ЧӣГап — ҳамеша бо наздикон
logo_circleЗеркашӣ кунед
Тағйирот29.12.2025

Тағйирот дар барномаи вафодории «Баракат»

аз 7 январи соли 2026
Тағйирот дар барномаи вафодории «Баракат»

Муштариёни муҳтарам! Аз 7 январи соли 2026 дар барномаи вафодории «Баракат» тағйиротҳо мавриди амал қарор мегиранд.


Тағйиротҳо ба бахшҳои зерини барнома дахл доранд:


«Тӯҳфаҳо барои фаъолият»

Барои пардохти саривақтии муштарипулӣ ба муштарӣ интернет-трафики бонусӣ дода мешавад. Ҳаҷми бонус вобаста ба пайдарпайии пардохтҳо зиёд шуда, метавонад то 50 % аз интернет-трафики тарофаро ташкил диҳад; муҳлати амали интернет-трафики бонусӣ 10 рӯз мебошад. Барнома барои тарофаҳо бо муштарипулии аз 130 сомонӣ ва болотар дастрас буда, танҳо барои шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст.


«Мегабайтҳоро тақсим намо»

Муштарӣ метавонад интернет-трафики боқимондаи худро ба дӯстону наздикон интиқол диҳад. Хизматрасонӣ дар барномаи MyTcell, дар бахши «Баракат» дастрас буда, интиқол бо чанд клик анҷом дода мешавад. Муҳлати амали интернети интиқолшуда 10 рӯз аст; барои тарофаҳо бо муштарипулии аз 130 сомонӣ ва болотар як интиқоли ройгон дар як моҳ пешбинӣ шудааст.


«Табдилдиҳандаи Трафик»

Бо «Конвертори трафик» муштарӣ метавонад дақиқаҳо, мегабайтҳо ва SMS-ҳоро вобаста ба эҳтиёҷ иваз намояд. Хизматрасонӣ дар барномаи MyTcell, дар бахши «Баракат» дастрас буда, ивазкунӣ зуд ва шаффоф анҷом дода мешавад. Арзиши ҳар як ивазкунӣ 2 сомонӣ аст, вале барои тарофаҳо бо муштарипулии аз 130 сомонӣ ва болотар як ивазкунии ройгон бо муҳлати амал 30 рӯз пешбинӣ шудааст.


«Ташаккур, ки бо мо ҳастед»

Муштариёне, ки зиёда аз 12 моҳ аз хизматрасониҳои Tcell истифода мебаранд, бонус мегиранд: 1000 МБ интернет бо муҳлати амал 10 рӯз, ё барои тарофаи «+Бемаҳдуд» — 50 дақиқа барои зангҳо дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳлати амал 10 рӯз. Маълумот дар бораи бонусҳо дар барномаи MyTcell дастрас аст.

 

Маълумоти муфассал оид ба шартҳои нав дар бахшҳои дахлдори барномаи «Баракат» ҷойгир карда мешавад.

 

Аз ҳамкорӣ ва эътимоди Шумо ба ширкати Tcell сипосгузорем. Мо пайваста хизматрасониҳоро рушд медиҳем ва такмил медиҳем, то онҳо барои Шумо боз ҳам қулайтар ва муфидтар гарданд.

Бештар

Тағйирот

Тағйирот дар нақшаи тарофавии «Саломати»

19.3.2026

Тағйирот

Дубора фаъол кардани «Салом+ 70»

10.3.2026

Маълумот

Speedtest Award by Ookla

04.3.2026