамҳои монанд пазируфта, дигар чизе ба муоширати шумо монеъа намешавад. Илова бар ин, давоми 3 моҳ ба ин пешниҳод тахфифи 14% ба пардохти муштарӣ ҳангоми пайваст шудан ба тарофаҳои «Даркор 35» ва аз он боло амал менамояд.    Тафсилоти бештар бо рақами 114. Дер намонед, пешниҳод маҳдуд аст!  

Tcell – боз ҳам муфидтар аз ҳар вақти дигар!

14.png

1405

«Пардохти муваққатӣ»


Муштарии муҳтарам, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 18.02.2019 дар хизматрасонии «Пардохти муваққатӣ» тағйироти нав ҷорӣ мегардад. «Пардохти муваққатӣ»-и 4 сомонӣ ба 5 сомонӣ ва 6 сомонӣ ба 10 сомонӣ иваз карда мешаванд. Нархи хизматрасонӣ мутаносибан  70 дирам ва 1 сомонӣ (бо ААИ ва аксиз). Муфассал дар 120.
1440

Рӯзи ошиқон дар Истамбул! Tcell барои беҳтарин изҳори муҳаббати “онлайнӣ” ҳадя медиҳад.


Ширкати Tcell ба ҷуфтҳое, ки мехоҳанд, “Рӯзи ошиқон”-ро ба гунаи романтикӣ қайд намоянд, туҳфаҳои арзишманд пешниҳод мекунад!  Барои беҳтарин изҳори ишқу муҳаббат ба ҳамсаратон дар шабакаҳои  иҷтимоӣ, шуморо “сюрприз”-и Тсеll, сафари хотирмон ба Истамбул интизор аст!


Ширкати Tcell дар иртибот ба Рӯзи ошиқон дар шабакаҳои иҷтимоӣ озмуни вижа “Tcell Love” баргузор кардааст. Муҳити диҷитол (рақамӣ) ҳар сония дар ҳоли пешрафт аст: Интернет ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҳар кадоме аз мо гардидааст. неотъемлемой частью жизни каждого из нас. Ширкати Тсеll дар ростои талош барои тавсеаи муҳити диҷитол  пешниҳод менамояд, ки ба ҷуфт (ҳамсар)-и худ мустақим изҳори муҳаббат кунед.    

Шарти асосии озмун- ироаи акс бо дӯстдоштаатон ва ибрози назар дар бораи ишқу муҳаббат, бахт ва саодати хонаводагӣ асту бас. Шумо метавонед дар мавриди шиносоӣ, зиндагӣ ва порае аз хотироти беҳтаринатон қисса карда, онро ирсол намоед. Tcell акс ва навиштаи шуморо дар бораи дӯстдоштаатон ба нашр мерасонад!

Ягона маҳдудият барои ширкат дар озмун ин аст, ки иштирокчиён набояд аз 16-сола хурдтар бошанд. Яъне, онҳое, ки аз ин бузургсолтаранд, ҳаққи ширкат дар озмунро доранд. 

Бар асоси натиҷаи ниҳоии озмун 3 ҷуфти ғолиб- барандаи озмун интихоб хоҳанд шуд. Иштирокчие, ки ҷойи аввалро мегирад, соҳиби чиптаи ҳавопаймои рафту баргашт барои ду нафар ба шаҳри зебову нотакрори Истамбул мегардад! Ҷуфте, ки мақоми дуввумро ишғол менамояд, бо мукофоти арзишманд- смартфони тамғаи Xiaomi Note 6 Pro ва ҷуфте, ки барандаи ҷои сеюм мешавад, соҳиби роҳхат ба SPA, инчунин ғизои романтикии шомгоҳ дар меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe мешаванд!

Озмун рӯзи 1 феврал дар саҳифаи расмии Tcell дар Facebook шурӯъ гардид. Тайи чанд рӯз беш аз 150 ҷуфти зебо, ошиқи якдигар, меҳрубон ва хушбахт иштирокчии озмун гардида, ҳар лаҳза теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш дорад!

Озмун то 14 феврали соли 2019 идома ёфта, маҳз дар ҳамин рӯз қабули аксҳо анҷом меёбад. Исми ғолибони озмун рӯзи 20-феврал дар саҳифаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон хоҳад шуд. Агар Шумо ошиқи ҳамсаратон ҳастед, ӯро дӯст медоред, муҳаббатонро ба каси дигар тақсим намекунед, ё қиссаи зебое доред, марҳамат ширкат намоед! Истамбул интизори Шумост!

