Видео-занг
Ҳамсуҳбататонро на фақат шунидан, балки дидан низ мехоҳед?
Бо пайвандону наздикон аввалин табассуми тифлатонро намоиш додан мехоҳед?
Дар фурӯшгоҳ молро интихоб карда наметавонеду ба маслиҳат ниёз доред?
Мехоҳед аз масофаи дур иншоотро ба ҳамкори тиҷоратиатон нишон диҳед?
Дар ҳамаи ин ҳолат занги видеоӣ муфиду зарур аст!
- Хизматрасонии мазкур ба куллияи муштариёни Tcell ба таври пешфарз ва ройгон пайваст шудааст.
-
Хизматрасонӣ ба ҳамаи муштариёни Tcell, ки дар минтақаи фаъолияти шабакаи 3G ва телефони дорои стандарти UMTS (3G) мебошанд дастрас мебошад. Бояд аз ҳар ду ҷониб муштариён чунин стандарту шабакаи зикршударо дошта бошанд.
-
Занги видеоиро ба операторони алоқаи мобилии дар қаламрави ҶТ фаъолиятдошта (Tcell, MегаФон, Babilon-M, Билайн) анҷом додан мумкин аст.
-
Арзиши занги видеоӣ мутобиқ ба шартҳои нақшавии зангҳои баромад нархгузорӣ мешавад.
-
Хизматрасонии мазкур дар роуминг ва самти байналмилалӣ дастрас намебошад.
Чопи саҳифа