Хабарҳо

Бозиҳои Tcell – сабқати фикрии диҷитол ҳастанд, ки ғолибон соҳиби туҳфаҳои ҳақиқӣ мешаванд


Бозиҳои Tcell



Чанде қабл ширкати Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ Tcell Games – бозиҳои фикрии маҷозиро роҳандозӣ кард, ки дар он ҳар корбари шабакаи иҷтимоӣ имкони ширкат ва пирӯз шуданро дорад. Тайи 3 ҳафта, ки бозиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома доранд, беш аз 100 нафар соҳиби тӯҳфаҳо аз Tcell шудаанд.

Дар солҳои ахир ҳар амали инсонҳоро метавон бо аналоги диҷитолӣ пайдо кард. Ҳатто бозиҳои шоҳмот, шашка, тениси рӯйи миз ва ғайраро ба таври маҷозӣ баргузор кардан мумкин аст. Рақиб дар як гӯшаи дунё ва шумо дар кунҷи дигар тавассути интернет ташкил ва баргузории бозиҳо мумкин аст. Ширкати Tcell ҳамчун муассисаи иноватсионӣ ҳамеша дар кору фаъолияти худ дастовардҳои ҷадиди технологӣ ва иноватсиониро ворид сохта, барои боз ҳам тақвияти иртибот бо муштариёнаш аз ин шева кор мегирад.   

Яке аз чунин тасмимҳои ахири ширкат роҳандозии Tcell Games аст, ки тавассути он муштариён ҳам вақти худро хуш мегузаронанд, тафреҳ мекунанд ва ба ғайр аз туҳфаҳо дар бахшҳои гуногун дониши нав, фаҳмиши нав пайдо менамоянд.   

Корбарони шабакаҳои Facebook, VK ва Одноклассники ҳоло роҳат метавонанд аз ин бозиҳо истифода баранд. Мушаххасот (профайл)-и корбар ба таври автоматикӣ аз тарафи система сабт шуда, ба пойгоҳи маълумоти бозигарон ворид мегардад.

Бозӣ аз 2 қисм иборат аст: Trivia – матни фикрӣ ва Puzzles – омехта ва саргармкунанда.

Tcell Trivia – ин матни вижаест, ки дар он донишу фаҳмиши худро дар мавриди муҳити атроф (ҷаҳон) санҷидан мумкин аст. Зимни он бо система рақобат кардан, даъвати дӯстон ба бозӣ ва ё муқобили дӯстон сабқат карда метавонед. Суолҳо бар пояи бахшҳои мухталиф: Ҷуғрофия, Варзиш, Таърих, Тоҷикистон, Фарҳанг, Мусиқӣ, Синамо, Тамаддун ва ғайра тартиб дода шудаанд. 

«Агар Шумо мехоҳед вақтатонро шавқовар ва ба нафъи худатон пушти сар кунед, посухи викторинаҳои телевизиониро медонед, дар ҷои зарурӣ аз иқтибосу гуфтаҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ ёдоварӣ кардан мехоҳед, аз олами мусиқӣ бохабар ҳастед, бе мушкилӣ пойтахти Уругвай ва ё Камерунро медонед, аниқ ин ҷо барои шумост”,- мегӯянд дар ширкати Tcel дар бораи ин бозиҳоl.

Ба суолҳои бозии Tcell Trivia посухи дуруст дода ва қисмати “омехта”-и бозии Tcell Puzzles-ро ҳал карда, бозигар соҳиби имтиёз (хол)-ҳо мешавад. Имтиёзҳоро ба туҳфаҳо: Бастаҳои МБ интернет-трафик, Бастаи дақиқаҳо дар Тоҷикистон ва футболкаву кулоҳи рамздор иваз кардан мумкин аст. 

Дар 3 ҳафтаи ахир, ки бозиҳо роҳандозӣ шудаанд, беш аз 100 корбар соҳиби туҳфа гардидаанд: 25 бастаи Интернет, 30 бастаи дақиқаҳо, зиёда аз 300 футболка ва кулоҳ! Дар шабакаи Facebook 4300 бозӣ сурат гирифта, 2200 паззл ҷамъ шудааст, дар VK – 480 бозӣ ва 220 паззл, инчунин дар Одноклассниках – 950 бозӣ ва370 паззл ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар бозиҳо ширкат намоед ва соҳиби туҳфа шавед!

Пайванд (нишонӣ)-и бозиҳо:
FB: https://promo.tcell.tj/?social=fb
OK: https://promo.tcell.tj/?social=ok
VK: https://promo.tcell.tj/?social=vk

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.jpg   2.png

3.jpg   4.JPG

1858

Муштариёни муҳтарам!


Fолибони викторинаи “Билофосила”



Ҳоло мо тасмим дорем, ғолибони викторинаи “Билофосила”-ро, ки ҳафтаи гузашта пирӯз шуда буданд, эълон намоем (рақами муштарӣ- миқдори хол (имтиёз)-ҳо):


  • ХХХХХ4882 – 7869 имтиёз – 250 сомонӣ
  • ХХХХХ4020 – 2115 имтиёз – 200 сомонӣ
  • ХХХХХ6333 – 1808 имтиёз – 150 сомонӣ
  • ХХХХХ0900 – 1191 имтиёз – 100 сомонӣ
  • ХХХХХ0812 – 1032 имтиёз – 50 сомонӣ
  • ХХХХХ0218 – 845 имтиёз – 30 сомонӣ

Ба муштариёни ғолиб маблағи зарурӣ (эълоншуда) дар тавозуни телефонашон гузаронида мешавад. Табрик мекунем!
Дар Викторина ширкат намоед ва барои ҷоизаи асосӣ талош варзед! Ғолиби моҳ  рӯзи 18-уми октябри соли 2018 муайян мегардад. Муштарии ғолиб даъват ва бо маблағи 2000 сомонӣ мукофтонида мешавад.

