Нашр
Хабарҳо

Хабарҳо

RSS Поиск:
 

18 Мар. 2020
Tcell дар Турсунзода як маркази ҷадиди хидматрасонии технологӣ боз кард!
Дар рӯзи ифтитоҳи дафтари Tcell барои ҳама меҳмонон сюрпрайз омода шуда буд: 30 нафар иштирокчии аксия, ки нахустин шуда ба шабакаи Tcell пайваст гардиданд, сим-кортҳои ройгонро соҳиб шуданд. Ҳамзамон, миёни муштариёне, ки тавозуни худро пур мекунанд ва ё ба тарофаҳои Даркор 35 ва аз он болотар пайваст мешаванд, бозии бурднок бо ҷоизаҳои телефони тамғаи Samsung, ҷилди телефон, гӯшмонак ва дигар таҷҳизот гузаронида мешавад. 
11 Мар. 2020
Tcell ба олами абарқаҳрамонҳо даъват менамояд!
Портали мултимедиавии Tcell, ки барои тамошои навору филмҳо дар дастгоҳҳои мобилӣ мутобиқ шудааст, бо бахши нав - "Силсилафилмҳои MARVEL" пур карда шуд!

Дар ин ҷо беҳтарин ва сермухлистарин силсилафилмҳои Marvel, аз қабили “Интиқомгирандагон” , “Бузургтарин қаҳрамонони давр”, “Ҷосусҳои СИПАР”, “Одамони фавқулодда” ва даҳҳо филм гирд оварда шудаанд.
7 Мар. 2020
Ширкати Tcell ҳамаи бонувонро ба иди баҳор, зебоӣ ва рӯзи саршор аз муҳаббат табрик менамояд!
Бигзор ҳар рӯз чунин бошад: лабрез аз табассум, хурсандӣ, фараҳ ва ишқу саодат. Бо эҳсоси бону,  малика ва шоҳзодаи хонавода будан ҳамеша шод бошед!
18 Фев. 2020
Муштарии муҳтарам!
Ба иттилоъи Шумо мерасонем, ки санаи 19.02.2020 аз соати 01:00 то 07:00, барои беҳтарсозии сифати хизматрасониҳо корҳои техникӣ гузаронида мешаванд, бо ин сабаб эҳтимоли рух додани мушкилоти муваққатӣ дар шабакаи интернет ва алоқа мавҷуд аст.
Қаблан барои нороҳатӣ аз Шумо узр мепурсем. Tcell-и Шумо!
18 Фев. 2020
Tcell ба 4G пойтахт суръат мебахшад!
Дар шабакаҳои мобилии пойтахти Тоҷикистон ҳамеша сарборӣ (вазнинӣ) аст: дар ин ҷо теъдоди зиёди корбарони диҷитол (рақамӣ) кору фаъолият мебаранд, ки аз интернети баландсуръат ва иртибот истифода менамоянд. Талаботи муштариёнро ба назар гирифта, тайи як моҳи ахир ширкати Tcell дар шаҳри Душанбе 12 пойгоҳи ҷадиди стандарти 4G насб кард. Бар пояи навсозӣ ва насби пойгоҳҳои ҷадид зарфияту тавоноии шабака афзоиш ёфт.
5 Фев. 2020
Оё Шумо наздикшавии беҳтарин рӯзи романтикии солро эҳсос менамоед?
Мо дар Tcell барои таҷлили Рӯзи Ошиқон омодагӣ мегирем!
«Бастаи солона 2020» барои ҷуфтҳо
Аккосӣ аз сӯи суратгири ҳирфаӣ барои ошиқон
Шаҳодатнома (сертификат) аз Кохи ҷавоҳирот
Роҳхат барои ду нафар ба осишгоҳи зимистонаи «Сафед-Дара»
Ғизои шоми ошиқона барои ду нафар
7 Янв. 2020
Tcell нахустин ширкати мухобироть дар Тоҷикистон аст, ки бо Сбербанки Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Аз имрӯз сар карда, шумо метавонед тавозуни Tcell-ро аз қаламрави Федератсияи Русия пур кунед! Дар ҳаққи ҳамватанони мо ғамхорӣ зоҳир карда, ширкати Tcell ва Сбербанк ин хидматро бо 0% комиссия пешниҳод менамоянд! Барои анҷоми пардохт ва пур кардани тавозун замимаи «Сбербанк Онлайн» бояд насб карда шавад.
31 Дек. 2019
Ҳамин ҳоло марҳилаи авҷи тӯҳфаҳои солинавӣ аст!
Телевизорҳои ҳушмандро аз шабакаҳои мағозаҳои “Волна” харидорӣ намуда, соҳиби Интернети бемаҳдуд аз Tcell мешавед!
Ҳангоми пайвасткунии опсияи «4G бемаҳдуд M» ба телевизиони нави SMART, истифодаи Интернет дар моҳи аввали ройгон аст ва моҳҳои дуюму сеюм онро бо нисфи арзиш ба даст оварда метавонед!
Опсияҳои "4G Бемаҳдуди L" ва "4G Бемаҳдуди ХL" бошанд, бо 50% тахфиф дар 3 моҳ пешниҳод мешаванд!
31 Дек. 2019
Гӯшии ҳушманд бе интернет, ҳушманд нест! Смартфон бихаред ва аз Tcell ҳадя бигиред!