Озмун “Tcell Love” дар чаҳорчӯби фаъолияти ширкат дар ростои тақвияти муҳити диҷитол ва ҷалби корбарон роҳандозӣ мешавад. Талоши ширкати Tcell ҷиҳати рушди муҳити рақамӣ (диҷитол), ҷалби муштариён ва ба ин васила рушди муҳити диҷитол дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Барои ошноии бештар бо шартҳои озмун аз ин нишонӣ истифода намоед: https://www.facebook.com/tcell.tj/photos/a.187649434605043/2061391563897478/?type=3&theater

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

TcellTrueLove.jpg

1484

Tcell рӯзи ҷаҳонии Интернети бехатарро ҷашн мегирад

5 феврал дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии Интернети бехатар (Safer Internet Day) таҷлил мешавад. Дар аксари кишварҳои дунё бахшида ба ин сана чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ сурат пазируфта, ширкатҳои гуногун муштаракан барои бехатарии Интернет, дастрасии корбарон ба Интернети бехатар, аз ҷумла барои истифодабарандагони наврас иқдом менамоянд. Tcell ҳамасола даҳҳо дарсҳои боз барои хонандагони макотиб баргузор карда, зимни он ба наврасон тарзи дурусти истифодаи Интернет ва амнияти интернетиро меомӯзонад.

Ширкати Tcell татбиқи лоиҳаи бузурги худ “Интернети бехатар” барои мактаббачаҳоро се сол боз идома медиҳад. Фақат дар тӯли соли 2018 ширкат ҳудуди 25 дарси бози “Интернети бехатар”-ро дар бораи имкониятҳои глобалии ин шабакаи ҷаҳонӣ ва таъмини амнияти техникӣ аснои истифода аз онро баргузор намуд. Дар машғулиятҳои «Интернети бехатар» хонандагон дар бораи тарзи дурусти истифода аз шабакаи интернет ва паҳлуҳои мусбати он иттилоъ гирифтанд. “Аз куҷо барои таҳсил маълумоти фоидаоварро бояд пайдо кард, чӣ тавр интернетро хуб ва барои омӯзиш истифода бурд, чӣ гуна иттилои дурустро аз “тақаллуб” фарқ кард, манбаҳои аслии маълумотёбӣ кадомҳоанд”,- саволҳое буданд, ки зимни дарсҳо хонандагон ба онҳо ҷавоб пайдо карданд.

Ин тарҳ дар посух ба тақвияти робитаи наврасон бо шабакаи ҷаҳонии интернет рӯйи кор омада, ҳадафи аслии он ба маҷрои дурусти истифода аз интернет роҳнамоӣ кардани мактаббачагон мебошад. Насли навро имрӯз наметавон аз фанноварӣ (технология) ҷудо тасаввур кард. Онҳо дар асри ҷадид ва замони дастовардҳои ҳайратовари илму фан ба дунё омада, умр ба сар мебаранд. Зиндагии ҷавонони муосир бе роёна, телефони ҳушманд, смартфону гаҷетҳо ҳатто ғайриимкон шудааст.

Таври маълум, насли нав ҳанӯз аз хурдсолӣ, аз синни 8-10 солагӣ ба истифодаи Интернет ва роҳу василаи он ошно мешаванд. Аз ин рӯ, муошират, иртибот, пайдо кардани дӯстони нав, корёбӣ, таҳсил ва ибрози эҳсоси онҳо тавассути зарфиятҳои бемаҳдуди интернет амалӣ мешавад. Наврасон бештар ба ин раванд ҳамоҳанг мешаванд ва худи онҳо дар шаклгирӣ (контентсозӣ)-и интернет саҳм мегиранд.

Ширкати Tcell ба ин сабаб кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки донишҳои интернетии наврасонро тақвият бахшад, тарзи дурусти истифода аз шабакаро барои рушди маънавӣ ва ташаккули шахсияти онҳо омӯзонад. Ҳамин тавр, ширкати Tcell бо ин роҳ дар ҷунбиш (ҳаракат)-и ҷаҳонии таъмини амнияти интернетӣ (ё интернети бехатар) саҳми худро мегузорад.

Моҳи феврали соли 2018 лоиҳаи «Интернети бехатар»-и “Тсеll” беҳтарин тарҳи иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф гардида, ҷоизаи вижаи Global Event Awards –ро соҳиб шуд.

