Хабарҳо

Тагйиротхо ба арзиши нарххои баъзе самтхои байналмиллали.


Ширкати Tcell ба маълумоти муштариён мерасонад, ки аз 27.03.2019с. ба арзиши нарххои баъзе самтхои байналмиллали тагйиротхо ворид карда мешаванд. Маълумоти муфассалтар оиди тагйротхои нав 27.03.2019с. дар сомонаи ширкат пешниҳод карда мешаванд.
1532

Эълон 17.03.2019

Муштариёни муҳтарам!

Ҷихати иҷрои фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҶТ аз 4 марти соли 2019, № 31 «Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ», аз 27 марти соли 2019 арзиши хизматрасонии алоқаи мобилӣ, аз ҷумла нархи Интернет тағйир хоҳад ёфт.

Дар мавриди мушаххасоти тағйиротҳо дар тарофаҳои нақшавӣ иловатан маълумот хоҳем дод.

Ҳуҷҷату мушаххасоти бештарро дар пайванди зер пайдо ва тафтиш карда метавонед:

https://cloud.mail.ru/public/HMB8/qoLzDJPHw

Ташаккур барои дарки Шумо

1401

TEDx барои аввалин бор дар Хоруғ бо Tcell!


Дар шаҳри Хоруғ, дар бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) барои нахустин бор нишасти сатҳи байналмилалӣ – TEDx, ки аз сӯи донишҷӯёни ин донишгоҳ ташкил шуда буд, баргузор гардид! Ширкати Tcell сарпарасии кулли чорабинии TEDxUCA-ро ба зимма дошт ва барои сухангӯёну ширкатдорони маҳфили мазкур шароити мусоидеро ҷиҳати ибрози андеша пешниҳод сохт.

Мавзӯи баррасишаванда дар TEDxUCA дар шаҳри Хоруғ «Encounters at the Edge» («Бархӯрд дар канор») интихоб шуда буд. Барои рушду пешрафти як шахсияти алоҳида ва ҳам барои комёбии ҷомеъа дар маҷмӯъ зарур аст, ки ҳамвора бо атроф дар набард буд, мубориза бурд ва чизи наверо кашф кард. Панҷ сухангӯ (спикер), ки ҳар кадоме бахши алоҳидаи иноватсияву технологияро намояндагӣ карда, ҳар яке таҷрибаи вижаи худро доштанд, дар ин маҳфил суханронӣ карданд. Онҳо нақл карданд, ки чӣ тавр як одам дар нуқтаи сарнавиштсоз ва марҳилаи ниҳоӣ бояд амал кунад ва дунёро ба чашми дигар бубинад.

Озодхон Давлатшоев, менеҷер бо таҷрибаи ғанӣ дар бахши молия, тиҷорат, мудирияти банақшагирӣ ва идоракунӣ аснои таваккал (риск) дар мавзӯи «Edgy Technology» («Технологияҳои пурранг») суханронӣ кард. Дар баромади худ ӯ қайд кард, ки аудиторияи дунёи фанноварӣ (технология) бо чӣ тарз воқеъияти атрофро дигаргун месозад: дар ояндаи наздик рақобат миёни мардум (одамон) ва ақли сунъӣ ба ҳақиқат табдил хоҳад ёфт. Озодхон ҳамчунин гуфт ва андешаеро исбот кард, ки ҳар як одам ҷузъе аз ҷаҳони бузург аст ва фикри инфиродӣ метавонад андешаи глобалиро шакл бидиҳад. Дар робита ба ин, хеле муҳим аст, ки ҳангоми иртиботот масъулият дошта бошед ва манобеъи интернетро бо дурустӣ истифода кунед.   

Зимнан, дар TEDxUCA дигар сухангӯён аз қабили: Далер Ҷумаев (мудири кулли ширкати «Помир Энерҷи») дар мавзӯи «Қуллаҳои ношинос», Саҳар Иброҳим (мутахассис дар умури равобити Хадамоти Оғохон оид ба маориф– AKES) дар мавзӯи «Орзуҳои барномарезинашуда», Ҳади Хусайнӣ (сарвари Оҷонсии Оғохон Хабитат– АКАН) дар мавзӯи «Аз камбизоатӣ ба шукуфоӣ» ва Фурӯғ Шакармамадова (мутахассис оид ба равобит ва ҷомеъаи Pamir Eco-Cultural Tourism Association – PECTA) дар мавзӯи «Кӯҳҳои имконият» баромад карданд.

