Хабарҳо

ШАРТҲОИ НАВИ ГУЗАРОНИДАНИ МУЗОЯДА


1. Муқарраротҳои умумӣ


1.1. Музояда бо усули англисӣ баргузор мегардад ва шахсе, ки нархи баландтарро пешниҳод кардааст бурдкарда ҳисобида мешавад.
1.2. Иштирок кардан дар музояда ва тамошои рақамҳо ройгон аст.
1.3. Ширкат ҳуқуқ дорад, ки қоидаҳои гузаронидани музоядаро бо огоҳонидани ҳатмии иштирокчиёни музояда бо роҳи ҷойгиронии иттилооти мувофиқ дар сомонаи расмӣ www.tcell.tj, тағӣир диҳад.

 
2. Тартиби гузаронидани музояда:
2.1. Нархи ибтидоии рақам ва ставкаи навбати аз тарафи ширкат муқаррар карда мешавад.
2.2. Ҳади ақалли ставкаи гузоштаи муштарӣ барои рақами интихобшуда зиёда аз 10% (даҳ) аз ставкаи муқарраршуда, ташкил медиҳад.
2.3. Вақти бозгашт пас аз гузоштани ставка 5 соат.
2.4. Барои иштирок намудани дар музоядаи ҳар як рақам пардохти кафолатӣ ба миқдори 5 сомонӣ муқаррар гардидааст.
2.5. Миқдори ставкаҳо бе маҳдуд мебашанд.


3. Иштирок намудан:
3.1. Барои иштирок кардан дар музояда ва ба даст овардани рақами муайян, муштарӣ бояд тавассути хусусияти ҷудошуда «Иштирок намудан», ки дар қисми поёни ҳар як рақам қарор дорад, худро ба қайд гузорад ва ставкаи пешниҳодшударо барои рақами муайян, тасдиқ намояд.
3.2. Барои иштирок кардан дар музоядаи рақами муайян, лозим меояд пардохти кафолатӣ ба миқдори 5 сомонӣ пардохт шавад. Ҳангоми бурд накардани ставкаи гузошташуда пардохти кафолатӣ баргардонида мешавад.
3.3. Дар ҳолате, ки ставкаи гузошташудаи муштарӣ бурдшуда ҳисоб мегардад ва муштарӣ дар муддати 72 (ҳафтоду ду) соат барои пайвасткунии рақам (бо риояи қоидаҳои муқарраргардидаи пайвастшавӣ симкорт ба шабака) муроҷиат накунад, маблағи пардохти кафолатӣ баргардонида намешавад.
3.4. Ҳангоми бурди муштарӣ маблағи пардохти кафолатӣ (5 сомонӣ) ҳамчун пардохти қисми ҳаққи рақам ҳисобида мешавад.
3.5. Баъди аз тарафи мизоҷ муқаррар намудани ставка, бозгашти вақти ҳисоб аз соати 05:00:00 оғоз мегардад ва дар давоми ҳамин вақт агар барои рақами ба музояда гузошташуда ставкаҳои дигар пешниҳод нашаванд, он шахсе, ки ставкаи баландтарро пешниҳод кардааст, имкони гирифтани рақамро пайдо мекунад.
3.6. Агар як муштарӣ ставкаро муқаррар намуда бошад ва то нагузаштани вақти муқарраршуда дигар муштарӣ ставкаи баландатарро пешниҳод намояд, дар ин маврид вақти ҳисоб бекор карда мешавад ва аз лаҳзаи муқаррар шудани ставкаи нав, бозгашти вақти ҳисоб аз 05:00:00 оғоз мегардад.
3.7. Ба муштарие, ки аз рӯи ҷамъбаст ставкаи баландтаринро ба рақами муайян гузоштааст, имконият дода мешавад, ки дар муддати 72 (ҳафтоду ду) соат бо шиносномаи эътибордоштааш ба нуқтаҳои фурӯши расмии ширкат барои ба даст овардан ва пайвасткунии рақам, муроҷиат намояд.
3.8. Маълумот оиди бурди рақам ва ставкаҳои нав тариқи СМС паёмак ба рақамҳои дар музояда бақайдгирифташуда равон мегарданд.
3.9. Ҳангоми дар муҳлати муайяншуда муштарии бурднамуда ба марказҳои хизматрасонии расмии ширкати Tcell барои пайвасткунии рақами бурд шуда муроҷиат накунад, дар ин маврид рақам аз нав ба музояда гузошта мешавад.
3.10. Барои дар музояда иштирок намудани муштариёни дигар ширкатҳои мобилӣ, лозим меояд тариқи терминалҳои Qiwi, банди Дигарҳо – “Tcell Аукцион номеров” пардохти кафолатиро пардохт намоянд.

4. Гирифтани рақам
4.1. Муштарӣ ғолиб ҳисобида мешавад, танҳо пас аз муроҷиати ӯ ба нуқтаҳои фурӯши расмии ширкати Tcell ва пайваст намудани рақам.
4.2. Ҷараёни барасмиятдарории рақам аз руи музояда, тибқи қоидаҳои пайвасткунӣ ба шабакаи электронӣ, мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №207-7 аз 30.04.2016 сол ва тағйиру иловаҳо ба он аз 09.02.2019 сол №64, анҷом дода мешавад.
4.3. Маблағи ставкаи гузошташудаи муштарӣ, танҳо барои дараҷаи рақам гирифта мешавад, барои пайвастшавӣ, интихоби тарофа ва дигар хизматрасониҳо аз ҳисоби муштарӣ пардохти иловагӣ лозим меояд.
4.4. Бо шартномаи оммавӣ оиди хизматрасониҳои ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон” метавонед тариқи саҳифаи расмии ширкат шинос шавед www.tcell.tj.

