Интернет
Маълумот

WAP/GPRS

"Tcell" барои муштариён хизматрасонии Интернети мобилиро дастрас менамояд. Акнун, агар Интернет лозим ояд, он доимо дастрас аст. Ба туфайли хизматрасонии Интернети мобилӣ Шумо тобеи хату сим нестед - ноутбук ва телефони мобилии ба шабакаи "Tcell" пайвастшуда ба шумо имкон медиҳанд, ки дар ҳама ҷо ва доимо кор кунед ва дар алоқа бо дӯстонатон бошед.

GPRS (General Packet Radio Service) – технологияи ирсоли маҷмавии маълумотҳо мебошад, ки барои қабул ва интиқоли маълумотҳо тариқи телефони мобилӣ дар суръатҳои нисбат ба роҳҳои муқаррарии овозӣ GSM (9,6Кбит/с) баландтар имконият медиҳад. Миқдори тахминӣ дар GPRS 171,2 Кбит/с ташкил медиҳад. 

Барои аз хизматрасонии GPRS истифода бурдан, муштарии "Tcell" аввалан бояд онро пайваст намояд ва ҷӯр кунад. Баъд SMS-и холиро ба рақами 0510 ирсол намудан лозим аст. Баъд аз чанд дақиқа ба телефони мобилии шумо харбарҳои хизматӣ мерасанд, ки онҳоро бояд сабт кард ва ҷорӣ намуд.

Инчунин телефонро ба таври дастӣ ҷӯр намудан мумкин аст.
GPRS-ро пайваст намуда, шумо метавонед:

Барои истифодабарӣ аз хизматрасонӣ мӯътакид шавед, ки телефони мобилиатон GPRS-ро қабул карда тавонад (дастурамали телефонро нигоҳ кунед). Дар системаи ҷӯркунӣ нуқтаи дастрасӣ (APN): tcell навиштан лозим аст

МАЪЛУМОТҲО БАРОИ ҶӮРКУНИИ WAP Насли WAP-браузер   Насли WAP-браузер 2.0
Нуқтаи дастрасӣ (APN) wap wap
Шлюз (WAP Gateway) 69.69.69.70 69.69.69.70
Порт (Port) 9201 3128
Сервери хабарҳо нест нест

ИНТЕРНЕТИ МОБИЛӢ

Хизматрасонии Интернети Мобилӣ барои дастрасӣ ба Интернет аз телефони мобилиатон имконият медиҳад. Шарти зарурии дастрасӣ – мавҷуд будани хизматрасонии Интиқоли маълумотҳо ва таҷҳизотҳои муносиб барои пайвастшавии телефони мобилӣ бо компютер. Барои дастрасӣ ба Интернет шумо бояд ҷӯркунии муайянро дар компютератон гузаронед.

Барои ҷӯркунии дастрасии дуршуда ба Windows 95 инро кардан лозим аст:

Компютери шумо ба пайвастшавӣ тайёр аст. Барои пайвастшавӣ ба Интернет дар токчаи Дастрасии дуршуда пиктограммаи "Tcell"-ро интихоб кунед, дар ҳошияи Номи истифодабаранда ба майли худ номро бо ҳарфҳои лотинӣ нависед. Ҳошияи Пароль бояд холӣ истад. Рақами телефоне, ки бо он пайвастшавӣ ба Интернет баргузор мегардад, санҷед ва тугмачаи Ташкили алоқаро зер кунед.

Ҳангоми пайдо шудани мушкилӣ дар мавриди васлкунӣ ҷӯркунии Дастрасии дуршударо санҷед:

*Эзоҳ

Барои истифодабарии хизматрасонии WAP/GPRS/MMS дар телефонҳои ғайриқонунӣ ё телефонҳое, ки хусусиятҳои муқаррариашон вайрон карда шудаанд (масалан, T-Mobile ё Vodafone), кафолат дода намешавад.
Ҳангоми истифодабарии GPRS муштарӣ фақат нархи ҳаҷми умумии қабул ва интиқоли маълумотҳоро пардохт менамояд. Барои вақти пайвастшавӣ падохт ситонида намешавад.
Пайвастшавӣ ба хизматрасонии «GPRS» дастрасӣ ба манбаҳои GPRS-Интернет, GPRS-WAP, ва инчунин мубодилаи MMS-хабарҳоро имконият медиҳад. Иловакунӣ ва бекор намудани хизматрасонии «GPRS» ройгон аст.


printer.png

Чопи саҳифа