Тибқи меъёри расмии TED, ҳар як баромад (суханронӣ) набояд аз 18 дақиқа бештар бошад ва он аз лексия дида ба як саҳнаи монанд ба спектакл шабеҳ аст. Аснои суханронӣ, баромадкунандагон бо эҳсоси ба худ хос дар бораи он ки чӣ онҳоро барои пешрафту дастёбӣ ба комёбиҳо ташвиқ кард, кушоду равшан иброз доштанд. 

TED – бунёди ғайритиҷоратӣ буда, ҳадафи асосии он паҳн кардани идеяҳои мунҳасир ба фард (“Ideas worth spreading”) мебошад. TED — ин Технология (Technology), Саргармӣ (Entertainment) ва Дизайн (Design), се бахши бузургу муҳим мебошанд, ки ба гуфти бунёдгузоронаш, муайян хоҳанд кард, ки оянда чӣ гуна бояд бошад.

Ҳамоиши ҳарсолаи TED беҳтарин спикер (сухангӯён)-ро, ки касбу кори гуногун- адибу сиёсатшинос, навоварон, ҷомеашиносу иқтисодчӣ, бозоршиносу тоҷиронро гирди ҳам оварда, онҳо тавассути пахши ройгон дар шабакаи ҷаҳонии интернет аудиторияи бузургу миллионнафараро аз навгониҳо огаҳ месозанд. Дар баргузории ҳамоишу нишастҳои TED фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ширкатҳои мухталиф, шахсиятҳои шинохта нақши муассир доранд.   

Тамошои наворҳои TED тавассути сомонаи расмии https://www.ted.com/ дар Youtube, инчунин Facebook http://www.facebook.com/TED имконпазир аст.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG
1388

Интернети дастрас дар роуминг дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон, Кыргызстане и Афғонистон


Tcell дар бораи коҳиши бесобиқаи нархи Интернет дар роуминг барои хизматрасониҳои “Ҳақиқӣ” («Реальный») ва “Сабук” («Легкий») эълон медорад: арзиши 1 Мб ҳамагӣ 50 дирамро ташкил медиҳад!

Барои пайвастшавӣ ба хизматрасонии Ҳақиқӣ” («Реальный») фармони 601*1# ва барои фаъолсозии “Сабук” («Легкий») роуминг 607*1# -ро анҷом диҳед.    

Tcell – боз ҳам муфидтар аз ҳар вақти дигар!

1376

Tcell шабакаи марказҳои хизматрасониро дар Хатлон афзоиш медиҳад


Дар вилояти Хатлон боз ду маркази хизматрасонии муштариёни Tcell дари худро ба рӯи сокинон боз кард. Барои ҳар як муштарӣ иртиботи қавӣ ва боэътимод бо ширкат зарур аст, маҳз ана ҳамин аз маркази хизматрасонӣ оғоз меёбад. Идораҳои нав ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дар ноҳияҳои Ҳамадонию Фархор ифтитоҳ гардида, муштариёнро аллакай қабул намуданд.

Марказҳои хизматрасонии ширкати Tcell дар маркази ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ ҷойгир шудаанд. Ҳамин тавр, гирифтани машварати мутахассисон, пайваст шудан бо тарофаи дилхоҳи интернет ва соири дигар хизматрасониҳо барои муштариён қулайтару осонтар шуд. Вобаста ба ҷои ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонӣ онҳо барои муштариён манфиатоваранд.

Дар марказҳои хизматрасонии Tcell операторони соҳибтаҷриба, ки давраи бозомӯзиро пушти сар намудаанд, фаъолияти муассир доранд. Муштариён дар ин ҷо ҳама гуна машварату хизматрасонӣ: пур кардани тавозуни телефон, пайваст шудан бо интернет, харидани симкорт, насби замимаву барномаҳоро аз қабили Чӣ Гап анҷом дода метавонад.