Маълумот дар бораи даврҳои баъдӣ (Оғоз 00:00 ва анҷом 23:59:59);

Даври 2- 18.10.2018 – 18.11.2018
Даври 3- 19.11.2018 – 19.12.2018
Даври 4- 20.12.2018 – 20.01.2019
Даври 5- 21.01.2019 – 21.02.2019
Даври 6- 22.02.2019 – 22.03.2019
Даври 7- 23.03.2019 – 23.04.2019
Даври 8- 24.04.2019 – 24.05.2019
Даври 9- 25.05.2019 – 25.06.2019
Даври 10-  26.06.2019 – 26.07.2019
Даври 11- 27.07.2019 – 27.08.2019
Даври 12- 28.08.2019 – 28.09.2019




2018

Моҳи октябр дар Tcell бо тағйиротҳои бузург оғоз гардид: тарофаи нави «Даркор» ва тавсеъаи шабакаи 4G!


Тарофаи нави «Даркор» ва тавсеъаи шабакаи 4G!




Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии тарофаи нақшавии ҷадиди «Даркор», ки воқеъан ҳам барои муоиширати ҳаррӯза “даркору зарурист”,  хабар медиҳад. Ҳамчунин, навгонии хубе дар ростои рушди техникӣ дар минтақаҳо: Интернети балансуръати стандарти 4G аз Tcell ба сокинони Данғараву Роғун дастрас шуд!

Ширкати Tcell аз рӯзҳои аввали роҳандозӣ ва пайдоиши алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон, аз пешоҳангони таъмини муштариён бо алоқаи стандарти 2G ва 3G маҳсуб меёфт. Аммо рушди технология дар як ҷо намеистад ва дар ин робита хостаҳои корбарони шабакаҳо низ тағйир меёбад. Агар қаблан барои муштариён дидани лентаи хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷер-паёмрасонҳо кофӣ буд, ҳоло бештари корбарон ба мӯҳтаво (контент)-и “вазнин” таваҷҷуҳ доранд. Истифодабарандагони шабакаҳо ба боргирии босуръат ва калонҳаҷми наворҳо, гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филму телевизион дар шакли мустақим (он-лайн) афзалият медиҳанд.

Барои онҳое, ки ҳисобу китоби трафик ва мегабайтҳои интернетро одат накардаанд ва аз ҳама имкониятҳои шабакаи ҷаҳонии интернет истифода бурданӣ ҳастанд, ширкати Тсеll тарофаи нави нақшавӣ бо номи “Даркор”-ро таҳия ва роҳандозӣ кард. Ба ин ҷадвал, тарофаҳи нақшавии «Даркор 19», «Даркор 35», «Даркор 59», «Даркор 159» ва «Даркор 199» шомил мебошанд. Ададҳо дар тарофаи нав ҳаҷми маблағи моҳонаи муштариро нишон медиҳанд. Бо истифода аз ин тарофа, корбар ҳаҷми бештари интернет ва мегабайтҳоро дарёфт карда, маблағи начандон зиёд сарф мекунад. Ҳамчунин, ҳар як тарофа дақиқаҳо барои занги баромад (ирсол)-ро дар Тоҷикистон, бастаи SMS (паёмакҳо)-ро дошта, зангҳо дар дохили шабакаи Tcell комилан ройгон мебошанд! Ҳамин тавр, «Даркор» - дар ҳақиқат «Зарурӣ ва Даркор» дар тамоми тарофаҳо аст. 

Тафсилоти бештарро дар бораи тарофаи нав аз сомонаи расмии ширкат пайдо карда метавонед.

Ширкати Tcell дар доираи стратегияи рушди техникии манотиқ сокинони Роғун ва Данғараро бо Интернети баландсуръати стандарти 4G таъмин кард! Мутахассиони ширкат дар маркази ин шаҳрҳо пойгоҳи вижаро васл карданд, ки он аҳолиро бо интернети 4G таъмин менамояд.

Ҳоло шаҳрҳои Данғара ва Роғун аз ҷумлаи шаҳрҳои рӯ ба рушд ва тезрушдкунандаи кишвари мо мебошанд.  Дар Данғара Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ), ки инфрасохтори он дар ҳоли ташаккул ва таҳаввули ҳамарӯза қарор дорад, мавҷуд аст. Зимнан, дар ин ҷо корхонаҳои зиёди саноатӣ, заводу фабрикаҳо, идораҳои мухталиф, 2 донишгоҳ, коллеҷу литсейҳо ва иншооти муҳим қомат афрохта, фаъолият доранд. Дар Роғун бошад, бунёди неругоҳи бузурги тавлиди барқ (НБО-и Роғун) босуръат идома дорад.