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

6.jpg

7.jpg

1487

Tcell дар саросари вилояти Суғд шабакаашро тавсеа медиҳад


Ширкати Tcell лоиҳаи фарогири тақвияти шабакаашро дар вилояти идома медиҳад. Тайи чанд моҳи ахир корҳои техникӣ дар 17 минтақаи аҳолинишини навоҳии Исфара, Конибодом, Б.Ғафуров, Спитамен ва Деваштичу Мастчоҳ ба анҷом расиданд. Ба ғайр аз ҷамоатҳо, навсозӣ ва таҷдиди истгоҳҳои базавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон ва Конибодому Истиқлол низ ба охир расиданд.


Натиҷаи тақвияту навсозии техникии шабакаро беш аз 300 000 сокини ҷамоат ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд метавонанд эҳсос намоянд. Тавсеаи шабака ва тақвияти пойгоҳҳои иртиботӣ, ки дар ин минтақа сурат гирифтанд, барои боло бурдани зарфияту тавоноии истгоҳҳо ва беҳтар кардани фаъолияти шабака нигаронида шудаанд. Ҳамин тавр, пойгоҳҳое, ки таҷдид ва навсозӣ шудаанд, имкони бештарро доро мешаванд ва теъдоди муштариёне, ки аз алоқаи мобиливу интернет истифода хоҳанд кард, афзоиш меёбад.    

Дар бархе аз маҳаллаҳои аҳолинишин ҳамакнун имкон пайдо карданд, ки барои нахустин бор ба шабакаи мобилӣ бо стандарти 3G пайваст шаванд ва сифати Интернет низ беҳтар гардид. Бо ин роҳ, муштариён аз имконоти беҳудуди Интернет бархурдор гардида, барномаи «Чи Гап» аз Tcell-ро насб менамоянд. Ин васила имкон медиҳад, ки истифодабарандагон ҳамеша бо наздикону пайвандон дар иртибот бошанд. ,  

Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳое, ки аз хизматрасониҳои диҷитолӣ ва интернетии ширкати  Tcell истифода мебаранд, бештар гардида, ин раванд рӯз аз рӯз тақвият меёбад, аз ин рӯ тақвияти шабака ва таҷдиди истгоҳҳои мавҷпароканӣ дар ширкат муддавом идома хоҳад ёфт. Хизматрасониҳои нав, тарофа ва шароити беҳтар барои муштариён сифати фаъолиятро ба боло мебарад. Таври мисол, тарофаи нақшавии  «Даркор» барои корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонии Интернет бастаи калони трафики Интернетро пешниҳод менамояд. 

«Вилояти Суғд барои ширкати Tcell аз муҳимтарин минтақа маҳсуб меёбад,- чаро ки дар солҳои аввали 2000-ум, таърихи алоқаи мобилӣ маҳз аз ҳамин ҷо, аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Фаъолияти онвақтаи Tcel аз ин ҷо шурӯъ гардида, ҳамин тавр ширкати мо аввалин оператори мобилӣ дар кишвар аст, ки таърихаш аз Суғд сар мешавад! Мо лоиҳаи тақвият, таҷдид ва навсозии шабакаро дар Суғд идома дода, алоқаи боэътимодро дар дурдасттарин минтақаи ин мавзеъ таъмин хоҳем кард. Дар баробари ин албатта, аз сокинони шаҳрҳои бузург фаромӯш нахоҳем кард, ки ҳаёташонро бе Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст», - мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell лоиҳаи бузургмиқёси тавсеаи шабакаашро дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон идома медиҳад: дар пойтахт, НТМ, Суғд ва вилояти Хатлону ВМКБ аллакай бештари корҳои техникӣ анҷом ёфтаанд. Қисми зиёди минтақаҳо аз шабакаи стандарти 3G ва 4G истифода менамоянд. Дар чаҳорчӯби ин тарҳ дар ноҳияҳои тобеъи марказ 20 пойгоҳи нави стандарти 3G насб гардида, шабакаи насли чаҳорум- стандарти 4G дар Кӯлоб, Роғун ва Данғараву Хоруғ аллакай дастраси муштариён аст.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

bs_tj khuj.png

1471

Cоли нави чинӣ бо Tcell – боз ҳам наздиктар!


Соли нави чинӣ – барои сокинони Чин ва бархе аз кишварҳои осиёӣ иди асосӣ, муҳим ва беҳтарин маҳсуб меёбад. Бо дарки муҳимияти ин ид, ширкати Tcell барои намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд ва муштарии ширкат мебошанд, ҷашни иди Соли нави чиниро баргузор кард.