Марказҳои эксклюзивӣ ва ҷадиди ширкати Tcell-ро дар вилояти Хатлон бо суроғаҳои зерин пайдо кардан мумкин аст:

  • Ноҳияи Ҳамадонӣ, кӯчаи Саъдии Шерозӣ
  • Ноҳияи Фархор, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ

Мутобиқи стратегияи рушди Tcell талаботи ҳар як муштарӣ дар авлавият қарор дорад. Маҳз аз ин зовия, ширкати Tcell мунтазам шабакаҳои хизматрасониашро тавсеа бахшида, дар ҳоли ҳозир дар ҳама шаҳру навоҳии бузурги кишвар марказҳои замонавӣ дари худро боз кардаанд. Аз дидори якояки Шумо дар марказҳои хизматрасониамон шодем! 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

IMG_20190216_141839.jpg

IMG_20190216_142606.jpg
1459

Интернети Бемаҳдуд ва Ҳақиқӣ аз Tcell – дар телефонҳои ҳушманди шумо!

Ширкати Tcell дар бораи роҳандозии опсияи нав- “Интернети Бемаҳдуд” эълон менамояд. Ҳамакнун, муштариёни тарофаҳои нақшавии  Даркор 99, 159 ва 199 метавонанд аз ҳамаи имкониятҳои “Интернети Бемаҳдуд” бемаҳдудият истифода баранд! Опсия трафики бемаҳдудеро ҳангоми ҷустуҷӯи иттилои даркорӣ, таҳсилу кор  ва албатта аснои муоширати беохир бароятон пешниҳод месозад!

Барои ширкати  Tcell дар авлавияти фаъолият- ниёзу хоҳишҳои муштариёнаш қарор дорад. Яке аз дархостҳои асосӣ ва талаботи муштариён дар нисбати оператор роҳандозии интернети мобилии бемаҳдуд (бе трафик) мебошад. Вобаста ба майлу хоҳиши муштариён, ширкати Tcell опсияи нав- “Интернети Бемаҳдуд”-ро  роҳандозӣ кард.

Опсия барои истифодабарандагони тарофаҳои Даркор 99, 159 ва 199 дастрас аст. «Интернети Бемаҳдуд»-ро тавассути фармони *290*8# пайваст кардан мумкин аст. Пас аз тамомшавии бастаи асосии трафик, муштариён имкони яти истифода аз Интернети баландсифат бо суръати 256 кб/с-ро доранд!

Бо опсияи «Интернети Бемаҳдуд» шуморо зарур намеояд, ки бақияи трафикатонро санҷед ва ё онро доимо таҳти назорат дошта бошед. Трафики бемаҳдуд ба шумо имкон медиҳад, ки 24 соат дар шабонарӯз (ба таври доимӣ) дар иртибот бошед ва аз ҳамаи зарфиятҳои шабакаи ҷаҳонии Интернет истифода баред.

Арзиши пайвастшавӣ- 20 сомонӣ аст. Опсияро ҳангоми фаъол будани тарофаҳои нақшавии Даркор 99, 159 ва 199 пайваст кардан мумкин аст.

Маълумоти муфассалро дар мавриди “Интернети Бемаҳдуд”, мутобиқати он бо тарофаҳои истифодабаранда ва опсияҳои муштарӣ бо воситаи тамос ба рақами кӯтоҳи 290, ё аз сомонаи расмии ширкат: www.tcell.tj дарёфт карда метавонед.    

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Darkor.png

1661

Бо Tcell дар IT Мактаби Бозаргонӣ ширкат намуда ғолиб шавед ва сармоя бигиред!

Tcell ҳамчун ширкати телекомуникатсионӣ дар баргузории нахустин ҳамоиши омодасозии бонувони тоҷир (бизнес-инкубатор) шарик шуда, ин чорабиниро дастгирӣ менамояд. BITS (Business IT School) – ин IT Мактаби Бозаргонӣ буда, иштирокчиён аз беҳтарин мураббиён дарси маҳорат мегиранд, тарҳҳои тиҷории худро пешниҳод менамоянд ва беҳтарини онҳо имкони дарёфти маблағгузориро ба лоиҳаҳои аввалияашон дарёфт менамоянд.

Қабули дархостҳо барои ширкат дар Мактаби BITS то 8 март идома хоҳад ёфт. Муаллифони 20 тарҳи беҳтарин барои таълим дар Мактаб пазируфта мешаванд. Шитобед, то дер намонед! Қабули дархостҳо бо нишонии: https://bit.ly/2IDHr49 давом дорад.