«Рушди бонизоми корхонаҳои иқтисодиро имрӯз бе таъмини алоқаи боэътимод, аз ҷумла технологияҳои муосир дар бахши телекомуникатсия тасаввур кардан номумкин, ҳатто ғайриимкон аст. Фанновариҳои ҷадид аз қабили M2M, Internet of things  (манзур- абзорҳои мухталифи Интернет барои иртиботу табодулу ҳамкорӣ) сифати истеҳсолотро боло бурда, дар амри татбиқи ислоҳоту тағйироти иқтисодӣ мавқеъи аввалиндараҷа доранд. Барои ҳамин ҳам, имрӯз дар Роғун ва Данғараи рӯ ба рушд зарурати роҳандозии 4G аз Tcell пеш омадааст», - мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Имконият ва дастоварди ҷадиди технологӣ имрӯз барои 25000 сокини ноҳияи Данғара ва 15000 сокини Роғун дастрас аст: онҳо метавонанд аз интернети баландсуръати 4G, ки суръаташ то 50Mbit/s истифода баранд!

Қаблан, дар моҳи сентябр Tcell шабакаи стандарти 4G-ро дар наздикии Боғи марказии шаҳри Хоруғ фаъол кард. Ин навгонии иноватсионӣ барои сокинони Хоруғ имкон фароҳам овард, ки ба барномаҳои таълимӣ, иттилоотӣ ва тафреҳии шабакаи ҷаҳонии интернет бо суръати 20 Мбит/с дастрасӣ пайдо намоянд! http://www.tcell.tj/tj/content/news/interneti-4g-tcell-gift-bomi-on/

Бар пояи рушди техникӣ ва дурнамо, ширкати Tcell тасмим дорад шабакаи 4G-ро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.    

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Darkor_tj.jpg

2057

Tcell дар Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018 соҳибкорони навроҳро дастгирӣ кард!


Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018 



Startup Weekend – ин ҳаракати ҷаҳонии соҳибкорони фаъол ва шавқманд буда, ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои дунё баргузор мешавад. Ҳадафи ин чорабинӣ муҳайё сохтани як майдони баҳс ва омӯзиши таҷриба буда, дар он ҷавонони ҳушманд дар бахшу соҳоти мухталиф тарҳҳои вижа, барномаҳои “старт-ап”-и худро муаррифӣ карда, аз соҳибкорони ҳирфаӣ кӯмакӣ техникӣ ва ё ғайритехникӣ мегиранд, баъдан бар пояи ин кӯмакҳо идеяву тарҳояшонро ба маҳсулоти ҳаётӣ ва воқеъӣ табдил медиҳанд.   

Ширкати Tcell тибқи анъана шарик (ҳамкор)-и Startup Weekend буда, шароити заруриро барои  иштирокчиён ва баррасии лоиҳаҳо фароҳам меорад. «Tcell, ҳамчун ширкати иҷтимоӣ ва ба унвони яке аз бахшҳои Бунёди Оғохон оид ба рушд (AKFED), ҳамеша аз чунини иқдомҳои навҷӯёна, хосатан дар қисмат  IT –стартап  дастгирӣ мекард ва дар оянда низ дастгирӣ хоҳад кард.   Зеро чунин оғозкориҳо мушкилоти иҷтимоиро бартараф карда, зиндагии одамонро беҳтару хубтар менамоянд. Ҳамчунин, барои мо дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани одамоне, ки барои беҳбудии муҳити иқтисодии Тоҷикистон  тавассути роҳандозии фанноварии ҷадид кӯшиш менамоянд, аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Startup Weekend Womеn Tajikistan 2018, ки чанде қабл дар Душанбе баргузор шуд, махсус ба масоили марбути соҳибкории бонувон иртибот дошт: дар шароити феълӣ ин мавзӯъ афзалияти бештареро ба худ касб мекунад, зеро дар ин авохир духтарони зиёде мавқеъи фаъоли ҳаётиро интихоб менамоянд. Омор низ бозгӯкунандаи ин аст: барои ширкат дар Weekend беш аз 100 дархост аз ҷониби бонувон пешниҳод гардида буд. Ҳамин тавр, дар даври ниҳоӣ 70 нафар аз ҷумлаи онҳо, ки синну соли мухталиф дошта аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон, инчунин аз кишварҳои хориҷӣ (Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон) буданд, ширкат карданд.

Бонувон ба старт-ап барнома ва ғояҳои зиёди шавқовари иноватсиониро оварданд, ки татбиқи онҳо дар иқтисоду истеҳсолот боиси муҳайё гардидани даҳҳо ҷои кор барои духтарону занон хоҳад шуд. Гуфтанист, аксари ин идея (барнома ва старт-ап)-ҳои пешниҳодшуда дар бахши технологияи иттилоотӣ (ИТ) буданд.

Тӯли се рӯз иштирокдорони Weekend ба баҳсу баррасии идеяҳо ва такмили стартапҳо машғул гардида, аз соҳибкорони муваффақу таҷрибадори кишвар дарси вижа гирифтанд. Зимни ҳамоиш соҳибкорони навроҳ ҳамандешони худро пайдо ва бо онҳо идеяаашонро такмил карданд, дар интиҳо беҳтаринҳои барнома аз ҷониби сарпарастон қадрдонӣ ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Дар ин стартап-барнома ашхоси муваффақ дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ- Шералӣ Ҷӯрабоев, Заррина Бобоева, Мунира Исамова, Парвина Исҳоқӣ, Фирӯза Мирзоева, Лайло Тағоева ва Езил Агаоғлу барои иштирокчиён машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ баргузор карданд.

