Тағйирот дар «Нигоҳдори» ва терминатсия

Муштариёни мӯҳтарам! Аз 1 августи соли 2025 навигарӣ дар қоидаҳои пешниҳоди хизматрасонии «Нигоҳдории рақам» эътибор пайдо намуда, шартҳои терминатсияи рақамҳо (қатъ кардан) низ тағйир меёбанд.
Хизматрасонии «Нигоҳдории рақам»
• Арзиш: 0,20 сомонӣ дар як шабонарӯз
• Дастрасӣ: хизматрасонӣ дар ҳамаи нақшаҳои тарофавии тиҷоратӣ дастрас мешавад
• Фаъолсозӣ: ба таври автоматӣ сурат мегирад, агар дар давоми 90 рӯз ягон амали фаъол (масалан: ҳисобидани пардохти муштаригӣ, истифодаи трафики пулакӣ ё мавҷудияти хизматрасонии фаъол «Нигоҳдории рақам») сабт нашуда бошад
Терминатсияи рақам (қатъ кардан)
Рақами муштарӣ дар ҳолатҳои зерин хомуш карда мешавад:
• Аз рузи ҳисобида шудани охирин пардохти муштаригӣ 180 руз гузашта бошад
• Ё аз лаҳзаи охирин пардохт аз рӯи хизматрасонии «Нигоҳдории рақам» 90 рӯз гузашта бошад
• Агар аз лаҳзаи пардохти охирини хизматрасонии «Нигоҳдории рақам» зиёда аз 180 рӯз гузашта бошад, рақам баъд аз 30 рӯз ба таври автоматӣ қатъ карда мешавад.
• Муштариёни мақомашон «басташуда» баъд аз 90 рӯзи гирифтани чунин мақом ба таври автоматӣ
қатъ карда мешаванд