Соли нави чинӣ бузургтарин иди мардуми он кишвар маҳсуб ёфта, ҳудуди 14 рӯз онро таҷлил менамоянд! Худи чиниҳо онро Соли нав- Иди Баҳор меноманд ва аммо таърихи ин ид ба 4000 соли қабл иртибот мегирад. Дар рӯзҳои таҷлил аз он ҳама хонавода гирди ҳам меояд ва хонаро бо чароғу лентаҳои сурх оро медиҳанд. Дар арафа ва рӯзҳои ид дар Чин оташбозӣ, таркондани маводҳои пиротехникӣ зиёд сурат мегирад. Ба қавли чиниҳо, ин барои тарсонидани қувваҳои бадӣ ва истиқболи нав омили аз ҳама асосист.  

Таҷлил аз Иди Соли нави чинӣ дар Тоҷикистон бо сабаби дар ин ҷо ба сар бурдани теъдоди зиёди сокинони Чин ва фаъолияти корхонаҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Зимнан, ширкати Tcell низ ин анъанаро нигоҳ дошта, барои муштариёни корпоративии ширкат чанд сол боз таҷлили соли нави чиниро баргузор менамояд. Соли нави чинӣ – беҳтарин баҳонаест барои ошно шудан ба фарҳанг, тамаддун ва таърихи ин халқ. Аснои ҷашнгирии соли нави чинӣ, ки ширкати Тсеll онро баргузор кард, рақси “Аждаҳо”-и чинӣ, тарона ва оҳангҳои тоҷикӣ, сурудҳои миллии чинӣ, расмкашӣ ва бисёр лаҳзаҳои тафреҳии муштаракро дидан мумкин буд.    

«Барои мо, махсус барои ширкати Tcell ташкил ва баргузории чунин мулоқотҳо бо доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ аз манфиат холӣ нест. Дар баробари саҳмгузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон, чиниҳое, ба ҷумҳурии мо меоянд, дар ғанигардонии фарҳангу русму русуми мо саҳм мегиранд. Бо мусоидати онҳо, санъати таббохӣ (таҳияи ғизо), анъана ва фарҳанги мо боз ҳам рушд хоҳад ёфт”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell барои муштариёни корпоративиаш иртиботи боэътимодро бо сифати олӣ таъмин намуда, ҳамарӯза ҷиҳати тақвияти алоқа саъю кӯшиш менамояд. Ҳар як муштарӣ дар ширкат ба таври алоҳида хидмат мегирад ва барояш беҳтарин хизматгузорӣ ва роҳи қулайи он пешниҳод мегардад. Аз оддитарин навъи хизматрасонӣ то интихоби забони муошират дар ширкат барои муштарин муҳайё аст. Ҳангоми таҷлили Соли нави чинӣ муаррифии хидматрасониҳо, маҳсулот ва навгониҳои ширкати Tcell пурра бо забони чинӣ барои меҳмонон ироа гардид.
Чунин муносибат ба ҳар як муштарии корпоративӣ фазои эътимоду ҳамкориро тақвият дода, барои боз ҳам рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам меорад. 

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg
319A8841.jpg
319A8898.jpg
319A8920.jpg
319A8953.jpg
319A8974.jpg
1424

Бо дастгирии Tcell маҷмӯаи мусиқии кӯҳистони Тоҷикистон ба нашр расид.


Дар Душанбе бо пуштибонии ширкати Tcell муаррифии ду албоми мусиқии миллӣ-    «Зебоипарастӣ» и «Орифона» баргузор шуд.


«Зебоипарастӣ» - ин тарҳи бузургмиқёси мусиқӣ бо фарогирии маҷмӯаи оҳангу сурудҳои мардумӣ буда, таронаву матнҳо дар иҷрои ҳунармандони маъруфи тоҷик садо медиҳанд.  Кор болои ин албом тайи ду соли ахир идома ёфта, роҳбарии лоиҳаро продюсер Фирӯз Шабдолов ба зимма дошт. Овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон: Далер  Назаров, Иқбол  Завқибеков, Улфатмо Мамадамбарова, Бахтибегим Орифова ва Мародбахт Файзова зимни муаррифии албом ширкат ва ҳунарнамоӣ доштанд.

Ширкати Tcell дар чаҳорчӯби масъулияти иҷтимоиаш аз тарҳи мусиқии “Зебоипарастӣ” пуштибонӣ кард. Ба унвони як ширкати масъулияти иҷтимоидошта, Tcell барои ҳифзу нигаҳдошт ва тарғиби анъанаҳои миллию фарҳангӣ ҳамеша талош меварзад. 