Startup Weekend Women Tajikistan 2018 аллакай 5-умин чорабинӣ дар ин сатҳ аст, ки барои бори севвум аз тарафи Асотсатияи иноватсионӣ ва соҳибкории технологӣ (АИСТ) ва бо ҳамшарикии ширкати Tcell, Палатаи тиҷорати Амрико дар Тоҷикистон (AmCham), СҒД «Илмхона», САҲА, Mercy Corps ва дастгирии ширкатҳои ҷаҳонии Google for Entrepreneurs-у TechStars ва Eventbrite доир гардид.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

11.JPG

12.JPG

13.JPG

14.JPG

1841

Ширкати Tcell сокинони Хуҷандро ба “Рӯзи шаҳр” табрик кард!


Рӯзи шаҳр Хуҷанд!



23 сентябр дар назди театри мусиқӣ-драмавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд сокинон ва меҳмонони ин шаҳр “Рӯзи шаҳр”-ро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Ин чорабинии муштараки идона бо ибтикори мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд ва ширкати Tcell баргузор шуд. Ба хотири таҷлили шоиста аз “Рӯзи шаҳр” ширкати Тселл ба сокинон “тӯҳфа”-и олиҷаноб кард, ки он ҳунарнамоии овозхони маъруфу шинохтаи кишвар- Далер Назаров буд!

Дар ҷашни “Рӯзи шаҳр” намоишҳои мухталифи театрӣ баргузор гардида, ҳунарнамоии сарояндаҳои эстрадаи тоҷик ва устодони санъати вилояти Суғд аз ҷониби мухлисон хуш истиқбол шуданд.

Зимнан, дар ин чорабинӣ ба иштирокчиён ва сокинони шаҳр дастовардҳои бахшҳои гуногуни иқтисодии минтақа: маҳсулоти ҳунарҳои дастисохт, асбобу ускунаи корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ ва шириниҳо пешниҳоду муаррифӣ гардиданд. Ҳунармандон аз минтақаҳои мухталифи вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсулоти муосир, ҳамчунин осори таърихӣ ва антиқаро ба намоиш гузоштанд. Дар ҷараёни баргузории барнома чанд тан аз бонувони соҳибкор ва ҳунарманди шаҳр аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд бо бурсия (маблағи бебозгашт) сарфароз гардонида шуданд.

Анҷоми чорабинӣ ҳам хеле зебову хотирмон буд. Дар хотима Далер Назаров, меҳмони олиқадри шаҳр ва овозхони нотакрор барои меҳмонону сокинони шаҳр барномаи вижаи ҳунариашро пешниҳод карда, табъи онҳоро болида сохт. Миёни иштирокчиён кам касеро пайдо кардан мумкин буд, ки дар ҳавои мусиқии Далер нарақсад ва ё бо овози ӯ ҳамоҳанг нашавад.

«Мо дар рӯзи таҷлили “Рӯзи шаҳри Хуҷанд” ба ҳеч ваҷҳ бетараф буда наметавонистем. Барои ҳар шахс зодгоҳ азиз асту аҳамияти зиёд дорад: зеро дар ин ҷо мо ба дунё омадаем, таҳсил кардаем, дӯстони аввалинамонро ёфтем ва ба фатҳи қуллаи мақсуд расидаем.
Ана ҳамин тавр, шаҳри Хуҷанд барои ширкати Tcell ҷойгоҳи вижа дорад – маҳз аз ҳамин ҷо таърихи алоқаи мобилӣ оғоз мегардад. Дар аввали солҳои 2000-ум дар ин ҷо фаъолияти Tcell- аввалин оператори алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд! Мо ҳамаи Шумо- сокинони шаҳри Хуҷандро ба ин рӯз, яъне “Рӯзи шаҳр” аз самими қалб табрик мегӯем”,- иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Дар таҷлили “Рӯзи шаҳр” дар Хуҷанд беш аз 30 000 нафар ширкат карда, то дергоҳ ин чорабинии фарҳангӣ дар хотири онҳо боқӣ хоҳад монд.

«Конcерт бениҳоят хуш гузашт, ҳар як суруде, ки Далер Назаров мехонд ҳамаашро эҳсос карда, лаззат бурдем. Овози зинда бо дигар хел будаст- дия. Ширкати Tcell кори хубе кард! Раҳмат барои ташкилкунандагони чунин маҳфил, ки барои шаҳри Хуҷанди бостонӣ хизмати худро карданд,”- мегӯяд меҳмони ин ҷашнвора, Бахтиёр Раҷабов.

Гуля Атоева, як корбари шабакаи иҷтимоӣ эҳсосоти худро чунин баён кард: «Ташаккури зиёд барои чунин консерти олӣ! Дарёи эҳсосу хушнудӣ! Сипоси бепоён ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ! Мо аз ин ҷашн бо табъи болида берун шудем! Далер Назаровро хеле эҳтиром мекунам, мухлиси ашаддии ҳунари ӯ ҳастам,, хеле хурсандам, , ки дар ин консерт ширкат карда, ҳаловат бурдам!”.