Ҳадафи асосии IT Мактаб (BITS) – баланд бардоштани зарфияти бонувону духтарон дар рушди соҳибкорӣ аст. Барнома-ҳамоиши  таълимӣ дар Мактаб 10 рӯзро фаро гирифта, тайи ин муддат иштирокчиён аз дарсҳои беҳтарин мураббиёну мушовирон баҳравар мегарданд, ҳамзамон питчинг (муаррифии тарҳу андешаҳо)-и онҳо сурат мепазирад. Дар Мактаб устодоне амсоли Шералӣ Ҷӯрабоев, Баҳриддин Наҷмудинов, Заррина Бобоева, Фаррух Султонов, Фирӯза Мирзоева, Мирзоиброҳим Умаров, Эзел Агаоғлу ба иштирокчиён дарс хоҳанд гуфт. Зимнан, Кети Пиртсхалава, директори бахши маркетинг ва коммуникатсияи Tcell низ дар ҳамоиш ширкат карда, аз таҷрибааш дар ин росто нақл мекунад.

Муаррифии ниҳоӣ дар назди 10 сармоягузор (сарпараст) имконияти дарёфти сармояро барои татбиқи лоиҳаи Шумо фароҳам меорад!   

Меъёри интихоби дархост барои ширкат дар ҳамоиш:

1.      Лоиҳа бояд мундариҷаи навоварона, роҳҳали муосири технологӣ ва IT-ро доро бошад.
2.      Ба тарҳҳое, ки аз ҷониби духтарону бонувон ирсол мегарданд, афзалият дода мешавад (иштироки мардон низ маҳдуд намегардад, натиҷа аз сатҳу сифати дархостҳо вобаста аст).
3.      Лоиҳаҳое, ки муҳтавояшон Smart house, Smart City, Smart Environment (Хонаи ҳушманд, Шаҳри ҳушманд ва Муҳити ҳушманд) мебошанд, бартарият доранд.

Мавзӯи нахустин Мактаби BITS дар Тоҷикистон – «Smart City – Smart Environment» («Шаҳри ҳушманд – Муҳити ҳушманд) мебошад. 

«Шаҳри ҳушманд» - Ин консепсияи ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ва Интернет-ашёҳо (роҳҳалҳои IoT) барои идоракунии моликияти шаҳр мебошад. Мақсади бунёд (ташаккул)-и  "Шаҳри ҳушманд" ин содда кардани идоракунии равандҳои дохилии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ тавассути технология мебошад. "Шаҳри ҳушманд" бояд дастрасӣ ба муҳити тоза, амнияти комили шаҳрвандон, имкони истифода аз манобеи энергетикиро фароҳам оварда, ҳаёти осоиштаву ҳамарӯзаи сокинонро таъмин намояд.   

«Дар ҳоли ҳозир, рушди ҷомеа бевосита бо роҳҳалҳои технологияи инноватсионӣ вобаста мебошад. Фанновариҳои ҷадид, ба монанди M2M, Интернет-ашёҳо (ёдрасӣ: Интернет-ашёҳо - эҷоди шабакаи объектҳои физикӣ ("предметҳо"), ки бо технологияи муҷаҳҳаз бо якдигар ё бо муҳити беруна) ба осонӣ, ё ба таври худкор бисёр равандҳо ва суръати баланди Интернет дар ин технологияҳо сифати истеҳсолотро баланд мебардоранд. Tcell ҳамчун ширкати технологӣ ҳамеша тарҳҳоеро, ки метавонанд ба рушди соҳибкории технологӣ таъсири мусбат расонида, зиндагии мардуми оддиро беҳтар созанд, дастгирӣ менамояд»,- мегӯяд Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Лоиҳа бо кӯмаки ширкатҳои Tcell, ҶММ «Сифат Иннотех Инвест», Сафорати ИМА дар ҶТ, “Гӯшаҳои амрикоӣ дар Душанбе”, БРСМ, СҒҲ "Маркази рушди сайёҳӣ", Coca Cola, SITI ва ENT амалӣ мешавад.