 «Tcell бо хушнудӣ шарики ҳамкор дар татбиқи лоиҳаи мазкур гардид. Ширкати Tcell тарҳҳои фарҳангиро ҷонибдорӣ менамояд, зеро тарғибу ташвиқ, ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ як бахши муҳими зиндагии инсонҳо аст. Маҳз чунин иқдому тарҳҳо миёни ҷавонон шавқу рағбатро бедор карда, онҳоро барои эҳтироми суннату фарҳанги қадимӣ таҳрик медиҳад ва ин дастовард ҳамин тавр аз насл ба насл мегузарад”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Вижагӣ (махсусият)-и албоми «Зебоипарастӣ» дар он аст, ки ҳунармандон оҳангҳои худро худашон иҷро менамоянд. Ба синну солашон нигоҳ накарда, бештари иштирокчиёни лоиҳа оҳангу таронаҳои беҳтаринашонро дар назди ҳозирин бо санъати баланду олӣ пешниҳод сохта, маҷмӯаи нодиреро аз фарҳанги кӯҳистони Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд. Сабту банду басти маҷмӯа (албом)-и мусиқӣ дар Помир, Душанбе, дараи Варзоб, Маскав ва Алма –ато анҷом ёфтааст.

Аснои муаррифии албоми мазкур ҳунармандони хушсалиқаву нотакрор Самандар Пӯлодов, Иқбол Завқибеков, Мародбахт Файзова ва гуруҳи созию овозии «Шамс» баромад намуданд. Дар оғоз Далер Назаров бо сухани ифтитоҳӣ маъракаро ифтитоҳ ва албоми навашро таҳти унвони «Орифона» манзури тамошобинон кард.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

319A7691.JPG

319A7713.JPG

319A7745.JPG

319A7783.JPG

319A7829.JPG

319A7834.JPG

1551

Tcell барои 9 муассисаи кӯдакона дар саросари Тоҷикистон ҷашни солинавӣ орост


Бобои барфии бунафшранги Tcell.



Дар чаҳорчӯби масъулиятҳои иҷтимоӣ ширкати Tcell дар мавриди бахши осебпазири аҳолии Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар остонаи Соли нави 2019 масъулини ширкат бо тӯҳфаҳои идона ба 9 маркази парвариши атфол рафта, барои онҳо фазои идона тӯҳфа намуданд: хонаи бачагон, интернатҳо, марказҳои барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ин бахш шомиланд.  

Бобои барфии бунафшранги Tcell ба беш аз 600 кӯдак аз хонаи бачагону парваришгоҳҳо бозичаҳо ва шириниҳо ҳадя кард. Илова бар ин, ҳар як муассисаи бачагона кӯмакҳоеро дастарас кард, ки дар айни замон тарбиятгирандагон ба он ниёз доранд: либоси зимистона, пойафзол, бухории барқӣ ва катҳои хоб.

Парваришгоҳи №1 дар маҳаллаи Чорбоғ ҳамчун ҳадя маҳсулоти беҳдоштӣ (гигиенӣ) гирифт, зеро дар ин ҷо кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд таҳсил ва зиндагӣ менамоянд. Бобои барфии бунафшранг ҳамчунин меҳмони марказҳои тарбияи атфол дар Файзобод ва Шаҳринав гардида, барои онҳо тӯҳфаҳои хоса: бозичаҳо, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва либосу пойафзол тақдим сохт.

Бачагони интернати ноҳияи Рӯшони ВМКБ низ зимистони имсоларо бо либосҳои гарму пойафзолҳои зимистона пушти сар хоҳанд кард. Дар минтақаи Шӯроби ноҳияи Исфара бошад, ширкати Tcell тирезаҳои хонаи бачагонро иваз карда, ба ҷои тирезаҳои кӯҳна- тирезаҳои нави пластикӣ насб кард.   

Тарбиягирандагони парваришгоҳи бачагонаи ноҳияи Қабодиён соҳиби костюмҳои нав гардида, ҳамроҳ бо Tcell иди Соли навро хурсандона таҷлил намуданд. Дар мактаб-интернати Кӯлоб бошад, ширкати Tcell барои кӯдакони ин даргоҳ мизи идона ороста, барои дар сатҳи хотирмон гузаронидани ҷашн маҳсулоти хӯрокворӣ тақдим кард. Маркази кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуди ноҳияи Рашт аз ҷониби ширкати Tcell катҳои хоб ва ҷиҳози онро ҳамчун тӯҳфа қабул намуд.   