Ҳангоми харидории телефонҳо дар нуқтаҳои фурӯши таҷҳизот дар Душанбе ва Хуҷанд, Шумо соҳиби купони туҳфа барои пайваст кардани нақшаи тарофавии “Даркор” мешавед! Истифодаи тарофа дар моҳи аввал- ройгон ва моҳҳои 2-юму 3-юм бо нисфи арзиш аст!
Соли нав муборак!

26 Дек. 2019
Tcell ва Smart city аз Душанбе “шаҳри ҳушманд” месозанд!


Имрӯз дар дафтари марказии ширкати Tcell мулоқот ва маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Tcell ва КВД «Шаҳри ҳушманд” (Smart city) баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҳамкориҳои минбаъдаи ду ширкат татбиқи тарҳи "Душанбе-шаҳри ҳушманд" мебошад.

“Шаҳри ҳушманд” (Smart city)- ин ҳамгироӣ (баҳамоӣ)-и якчанд фанноварии иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ барои мудирияти моликияти шаҳр мебошад. Ҳадафи роҳандозии пружаи "шаҳри ҳушманд" содда кардани идоракунии равандҳои дохилии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути технология мебошад. "Шаҳри ҳушманд" бояд созгор бо муҳити зист, бехатару пурэнержӣ бошад, имкониятҳои васеъро фароҳам орад ва фаъолиятҳои осону бароҳатро таъмин намояд.

«Дар замони муосир рушди ҷомеъа ба таври мустақим ба роҳҳалҳои навоваронаи фанноварӣ бастагӣ дорад. Ширкати Tcell бо номи тиҷорӣ(бренд)-и худ, мавқеъ ва ваъдаи собит ба ҷомеа, ҳамеша барои воридсозӣ ва роҳандозии ҷадидтарин технологияву роҳҳалҳои навоварона ба Тоҷикистон талош меварзад. Пружаи “шаҳри ҳушманд” раванди пешрафтаи технология дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, татбиқи он зиндагии одамонро роҳаттар ва осонтару қулайтар месозад.Ширкати Tcell заминаи воқеии бунёди як шаҳри диҷитол (рақамӣ)-ро дорад. Хушнуд аз он ҳастем, ки дар татбиқу тавсеаи тарҳи “Душанбе-шаҳри ҳушманд” ширкат менамоем, то оянда онро ба корти муаррифии пойтахт табдил бидиҳем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ибтикори мазкур барои рушди "шаҳри ҳушманд" вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025" дарҷ ёфтаанд. Бо тавсеаи “шаҳри ҳушманд” ширкатҳо иқтисоди рақамии кишвар, ҳукумати электронӣ ва зерсохторҳои диҷитолии шаҳрро рушд хоҳанд дод.

Аснои музокироту баррасии масоили марбут, ҷонибҳо дар мавриди фаъолияти муштарак дар бахшҳое амсоли “нақлиёти ҳушманд”, “ҳифзу беҳдошти ҳушманд”, “омӯзишу парвариши ҳушманд”, “энергетикаи ҳушманд” ва “амнияти ҳушманд” ба тавофуқ расиданд. Ширкатҳо талоши муштаракро барои эҷоди маркази ягонаи додаҳо идома медиҳанд, рӯи лоиҳаҳои зистмуҳитӣ ва технологӣ кор мекунанд, ки дар ниҳоят ба пайдоиши сокини шаҳри ҷадиди рақамӣ (диҷитол) мусоидат хоҳад кард.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG