Эҳтиёт шавед, қаллобон!

Қаллобии мобилӣ 

Бо телефони мобилӣ дар вақтҳои охир касеро ба ҳайрат даровардан душвор аст. Муштариёни зиёд аз ду ё се СИМ-корт барои интернети мобилӣ ва зангҳо фаъолона истифода мебаранд, рақамҳои гуногун барои кор ва сӯҳбатҳои шахсӣ харидорӣ менамоянд. Технологияҳои муосир имрӯз ҳам ба наврасон ва ҳам ба калонсолон дастрасанд. Лекин бо инкишофи технологияҳо намудҳои қаллобӣ низ таҳаввул меёбанд. Қурбони қаллобон ҳар як шахс шуда метавонад, чунки онҳо навъҳои махсуси таъсири психологиро истифода мебаранд. Соҳиби СИМ-корт барои рақами худ, барои амалҳо бо истифода аз сим-корт масъулиятдор аст. Мо баҳри Шумо намунаҳои маъмултарини қаллобиро ҷамъ намудем. Умедворем, ки ин маълумот барои аён намудани фиреб ва муҳофизати Шумо ва наздиконатон лозим хоҳад буд.


printer.png

Чопи саҳифа