Тағйиротҳо дар тарофаҳои «Салом+»

Муштариёни муҳтарам!
Аз 16 июни соли 2025, дар сурати кофӣ набудани маблағ барои пардохти муштарипулии тарофаҳои «Салом+», хизматрасонии «Алоқа+» ба таври худкор (автоматӣ) фаъол хоҳад шуд. Хизматрасонӣ пас аз пардохти тарофа хомӯш карда мешавад.
«Алоқа+» чӣ аст?
«Алоқа+» – ин хизматрасонии худкор (автоматӣ) мебошад, ки ҳангоми кофӣ набудани маблағ дар тавозун барои ситонидани пардохти муштарипулӣ тибқи нақшаи тарофавӣ, фаъол мешавад. Бо ёрии он, Шумо ҳатто дар ҳолати кофӣ набудани маблағ барои пардохти тарофа, метавонед истифодаи алоқаро идома диҳед.
Арзиш – ҳамагӣ 1 сомонӣ дар як рӯз. Ба хизматрасонӣ дохил мешаванд:
• Зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака;
• 50 Мб интернет дар як рӯз, пас аз он, трафик мувофиқи шартҳои тарофаи ҷорӣ пардохт карда мешаванд;
• Зангҳо ба шабакаҳои мобилии дигар ва SMS – мувофиқи шартҳои тарофаи ҷорӣ алоҳида пардохт карда мешаванд.
Чӣ гуна кор мекунад?
• Хизматрасонӣ ба таври худкор рӯзи оянда пас аз анҷоми давраи пардохтшуда, фаъол мешавад, агар дар тавозун бештар аз 1 сомонӣ бошад, вале барои пардохти пурраи тарофа маблағ кофӣ набошад. Агар дар тавозун камтар аз 1 сомонӣ бошад, хизматрасонӣ фаъол намегардад.
• Агар шумо тавозунро пур кунед, лекин маблағ ҳанӯз барои пардохти пурраи муштарипулӣ кофӣ набошад, аммо бештар аз 1 сомонӣ бошад, хизматрасонӣ фаъол хоҳад шуд.
• Ҳамаи бастаҳои асосӣ ва иловагӣ мувофиқи тарофа барои истифода дастнорас мебошанд. Дар давоми амали «Алоқа+» фақат дастрас мебошанд: зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 Мб интернет, инчунин тарофабандии зангҳо ва SMS мувофиқи шартҳои нақшаи тарофавии шумо.