Ширкати Tcell бори дигар ҳамаи сокинони шаҳри Хуҷандро ба “Рӯзи шаҳр” табрик мегӯяд.
Бигузор, ҳар як сокини ин шаҳр дар ин ҷо хурсанд, муваффақ ва комгор бошад!  

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

IMG_1111.jpg
IMG_2222.jpg
IMG_3333.jpg
IMG_4444.jpg
IMG_5555.jpg
IMG_6666.jpg

1848

Tcell “Ҷоизаи мусиқии Боб”-ро дастгирӣ карда, ба рушди истеъдодҳо дар Тоҷикистон мусоидат менамояд


 “Ҷоизаи мусиқии Боб”



Tcell “Ҷоизаи мусиқии Боб”-ро дастгирӣ карда, ба рушди истеъдодҳо дар Тоҷикистон мусоидат менамояд

«Ҷоизаи мусиқии Боб» - ин озмуни миллии оҳангу сурудҳои асил аст, ки ду сол боз дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Иҷозаи ширкат дар онро ҷавононе ноил мегарданд, ки тарона ва мусиқиро худашон эҷод карда бошанд. Tcell дар ин давра ба шарики собити озмун табдил ёфта, барои пайдо намудани истеъдодҳо ва рушду такомули санъат мусоидат мекунад.

Аз 1 май то 15 августи соли 2018 қабули дархостҳо барои ширкат дар озмун идома дошт. Ҷавонони аз 16 то 28-сола имкони супоридани дархостро тавассути сомонаи www.bobsmusicaward.tj ва пур кардани пурсишнома, инчунин ирсоли матну навори оҳанг (суруд) дар иҷрои муаллифро доштанд. Тайи ин муддат 45 дархост аз мусиқачиёни ҷавони Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ ворид гардид. Ба даври ниҳоӣ 11 нафар, ки аз ҷониби ҳакамон баргузида шуданд, роҳхат гирифтанд.

Ин 11 нафар дар наздиктарин фурсат, аниқтараш 29-сентябри соли равон, соати 17:00 дар “Гала-консерт”-и ниҳоии “Ҷоизаи мусиқии Боб”, ки қарор аст дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шавад, ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Даромадан (воридшавӣ) барои мухлисон ройгон аст, билетҳоро бепул аз ғурфаҳои филармония дастрас карда метавонед.

Ҳамаи финолистҳо суруди мусиқии муаллифиашонро, ки дар равияҳои мухталифи мусиқӣ ва бо забонҳои гуногун эҷод кардаанд, иҷро менамоянд. Қабл аз “Гала- консерт” барои онҳо дарси вижа (мастер-класс)-ҳо дар мавриди овозхонӣ ва ҳунарнамоӣ аз ҷониби ҳунармандони ҳирфаии санъати Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба ҳайати ҳакамони озмун - Ҷасур Халилов, Иқбол Завқибеков, Кирилл Кузмин, Ширинмоҳ Ниҳолова, M.One – Мастер Исмаил, Беҳруз Зеваров ва Баха 84 шомиланд.

Пас аз ҷамъбасти ҳунарнамоӣ 3 нафар ғолиби озмун муайян гардида, барои рушди ояндаи эҷодиёташон соҳиби мукофоти пулӣ мешаванд. Барандаи мақоми аввал бошад, ҳуқуқ пайдо мекунад, ки маҳсули эҷодашро дар эфири радиои “Ватан” ройгон пахш намояд, инчунин барои ӯ хидмати студияи сабти садо (оҳанг) ва дастгирии мутахассис-продюсер пешниҳод мешавад

Барои Tcell дастгирии «Ҷоизаи мусиқии Боб» - ҳамчун лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ ҷиҳати бунёд ва эъмори майдон ба ҷавонони боистеъдод, рушди санъату мусиқӣ, дастгирии имкониятҳои онҳо аз аҳамияти хоса бархӯрдор аст. Ҳадафи озмун– дастгирии мусиқачиёни ҷавон аз ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон, ки дар равияҳои мухталиф суруду оҳанг меофаранд, мебошад.

Тайи ин ҳама муддат, ки ирсоли дархостҳо идома дошт, Tcell тавассути рақами кӯтоҳи 1414 дастгирии техникиро ба роҳ монда, ба муддаиён тартиб, шарту шароит ва қоидаҳои иштирокро дар озмун мефаҳмонд. Ба ғайр аз ин, воридшавӣ ба сомонаи расмии ҷоиза барои муштариёни Tcell ройгон сурат мегирифт. Дар чаҳорчӯби дастгирии иттилоотӣ, ширкати Tcell ба аҳолӣ маълумоти заруриро тариқи шабакаҳои гуногун дар бораи ин чорабинӣ пешниҳод сохт. Дар ҳамаи марказҳои хизматрасонӣ ва эксклюзивӣ низ кормандони ширкат шахсони тавваҷҷуҳдоштаро бо қоидаву шартҳои озмун ошно мекарданд, барои пур кардани суолнома (анкета) кӯмак расониданд.

“Маркази фарҳангии Бохтар” бори дуввум аст, ки озмуни миллии сурудҳои асили “Ҷоизаи мусиқии Боб”-ро бо дастгирии Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар ҶТ, Сафорати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Сафорати Фаронса дар ҶТ, ширкати Tcell ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор менамояд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.



