Аввалин шоми расмии «PechaKucha» дар Tcell баргузор гардид

«PechaKucha» - харакати байналмиллалии инсонхои эчодкор аст, ки дар муддати кутох такдими (презентация) худро бо таври аник ба чомеа шинос менамоянд. Душанбе низ яке аз он 968 шахрхое, ки «PechaKucha» доир мегардид ба кайд гирифта шуд. Аввалин шоми «PechKucha» дар идораи расмии ширкати Tcell баргузор гардид ва ба иштирокчиен имкон фарохам овард то дар мухити дустона ва эчодкор бо якдигар сухбат намуда, бо фикру акидахои хеш хозиринро шинос намоянд.

Маънои асосии PechaKucha, ки аслан аз забони чопони гирифта шудааст –  «лак-лаки бехуда» - ро дар назар дорад. Ин чорабини, аввалин шуда дар Чопон соли 2003 доир гардид ва хадафи асосияш чамъи меъморон ва лоихакашони чавон буд, ки бо ин тавр худро муаррифи менамуданд. Дар муддати кутох чорабинии мазкур дар байни чахониен маъмул гашт ва хозир дар 968 шахрхои олам баргузор мегардад.

Максади аслии Pechakucha – дар такдими 20 сахифаги, ки такдими хар сахифа 20 сонияро дар бар мегирад, дар бораи эчодиет, фикру акидахои худ накл намудан аст. Ба такдимгар хамаги 6 дакикаву 40 сония дода мешавад ва у бояд дар ин муддати кутох (20х20) иштирокчиенро бо фикри худ ошно созад. Дар мачмуъ ин гуна такдим диккати хозиринро нигох медорад ва шавку рагбати онхо нисбати лоиха зиед мегардонад.

Гайри коидаи 20х20, ягон махдудият вучуд надорад. Сарогоз такдимот бояд мавзуи эчодиетро дар бар мегирифт. Дар замони хозир ин махдудият аз байн рафт ва  шунавандагон на танхо ба эчодиет, балки ба фикру акида ва шавкмандии такдимкунанда низ рагбат пайдо намуданд. Нафари такдимкунанда метавонад дар бораи сафархои худ, эхсосхои хеш мавриди филм, китоб е тадкикотхояш накл намояд.

Ширкати Tcell ташаббускори гузаронидани шоми PechaKucha дар Душанбе гашт. Ташкилкунандагон ва кормандони  ширкат хохиш доштанд, то тарики ин чорабини ба чавонони лаекатманд ва эчодкор имконият фарохам оваранд, ки онхо бо лоихахои шавковар иштирокчиенро шинос намоянд.

Дар аввалин шоми PechaKucha 7 нафар суханрони намуданд: Азиз Темуров – дар мавриди лоихаи «Китобхонаи зинда», Ситора Юсуфбекова хисоби худро дар бораи шумораи Точикистониене, ки имкон доранд ба космос сафар намоян, ибрози акида намуданд. Мунаавара Рахмонова шавкмандии хешро оиди варзиш баен намуд. Ахрор Косимов дар мавзуи аксбардори ва нигох доштани гигабайтхои он дар захирахои муайян накл кард. Heli Nykanen, диккати иштирокчиенро ба ахамияти кори ихтиери чалб намуд. Искандар Мирзоганиев мавриди «Эчодкори бо бучети ночиз», Фаррух Сафарзода бошад ба хозирин расмхои графикии худро намоиш дода, аз лоихакаш ба рассом табдил шуданашро мавриди барраси карор дод. Шом бо сухбатхо дар бораи кор, лоихахо ва шавкмандихо давом дод, ва хар як тавонист дар мухити дустона ба шунавандагон хитоб намояд.

PechaKucha-и оянда, баъд аз чанд мох боз дар Душанбе доир хохад гашт. Хохишмандон метавонанд тарики сахифаи расмии ширкати Tcell дар Facebook (https://www.facebook.com/tcell.tj) мавриди иштирок, хохишмандии худро баен намоянд. Тарики сомонаи www.pechakucha.org. бошад, имкони тамошои лоихахои шавковартарин имкон пайдо мекунед.

Tcell – боз хам наздиктар!

16179530_1239004339469542_8147887432126836676_o.jpg

16402463_1239004506136192_801741009244874514_o.jpg

16403062_1239004552802854_1836272066539669719_o.jpg

16422307_1239004759469500_7124917937032272429_o.jpg



2853

Бозгашт ба рӯйхат