Пур кардани ҳисоб дар Русия!
Акнун муштариёни русиягии «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва «Tele2» метавонанд, ҳисоби наздикон ва дӯстони худ – муштариёни Tcell Тоҷикистонро бо як ангуштзанӣ, осон ва оддӣ пурра намоянд.
То 15 000 рублро аз ҳисоби рақамҳои русиягии худ муштариёни «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва ё «Tele2» метавонанд ҳар вақт, шабонарўзӣ, новобаста ба маҳалли қарор доштанашон интикол намоянд. Барои ин, ба саҳифаи низоми пардохтии «МОБИ.Деньги» ворид шудан ё ин, ки SMS-паёмро бо ишораи маблағи пардохт ба рақами 3116 ирсол намудан кофӣ аст.
Барои пардохт кардани хизматрасониӽои алоқаи мобилии Tcell Тоҷикистон, муштариёни «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва ё «Tele2» метавонанд, ба воситаи SMS-паём аз телефони мобилии худ тавозунро пурра намоянд:
а. Ирсоли SMS ба рақами кутоӽи 3116 бо матни (намуна):
- 99292ХХХХХХХ 100
- 99293ХХХХХХХ 100
- 99250ХХХХХХХ 100
- 99277ХХХХХХХ 100
ин ҷо: XXXXXXX - рақами барои пурра кардани ҳисоб;
100 - маблағ бо рублӽои русӣ. Маблағи интиқол бо рубли русӣ нишон дода мешавад, хамчун адади бутун, бе фосила ё нуқтаву вергул, то 15000 рубли русӣ нишон дода мешавад.
б. Гирифтани SMS-паём аз Оператор бо маълумоти оид ба ӽисобида шудани маблағ ва хоӽиши тасдиқ намудани розигӣ барои пардохт.
в. Ирсол намудани SMS-паёми ҷавобии тасдиқкунанадаи пардохт.
г. Гирифтани SMS-паёми ҷавобӣ бо зикри хизматрасонии пардохтшуда ва маблағи ӽисобидашуда.
Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «МТС»
Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «Мегафон»
Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «Билайн»
Шартҳои пешниӽоди хизматрасониӽои «Tele2»
Таваҷҷӯӽ:
Маблағӽо ба ӽисоби асосии Tcell Тоҷикистон гузаронида мешавад. Табдили асъор бо қурби муайянкардаи Бонки Марказии Федератсияи Русия дар лаҳзаи интиқол сурат мегирад. Ҳангоми табдил 3,5% аз ҳаҷми маблағи интиқол ситонида мешавад. Ҳангоми гузаронидани маблағҳои пулӣ аз телефонӽои мобилии «МТС», «Мегафон», «Билайн» ва ё «Tele2» ба рақами телефони Tcell Тоҷикситон комиссия бо тартиби зерин ӽисобида хоӽад шуд:
МТС – 3%
Мегафон – 6%
Билайн – 6%
Tele2 – 7%
Пардохти комиссионӣ иловатан аз рақам ӽисобида мешавад, масалан: Агар Шумо рақами муштарии Tcell Тоҷикистонро аз рақамҳои «Мегафон» ба маблағи 100 рубли русӣ пурра намоед, пас дар SMS-паёми тасдиқкунанда дархост барои ӽисобидашудани 106 рубл мерасад.
Пурра намудани хисоби муштариени Tcell дар толорхои «Евросеть». Пардохт дар кассаи толор, аз тарафи кассир кабул гардида фоизи хизматрасони ба 0,5% баробар аст.