1930

Муштариёни муҳтарам!

Fолибони викторинаи “Билофосила” 


Ҳоло мо тасмим дорем, ғолибони викторинаи “Билофосила”-ро, ки ҳафтаи гузашта пирӯз шуда буданд, эълон намоем (рақами муштарӣ- миқдори хол (имтиёз)-ҳо):

  • ХХХХХ6333 – 626 имтиёз – 250 сомонӣ
  • ХХХХХ4020 – 474 имтиёз – 200 сомонӣ
  • ХХХХХ0900 – 403 имтиёз – 150 сомонӣ
  • ХХХХХ0996 – 400 имтиёз – 100 сомонӣ
  • ХХХХХ1203 – 363 имтиёз – 50 сомонӣ
  • ХХХХХ5000 – 359 имтиёз – 30 сомонӣ

Ба муштариёни ғолиб маблағи зарурӣ (эълоншуда) дар тавозуни телефонашон гузаронида мешавад. Табрик мекунем!
Дар Викторина ширкат намоед ва барои ҷоизаи асосӣ талош варзед! Ғолиби моҳ  рӯзи 18-уми октябри соли 2018 муайян мегардад. Муштарии ғолиб даъват ва бо маблағи 2000 сомонӣ мукофтонида мешавад.

Маълумот дар бораи даврҳои баъдӣ (Оғоз 00:00 ва анҷом 23:59:59);

Даври 2- 18.10.2018 – 18.11.2018
Даври 3- 19.11.2018 – 19.12.2018
Даври 4- 20.12.2018 – 20.01.2019
Даври 5- 21.01.2019 – 21.02.2019
Даври 6- 22.02.2019 – 22.03.2019
Даври 7- 23.03.2019 – 23.04.2019
Даври 8- 24.04.2019 – 24.05.2019
Даври 9- 25.05.2019 – 25.06.2019
Даври 10-  26.06.2019 – 26.07.2019
Даври 11- 27.07.2019 – 27.08.2019
Даври 12- 28.08.2019 – 28.09.2019


1747

Tcell нахустин иртибототи мухобиротӣ (телекомуникатсионӣ)-и “Чат-Бот” дар Telegram-ро роҳандозӣ кард.


Ширкати Tcell омӯзишу роҳандозии фанноварии ҷадиду муосирро дар бозори Тоҷикистон идома дода, барои рушду такомули ин абзорҳои технологияи иноватсионӣ  кӯшиш менамояд.



Тасмими дигар ва ё қадами нави ширкат дар ин ҷода роҳандозии иртиботи муштарӣ бо оператори мобилӣ тавассути паёмрасон (мессенҷер)-и Чат-бот дар шабакаи иҷтимоии Telegram мебошад, ки он ба шеваи худкор (автоматикӣ) хизматрасонии корбарро анҷом медиҳад! Чат-бот аллакай ба муштариёни зиёде барои дастрас кардани маълумот оиди хидматрасониҳо, тарофа ва ҳатто ҷойи кор дар ширкати Tcell иттилоъ пешниҳод кардааст.

Паёмрасон (мессенҷер)-иTelegram рӯз аз рӯз доираи бештари корбаронро фаро мегирад.    Ҳамаи ин бо шарофати каналҳои ҷолиб ва ироаи боэътимоди паёмҳо, инчунин чатбот фароҳам омадааст. Telegram-бот — барномаи вижаест, ки ба таври худкор ва фармони додашуда фаъолият мекунад: иттилоъ пешниҳод месозад, ба пайванду нишониҳои интернетӣ роҳнамойӣ мекунад ва амалҳои дигарро ба сомон мерасонад. 

Tcell Чат-бот дар асос ва пояи ҳалли мушкилот роҳандозӣ гардида, на ба таври радду бадал (мукотиба), балки бо шеваи интихоби иқдом кор мекунад. Дар менюи асосӣ барои муштарӣ чунин хидматрасониҳои ёрирасон дар шохисҳои:  «Тарифаҳо», «Хидматрасониҳо», «Манобеъ», «Интернет», «МАълумоти инфиродӣ», «Пурра кардани тавозун», «Идора (дафтар)-ҳо дар харита», «Роуминг», «Аксияҳо», «Барномаҳои мобилӣ», «Мағоза» ва «Ҷойи кор» ҷо дода шудаанд.  

Ҳангоми интихоби намуди хидматрасонӣ, ки ба муштарӣ зарур аст, Чат-бот куллияи маълумоти даркориро дар ин бахш дар даричаи гуфтугӯ пешниҳод месозад ва ҳама фармонҳоро амалӣ менамояд: пайваст/хомӯш кардани тарофа, опсия ва ё хизматрасонӣ, фармони тафтиши тавозун ва ё боқимондаи мегабайтҳои интернет. Дар сурати зарурӣ, Чат-бот сомонаи расмии ширкатро бо маълумоти бештар боз менамояд ва ё нишониро барои боргирии барномаҳои «Мой Tcell» и «Чи Гап» дар App Store ва Google Play ба муштарӣ медиҳад.

Аснои боз намудани «Идораҳо дар харита», бот макони будубоши шуморо муайян карда, суроғаи наздиктарин маркази хидматрасонии ширкати Tcell-ро ирсол менамояд.

