Ширкати Tcell варзишгарони тоҷикро ҷиҳати иштирок дар 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона дастгирӣ кард

29 январ дар шаҳри Алмато маросими ифтитоҳи  28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона баргузор шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар Универсиада се варзишгар муаррифӣ мекунанд, ки дар намуди варзиши лижаронии куҳӣ қуваозмоӣ хоҳанд кард.   Tcell барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки иборат аз се варзишгар ва се мураббӣ аст, иртиботи ройгон бо Ватан ва либосҳои варзишӣ фароҳам кард.

Универсиада – ин мусобиқаи байналмиллалӣ миёни донишҷӯён аст, ки ҳар ду сол дар бахши варзиши зимистона ва тобистона баргузор мешавад. Мусобиқаи варзишие, ки рузи якшанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд то 8 феврал идома хоҳад кард. Шарики расмии Универсиада ширкати ҳамтои Tcell дар Қазоқистон -  Kcell мебошад.

Дар сабқати зимистона 2 ҳазор варзишгар аз 55 кишвар, аз синни 17 то 28 сола иштирок мекунанд.  Дар чаҳорчуби 28-умин Универсиадаи ҷаҳонии зимистона аз руи 12 намуди варзишӣ мусобиқаҳо баргузор мешаванд: биатлон, лижаронии куҳӣ, керлинг, конкисавории босуръат, лижаронии скандинавии омехта, мусобиқаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз баландӣ, сноуборд, рақси руи ях, фристайл, хоккей ва шорт-трек.

Ҳарсе варзишгаре, ки Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд аз рӯи варзиши лижаронии куҳӣ, ки аз 4-ум то 7-уми феврал баргузор мешавад, қуваозмоӣ хоҳанд кард. Пеш аз сафари варзишгарон ба мусобиқа дирекори генералии Tcell, Миндаугас Убартас бо онҳо мулоқот карда, ҷиҳати иштирок шодбош гуфт ва барояшон пирузӣ таманно кард. Барои дастаи мунтахабамон либосҳои варзишӣ ва сим-корт барои иртиботи ройгон бо Ватан тақдим карда шуд.  

Дар кори ҳамаруза ширкати Tcell, ба унвони як ширкати пешрафта дар бозори телекоммуникатсия, барои тавсияи шабака кушиш ба харҷ дода, тахнологияҳои навинро роҳандозӣ мекунад ва сатҳи хизматрасониро барои фароҳам овардани шароити хуб ба мизоҷон баланд мебардорад. Tcell, ҳамчун як ширкати масъулиятшиносу иҷтимоӣ барномаҳои варзиширо дастгирӣ карда тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекунад. 

16178569_1234926689877307_9211706529383221973_o.jpg

16251690_1234926693210640_3988256266171437306_o.jpg



2735

Бозгашт ба рӯйхат