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

banner_BITS.png
1507

Шоу-намоиши технологӣ «T-tech 2019»


«T-tech 2019»



Технологияҳои иттилоотӣ ба зиндагии мо ҷиддан ворид гардида, онро боз ҳам шавқовару рангинтар кардаанд! Агар мехоҳед бо фанновариҳои муосир робита дошта бошед, пас ба ин ҷо биёед- намоишгоҳи Ти Тек, ки ширкати Тсеll муштаракан бо маркази савдои “Душанбе Мол” Ашан Сити созмон додааст. Дар ин ҷо, шумо бо замима (барнома)-ҳои нави мобилӣ, навгониҳои технологӣ ва роҳҳалҳои пешрафта дар бахши электроника маълумот пайдо мекунед. Шиносоии шумо бо ҷаҳони технологӣ бо ин ҳама анҷом намеёбад, ҳамчунин дар намоишгоҳ шуморо ҳунарнамоии ситораҳои эстрад ва ғизои болаззат интизор аст. Шоу-барномаи Ти Тек рӯзҳои 23 ва 24-уми март дар таваққуфгоҳи бози маркази савдои “Душанбе Мол” баргузор мешавад! Биёед, аз назари технологӣ хеле ҷолиб хоҳад буд! 

Tteck_site_TJ-01[1].jpeg


1573

Tcell ва Лигаи футболи Тоҷикистон қуръакашии тақвими қаҳрамонии Тоҷикистон-2019 –ро баргузор намуданд.


28 феврал дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» қуръакашии бозиҳои тақвимӣ миёни дастаҳои лигаи футболи Тоҷикистон барои мавсими соли 2019 сурат пазируфт. Маврид ба ёдоварист, имсол яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии кишвар-    Tcell сарпарастии аслии Лигаи футболи Тоҷикистонро ба зимма дорад.


Дастгирии як чунин тарҳҳои варзишӣ ва ҷавонон барои ширкати Tcell аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст, маҳз ҳангоми наврасӣ ва ҷавонӣ миёни ҷавонон бояд тарзи ҳаёти солим ва рушди ояндаи онҳо ташвиқу тарғиб гардад. Бо дастгирии чунин лоиҳаҳо, Tcell саҳми худро дар солимии миллат ба гунаи зарурӣ мегузорад.

Яке аз бузургтарин чорабиниҳои варзишии соли 2019 баргузории қаҳрамонии футболи ҶТ бо дастгирии ширкати Tcell маҳсуб меёбад. Бозиҳои аввалини чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол рӯзҳои 6-7 апрел доир хоҳад шуд.

Дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ, ки имсол барои бори 28-ум доир мегардад,   ҳашт даста ширкат меварзад. Инҳо дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), ССКА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), инчунин «Истаравшан» (Истаравшан) мебошад. Мусобиқоти мамлакат дар се давр бургузор гардида, ҳар як даста 21 вохӯрӣ мегузаронад.

Маросими қуръакашӣ дар фазои идона ва бо иштироки меҳмонони зиёд баргузор шуд. Церемония жеребьевки прошла в праздничной атмосфере с участием многочисленных гостей. Бо тафовут аз солҳои дигар, имсол ба қуръакашӣ бозигарони дар гузашта маъруфи дастаи миллии кишвар оид ба футбол – Сӯҳроб Ҳамидов, Тоҳирҷон Мӯъминов, Шӯҳрат Ҷабборов ва Баҳодур Сӯфиев даъват шуда буданд.

Нахуст қуръакашии ду давр ва баъдан қуръапрартоии даври ҳалкунанда доир гардида, рақибон маълум шуданд. 

Аснои қуръакашии ду даври аввал, бозигарони собиқи дастаи миллии футбол- Сӯҳроб Ҳомидов ва Тоҳирҷон Мӯъминов барои муайян кардани рақамҳои тартибии дастаҳои рақобаткунанда қуръаҳоро берун карданд.  Мутобиқи қуръакашӣ, дар рӯзҳои 6-7 апрели дар даври аввали чемпионат дастаҳои зерин бо ҳам рақобат менамоянд: 

  • «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»
  • «Кӯктош» – ССКА «Помир»
  • «Панҷшер» – «Истаравшан»
  • «Хуҷанд» – «Хатлон»

Баъд аз анҷоми қуръакашии тақвимӣ, ду собиқадори футболи Тоҷикистон- Шӯхрат Ҷабборов ва Баҳодур Сӯфиев барои муайян кардани нахустин бозиҳои даври ниҳоӣ (сеюм)-и мусобиқот даъват шуданд. Ҳамин тавр, дар марҳилаи сеюм (ҳалкунанда)-и қаҳрамонии футбол бозиҳои аввалин миёни дастаҳои:  

