Амният21.5.2026
ОГОҲӢ: Навъи нави фиребгарӣ!
навъи хатарноки фиребгарӣ

Дӯстони азиз, мо мехоҳем шуморо аз як навъи хатарноки фиребгарӣ огоҳ созем.
Айни замон фиребгарон аз рақамҳои оддии телефон паёмҳо мефиристанд, ки дар онҳо истинод ба сайти сохтакорона вуҷуд дорад — мисли сайти расмии БДА Тоҷикистон. Дар сайт оинаи пардохти ҷарима мавҷуд буда, ҳангоми ворид кардани маълумоти корт тамоми маблағ аз ҳисоб ситонида мешавад.
Агар чунин паём гирифтед:
— Ба истинод нагузаред
— Маълумоти корти бонкии худро ворид накунед.
— Паёмро нодида гиред ва нест кунед.
Ҷаримаҳоро танҳо тавассути сайтҳои расмии давлатӣ ва барномаҳои эътимоднок пардохт кунед. Бехатар бошед ва ин огоҳиро ба наздикони худ расонед!