Истифодаи Tcell Чат-бот ҳамчунон содда аст, тавре ки бо дӯстатон мукотиба менамоед: бот дар давоми чанд сония кулли маълумоти заруриро бароятон медиҳад.  

«Мо медонем, ки муштарӣ на ҳама вақт метавонад аз сомона истифода барад ва ё ба хадамоти ёрирасон (дастгирӣ) муроҷиат кунад, ин дар ҳолест, ки аксари корбарону муштариён ба паёмрасонҳои Viber, Telegram ва ғайра дастрасӣ доранд. Дар ҳама ҳолат: дар хона, ҷойи кор, аснои сайругашт муштарӣ метавонад вақти зиёдашро дар ҷустуҷӯи шабакаи Интернет сарф накарда,  тавассути Тcell Чат-бот маълумоти заруриро ба даст биёрад. Бовар дорем, ки Чат-бот воқеъан кори муштариёни моро осонтар хоҳад кард”,- мегӯяд Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати    Tcell.  

Барои кор бо чат-боти Tcell ба нишонии https://t.me/tcellchat_bot ва ё ҷустуҷӯи паёмрасони Telegram муроҷиат карда, истилоҳи @tcellchat_bot –ро нависед.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1819

Tcell викторинаи «Билофосила»-ро пешниҳод менамояд!

Муштариёни муҳтарам!
Мехоҳед дониши худро тақвият бидиҳед ва ҳамзамон соҳиби мукофоти пулӣ гардед?   Tcell викторинаи «Билофосила»-ро пешниҳод менамояд!  

Барои ғолиб шудан зарур аст, ки ҳамарӯза ба 10 саволи шавқовар ҷавоб диҳед. Барои ҷавобҳои дуруст ҳар ҳафта ба тавозуни шумо мукофоти пулӣ гузаронида мешавад! Для выигрыша нужно ежедневно отвечать на 10 интересных вопросов. За правильные ответы, на ваш баланс будет зачислен еженедельный денежный приз!
  • Ҷои 1 - 250 сомонӣ;
  • Ҷои 2 - 200 сомонӣ;
  • Ҷои 3 -150 сомонӣ;
  • Ҷои 4 - 100 сомонӣ;
  • Ҷои 5 - 50 сомонӣ;
  • Ҷои 6 - 30 сомонӣ.
Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст дар охири моҳ бозигари беҳтарин соҳиби 2000 сомонӣ мешавад!

Барои пайваст кардани Викторина фармони *600# - ро пахш намоед. Арзиши иштирок дар як рӯз ҳамагӣ 0,6 сомонӣ аст.  

Маълумоти умумӣ:
Фаъолсозии USSD *600#. Баъди фаъолсозӣ барои оғози бозӣ фармони *600# -ро пахш кунед.
Хомӯш карлани USSD *600*0#.
Арзиш:   0,6 сомонӣ дар як шабонарӯз.
Муфассал дар бораи хизматрасонӣ: *600*11#.
Маълумот дар мавриди холҳо: *600*9#.
Дархости суолҳои иловагӣ: *600*10#

Диққат! Муштарии мӯҳтарам, агар шумо хизматрасониро хомӯш намоед (бо *600*0#), ҳамаи холҳои ба даст овардашуда бекор карда мешаванд.

Шарҳи бозӣ:
  • Баъди аввалин муроҷиат ва сабти хидматрасонӣ муштарӣ SMS-паёмак оид ба викторина ва маълумот дар бораи онро дарёфт мекунад.
  • Барои имтиёзҳо муштариро зарур аст, ки ҳамарӯза ба 10 савол ҷавоб диҳад;
  • Барои дарёфти суолҳо муштарӣ бояд фармони *600# -ро иҷро кунад;
  • Барои посух гуфтан ба ҳар савол ба муштарӣ 20 сония муҳлат дода мешавад, агар тайи ин муддат ба савол ҷавоб дода натавонад, ҷавоб нодуруст ҳисобида шуда, сесия қатъ мегардад. Барои аз сари нав гирифтани суолҳо фармони *600#-ро пахш кардан зарур мешавад.
  • Барои ҳар як ҷавоби дуруст ба муштарӣ 1 имтиёз ва барои ҷавоби нодурст- 0 имтиёз пешбинӣ шудааст.
  • Баъди ҷавоб додан ба 10 суол, сесияи USSD идома ёфта, ба муштарӣ пешниҳод мешавад, ки бозиро идома бидиҳад. Агар муштарӣ тугмачаи «1-Ҳа»-ро пахш кунад, аз тавозун (суратҳисоб)-и ӯ барои ширкат дар викторина маблағ ситонида шуда, бозӣ идома меёбад (ба таври силсилавӣ боз 10 савол ва ироаи посух ба онҳо), агар муштарӣ тугмаи “2-Не”-ро пахш кунад, сесия қатъ мегардад.
  • Ҳамин тавр, баъди посух ба суоли охирин (10-ум), муштарӣ паёмак (СМС) дар бораи имтиёзҳои гирифтааш дарёфт мекунад.
  • Шумораи саволҳо дар сурати дархости иловагӣ бо 10 пурсиш маҳдуд мегарданд.
  • Теъдоди дархости иловагӣ маҳдуд намешавад.
  • Ҳар ҳафта, дар нимаи аввали рӯз ғолибони ҳафтаи гузашта муайян мешаванд: муштарие, ки аз ҳама бештар имтиёз (хол) ба даст оварда, аз ҳама камтар барои ироаи посух вақт сарф кардааст, ҷои муайянро гирифта, соҳиби мукофот мешавад.
  • Мукофоти ҳармоҳа дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ба он муштарӣ дода мешавад, ки аз ҳама бештар хол ба даст оварда, аз ҳама камтар (дар қиёс ба дигар иштирокчиён) дар як моҳ вақт сарф кардааст.
  • Ба ғолибон паёмаки иттилоотӣ ирсол мегардад. Давоми 2 рӯзи корӣ ба суратҳисоби шахсии ғолибон маблағи мукофот ворид мешавад.
  • Аз рӯи ҷамъбасти моҳона ба ғолиб маблағи мукофот бо пули нақд супорида мешавад.

