Азнавбақайдгирии сим-кортҳо.

Муштарии муҳтарам! 

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди тартиб ва талаботи пайвайстшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои ба онҳо вобаста» аз 30 апрели соли 2016 таҳти рақами №207-7, ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Тселл) азнавбақайдгирии сим-кортҳои  муштариёни  худро ба таври РОЙГОН ба роҳ мондааст. Аз Шумо хоҳиш карда мешавад, ки бо шиносномаи шаҳрвандии худ (корти идентификасионӣ) ба Маркази хизматрасонии наздиктарини Тселл ташриф оваред. Азнавбақайдгирии сим-кортҳои барои интернет истифодашаванда низ ҳатмист. Муҳлати азнавбақайдгирӣ то охири моҳи июли соли 2017 муқаррар када шудааст. Огаҳинома барои муштариён зина ба зина ирсол карда мешавад. Дар ҳолати раванди азнавбақайдгириро  нагузаштани муштарӣ, ширкат маҷбур мешавад, ки сим-кортро муҳосира намояд. 


2733

Бозгашт ба рӯйхат