Tcell ба 4G пойтахт суръат мебахшад!

Дар шабакаҳои мобилии пойтахти Тоҷикистон ҳамеша сарборӣ (вазнинӣ) аст: дар ин ҷо теъдоди зиёди корбарони диҷитол (рақамӣ) кору фаъолият мебаранд, ки аз интернети баландсуръат ва иртибот истифода менамоянд. Талаботи муштариёнро ба назар гирифта, тайи як моҳи ахир ширкати Tcell дар шаҳри Душанбе 12 пойгоҳи ҷадиди стандарти 4G насб кард. Бар пояи навсозӣ ва насби пойгоҳҳои ҷадид зарфияту тавоноии шабака афзоиш ёфт.


 Интернети баландсуръат аз шабакаи 4G аз Tcell интернетро то ҳадди имкон бароҳат ва қулай месозад. Барои истифодаи имкониятҳои шабака Tcell нақшаҳои тарофавии «Даркор»-ро, ки бастаҳои калони трафики Интернетро барои корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонӣ дар бар мегирад ва барои муоширати номаҳдуд имкониятҳо фароҳам меорад, пешниҳод менамояд! 

Tcell дар саросари Тоҷикистон шабакаашро тавсеа дода, имкониятҳои нави фанновариҳоро фароҳакм меорад. 

Тcell, ки пешоҳанги пешниҳоди тасмимҳои инноватсионӣ ба аҳолии Тоҷикистон мебошад, шабакаро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ рушд ва тақвият мебахшад. Дар ҳоли ҳозир Tcell дар Тоҷикистон дорои бузургтарин шабакаи фарогири стандарти 4G мебошад.

Tcell - бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
2189

Бозгашт ба рӯйхат