  • «Истиқлол» – «Хатлон»
  • «Истаравшан» – ССКА «Помир»
  • «Кӯктош» – «Хуҷанд»
  • «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

Мувофиқи низомнома, дастае, ки мақоми охиринро дар ҷадвали қаҳрамонии футбол касб менамояд, лигаи олиро тарк мекунад. Инчунин, дастае, ки дар поёни мавсим ҷойи ҳафтумро дар лигаи олии футбол ишғол менамояд, бо ҷоизадори нуқрагии лигаи аввал сабқат барои боқӣ мондан дар лигаро анҷом медиҳанд. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG
1490

Tcell ба донишҷӯёни ДДҲБСТ дастрасии озод ба манобеъи омӯзиширо тақдим кард


Ширкати Tcell дар чорабинии «Рӯзи дарҳои боз» дар Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон ширкат кард. Tcell довталабонеро, ки аснои супоридани тестҳои санҷишии пешакӣ натиҷаи беҳтар нишон доданд, табрик намуда, ҳамчунин ҳадяашро барои донишҷӯёни донишгоҳ эълон дошт. Аз моҳи марти соли 2019 барои ҳамаи донишҷӯён дастрасӣ ба портали дохилии таълимӣ комилан ройгон хоҳад буд! 

Дастгирии бахши маориф (омӯзиш ва парвариш) – яке аз ҳадафҳои стратегии ширкати Тcell маҳсуб мегардад. Tcell маъракаҳои марбут ба омӯзишро зиёд баргузор намуда, ҳамчунин чорабинӣ ва тарҳҳои маорифу парваришро дастгирӣ менамояд. Маросими имрӯза дар ДДҲБСТ низ аз ҳамин раванд аст. Tcell кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки саводу донишҳои Интернетиро миёни насли наврасу ҷавонон баланд бардорад, тарзи дурусти истифода аз ин шабакаи ҷаҳонӣ, имкониятҳои рушду худшиносиро бо воситаи зарфиятҳои ҷадиди технологӣ боло бардорад.

Портал (сайт)-и Донишгоҳи давлатии  бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон дорои манбаи дохилӣ аст, ки ҳар як донишҷӯ тавассути логин имкони ворид шуданро дорад. Дар сомона (портал) донишҷӯён ба иттилои муҳим аз ҳаёти донишгоҳ: мақолаву интишороти илмӣ, ҷадвали машғулиятҳо, рейтинги донишҷӯён, рӯзномаи пешрафт ва навгониҳои ин мактаби олӣ шинос мешаванд. Ҳамчунин, дар ин ҷо бо тестҳо барои омодагӣ ба имтиҳону санҷишҳо ошноӣ пайдо кардан ва истифода аз почтаи электронии шахсӣ мумкин аст. 

Моҳи марти соли равон Tcell барои донишҷӯёне, ки муштарии ширкат мебошанд, дастрасии ройгонро ба ин портали таълимӣ-омӯзишӣ ба роҳ мемонад. Ҳамин тавр, манобеъи таълимӣ-омӯзишӣ боз ҳам дастрастар гардида, имконоти донишомӯзии донишҷӯён беҳтар хоҳад шуд.     

Tcell дар бораи дастрасии ройгони портали мазкур барои донишҷӯёни  донишгоҳ дар “Рӯзи дарҳои боз”, ки ҳамасола аз ҷониби ДДҲБСТ баргузор мегардад, эълон дошт. Имсол, дар ин рӯз беш аз 800 довталаб- хатмкунандагони макотиби миёна аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Исфара, Бӯстон, Б.Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, ки оянда дар ин ҷо таҳсилро идома доданианд, дидан карданд.   

Довталабон бо дастовардҳои донишҷӯён аз факултаҳои гуногуни донишгоҳ шинос гардида, ҳамчунин бо ректори донишгоҳ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, раёсати маорифи вилоят мулоқот карданд. Зимнан, довталабон дар озмуни вижа, ки барои санҷиши дониши онҳо таҳия шуда буд, иштирок карда, ба суолҳои омодакардаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон посух доданд. Беҳтарин довталабон- онҳое, ки вақти тестсупорӣ натиҷаи хуб нишон доданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва ширкати Tcel бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.


1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.JPG

5.jpg

6.jpg

1511


Страницы: Пред. 1 ... 31 32 33 34 35 ... 63 След.