Муштаракан бо Клуби миллии Федератсияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ширкати Tcell барои атфоли имконияти ҷисмониашон маҳдуд дар шаҳри Душанбе иди арчаро баргузор намуд, ки зимни он беш аз 100 кӯдак иштирок дошт.   

Дар ҷараёни иқдомҳои хайру эҳсонкорӣ, ки дар саросари ҷумҳурӣ идома дошт, ширкати Tcell ба ҳама минтақаҳо- НТМ, Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ кӯмакҳои худро ироа намуд. Теъдоди кӯдаконе, ки аз ширкат ҳадяву кӯмак гирифтанд беш аз 600 нафарро ташкил медиҳад. 

Хандаи беғаши кӯдакон, интизорӣ ва боварӣ ба амалишавии орзуҳо, рухдоди мӯъҷизаҳои сеҳрнок дар арафаи ид ва рӯзҳои Соли нав барои атфол амри маъмул ва табиӣ аст. Аз ин рӯ, ширкати Tcell ҳамасола барои онҳое, ки ин ид ва маросимро бесаброна интизор мешаванд, фазои вижаи идона муҳайё месозад. Ҳамчун ширкати масъулияти иҷтимоидошта Tcell ҳамеша лоиҳаҳои хайриявиро баргузор ва сарпарастӣ менамояд. Бо ироаи кӯмак ва дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеъа, ширкати Тсеll вазифаи иҷтимоиашро анҷом медиҳад.

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

319A9132.JPG

319A91556.JPG

IMG_0671.JPG

2.jpg

IMG_0681.JPG

3.jpg  319A9155.JPG

1544

Ширкати Tcell «Беҳтарин соҳибкори соли 2018» эълон шуд!


Дар шаҳри Хуҷанд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин соҳибкори соли 2018”, ки бо ибтикори Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд идома дошт, сурат гирифт. Бар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2018, ширкати Tcell ҷоизаи ифтихории озмунро дар бахши “Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” ба даст овардl

Бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар минтақа озмуни вилоятии “Соҳибкори беҳтарини соли 2018” бо қарори Раиси вилояти Суғд аз моҳи апрели соли равон оғоз гардида, то моҳи декабр идома кард. Ин иқдом бо ҳадафи беҳбудсозӣ ва мусоидат дар тақвияти фазои иқтисодию иҷтимоии вилоят роҳандозӣ шуда буд.

Озмун аз рӯи 42 номгӯй ва 8 бахши соҳибкорӣ ҷараён гирифта, дар он теъдоди зиёди соҳибкорон, ширкатҳо ва муассисаҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Ширкати Tcell  «Беҳтарин соҳибкори сол» дар бахши “Беҳтарин соҳибкори вилоят дар соҳаи коммуникатсия ва нақлиёт” эътироф гардид.

Барои Tcell як чунин шинохту қадрдонӣ аҳамияти бузург дорад: ширкати Tcell ҳамарӯза шабакаашро тақвият медиҳад, технологияи муосирро роҳандозӣ менамояд, фаъолияти иҷтимоӣ ва навоварона (иноватсионӣ)-ро марҳила ба марҳила беҳтар месозад. Ширкат ба унвони яке аз сохторҳои марбути Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), дар чаҳорчӯби фаъолияти иҷтимоиаш ба бахши соҳибкорӣ таваҷҷуҳи зарурӣ медиҳад ва саҳми худро дар пешрафти иқтисоди кишвар мегузорад. 

«Ин мукофот қабл аз ҳама ба муштариёни мо таалуқ дорад. Маҳз онҳо ҳастанд, ки моро интихоб мекунанд, бо мо мемонанд ва барои мо имконияти рушдро фароҳам меоранд, ин омил ба мо такон мебахшад, моро рӯҳбаланд месозад”, мегӯяд Фирдавс Махсумов, Директори бахши Тсеll дар вилояти Суғд. 

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лучший предприниматель.png

1604

Тағийрот дар хизматрасонии «Роуминги Муфид дар Русия»

Муштариёни мӯҳтарам!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки ба тарофагузории хизматрасонии  «Роуминги Муфид дар Русия» аз 3 январи соли 2019 тағийротхо ворид карда мешаванд. Арзиши 1 мегабайт Интернет - 0,90 дирам, смс – 0,50 дирам ташкил медихад.
1547


Страницы: Пред. 1 ... 32 33 34 35 36 ... 62 След.