Маълумот дар бораи даврҳои баъдӣ (Оғоз 00:00 ва анҷом 23:59:59);

Даври 2- 18.10.2018 – 18.11.2018
Даври 3- 19.11.2018 – 19.12.2018
Даври 4- 20.12.2018 – 20.01.2019
Даври 5- 21.01.2019 – 21.02.2019
Даври 6- 22.02.2019 – 22.03.2019
Даври 7- 23.03.2019 – 23.04.2019
Даври 8- 24.04.2019 – 24.05.2019
Даври 9- 25.05.2019 – 25.06.2019
Даври 10-  26.06.2019 – 26.07.2019
Даври 11- 27.07.2019 – 27.08.2019
Даври 12- 28.08.2019 – 28.09.2019

1954

Интернети 4G- Tcell дар Боми ҷаҳон

Tcell нахустин шуда сокинони Хоруғро бо интернети 4G таъмин кард.




Ширкати Tcell дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) беҳтар менамояд. Мутахассисони ширкат дар наздикии Боғи марказии шаҳри Хоруғ истгоҳи наверо насб карданд, ки дастрасии сокинони шаҳрро ба интернети тезсуръати то 20 Мбит/с фароҳам хоҳад сохт.

Шаҳри Хоруғ маркази маъмурии ВМКБ буда, сатҳи дониш дар он бо вуҷуди дурияш аз пойтахти кишвар фарқкунанда аст. Дар Хоруғ се муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият доранд, ки ҳамасола садҳо нафар бо тахассусҳои гуногун онҳоро хатм мекунанд. Дар шаҳр марказҳои бузурги тиҷорӣ, коргоҳ, тарабхона ва меҳмонсаройҳо хеле зиёданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар чунин шаҳр ҳамеша талабот ба иртиботи устувору боэътимод ва замонавӣ хеле зиёд аст.

Ширкати Tcell бо вуҷуди мушкил будани интиқоли техникаҳо ба минтақаҳои баланди куҳӣ, талош дорад, то сокинони минтақаро бо имкониятҳои нави технологӣ таъмин созад. Бештари сокинони ВМКБ муштариёни бовафои Tcell буда, тайи даҳсолаҳо аз он истифода мекунанд ва бинобар ин, бояд сетро беҳтару устувортар кард. Истгоҳи нави меъёри 4G маркази шаҳри Хоруғ - Боғи марказӣ, коргоҳҳо, марказҳои тиҷорӣ, таваққуфгоҳҳо, тетар, додгоҳ, бинои РКД шаҳрӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳоро фаро мегирад, ки бештари инҳо муштариёни корпаративии ширкатанд.

Интернети 4G имкон медиҳад, ки муштариён дилхоҳ матлаби худро роҳат ва зуд боргирӣ карда, навору видеоҳои хостаашонро бе ягон мушкил гӯш ва тамошо кунанд.

"Ҷаҳони имрӯз дар ҳаракат буда, ҳар сония дигар мешавад. Муносибати мо бо телефонҳои мобилӣ низ тағйир хоҳад ёфт. Имрӯз мо сокинони Хоруғро бо дараҷаи чаҳоруми алоқа ё худ иртибот таъмин мекунем, ки бовар дорем, рушди иқтисодиву доираҳои кории шаҳрро дар оянда хоҳад тезонд ва тавонмандии сайёҳии минтақаро боз ҳам беҳтар хоҳад кард", - мегӯяд мудири кулли Озодхон Давлатшоев.

Истгоҳи нав дастрасии шабака (сет)-ро барои муштариён, бахусус истифодабарандагони смартфон ва интернет беҳтар хоҳад кард. Акнун сокинон ва меҳмонони Хоруғ метавонанд, бо боварии комил аз иртиботи дараҷаи чаҳорум ба воситаи ширкати Tcell истифода бурда, чаҳони дигареро барои худ кашф кунанд. Ин навоварӣ имкон медиҳад, ки сокинони Хоруғ ба манобеи омӯзишиву иттилоотӣ ва тафреҳии шабакаи ҷаҳонӣ дастрасии хуб дошта бошанд.

Нақшаҳои Tcell барои рушди сет дар минтақа дар инҷо хотима намеёбанд. Ширкат тасмим дорад, рӯзҳои наздик тамоми шаҳри Хоруғ ва марказҳои навоҳии ВМКБ-ро бо интернети 4G таъмин созад.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

2062


Страницы: Пред. 1 ... 36 37 38 39 40 ... 63 След.