1732

Тағйиротҳо дар нақшаи тарофавии «4G Белимит 2016»


Муштариёни муҳтарам! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 07.10.19 дар нақшаи тарофавии «4G Белимит 2016» тағйиротҳо ворид карда мешаванд.
Дар ҷадвали зерин шартҳои нави тарофа нишон дода шудааст:

Самти занг
Нархномаи ҷорӣ
Нархномаи нав
Зангҳои содиротӣ дар дохили шабака
0,07 сомонӣ
0,12 сомонӣ
Зангҳои содиротӣ ба самти дигар операторони мобилӣ, рақамҳои шаҳрӣ дар дохили ҶТ ва нақшаҳои тарофавии «Next»
0,15 сомонӣ
0,25 сомонӣ
1384

Дар моҳи август боз 5 ҷомадони бунафшранги ба ғолибони иқдоми роуминг Tcell тақдим карда мешаванд!


Инак, феҳрасти панҷ ғолиби иқдоми “Ҷомадони бунафш” дар моҳи август, ки тавассути генератори шумораҳои тасодуфӣ муайян гардиданд, пешниҳод менамоем.


Бозии «Ҷомадонҳои бунафш» ҳар моҳ миёни онҳое баргузор мегардад, ки аз роуминги “Воқеӣ” ва “Осон”  Тсеll истифода бурда, тайи як моҳи тақвимӣ барои иртиботи телефонӣ ва роуминг 100 сомонӣ сарф менамоянд. 
Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як сюрприз- имконияти бурди роҳхати сайёҳӣ ба яке аз кишварҳои афсонавӣ интизор аст!  

Тафсилоти бештар дар бораи роуминги ““Воқеӣ” ва “Осон”  -ро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед: https://bit.ly/31MptSz

1401

Ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои фаврӣ, ки опсияҳои бемаҳдуди «+» доранд, пайваст шавед!


Опсияҳои ҷадид ва бемаҳдуди «+»-ро пайваст карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо номаҳдуд муошират намоед!



Унвон  Нарх
Тарофаҳо
Паёмрасонҳо
Шабакаҳои иҷтимоӣ
Пайвастшавӣ
«Опсияи бемаҳдуди+10» (фақат матн)
10 сомонӣ
Даркор 19, 35, 59, 99, 159, 199
Viber, WhatsApp, WeChat, IMO
- *444*10#
«Опсияи бемаҳдуди +20» (матн + расона)
20 сомонӣ
Даркор 35, 59, 99, 159, 199
Viber, WhatsApp, WeChat, IMO, Telegram
- *444*20#
«Опсияи бемаҳдуди +30» (мӯҳтавои кулл)
30 сомонӣ
Даркор 99, 159,199
Viber, WhatsApp, WeChat, IMO, Telegram, Facebook Messenger
Instagram, Facebook, VKontakte, Odnoklassniki, Twitter
*444*30#

Нархҳо бо назардошти ҳама намуди андозҳо ва аксиз нишон дода шудаанд. Таваҷҷуҳ! Ҳангоми паҳнкунии WIFI Интернет тавассути смартфонҳо ва роутерҳо, трафик аз бастаи асосии Интернет ё аз ҳисоби тарофаи Интернет сарф карда мешавад. Аснои истифодаи VPN (ё дигар қулфшиканҳо), трафик аз бастаи асосии Интернет ё аз ҳисоб (арзиш)-и тарофаи Интернет сарф карда мешавад.Ҳангоми пахш кардани навори мустақим (онлайн) тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ё паёмрасонҳо, трафик аз бастаи асосии Интернет ё аз ҳисоби тарофаи Интернет ҳисобида мешавад.Трафики ройгон дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба захираҳои дохилии ин сомонаҳо паҳн мешавад.Паёмҳои матнӣ, смайликҳо, стикерҳо, зангҳои савтӣ/видеоӣ ва файлҳо.

Untitled-1.jpg

2233

Тобистон ба охир мерасад, аммо мо хурсанд кардани корбарони худро бо сюрпризҳои ғайриоддӣ идома медиҳем!


Аз 23 август то 20 сентябри соли 2019 смартфонҳои HUAWEI-и P Smart Z, Y9 Prime 2019, Y7 Prime 2019, P30 lite, P Smart 2019 ва P Smart 2019+ харидорӣ намоед ва дар аксияи «ТӮҲФАҲОИ ТОБИСТОНИ РАВОН” аз HUAWEI ва Tcell   иштирок намоед.

 Барои иштирокчии ицдом шудан ба шумо зарур аст:

  • Харидани смартфони HUAWEI;
  • Дастрас кардани варақа (купон);
  • Иштирок дар чорабинии рӯзи 21 сентябри соли 2019.

Бозии ниҳоӣ 21 сентябри соли 2019, соати 11:00 дар суроғаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 14, меҳмонхонаи “Серена” баргузор мешавад.

Ба ҳар як ғолиби аксия ширкати Tcell рақами нуқрагӣ ва 3 Гб Интернет тӯҳфа мекунад.

Давраи баргузории аксия: 23.08.2019 - 20.09.2019

Бақайдгирии иштирокчиён дар суроғаи зерин гузаронида мешавад: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 83, Фурушгоҳи марказӣ (СУМ), ошёнаи 1.

ТАВАҶҶӮҲ! Иштирокчӣ бидуни пешниҳоди корти кафолатӣ, ки барои телефони харидашуда дода шудааст, ба қайд гирифта намешавад.

Ба Шумо муваффақият таманно дорем!

tj_summer_gifts_960x480_web_tj.png
1392

Муштариёни муҳтарам!


Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз 29.08.2019 дар бастаи тарофавии «Смартфони белимити Лайт 2016» тағйиротҳо ворид карда мешаванд.
Дар ҷадвали поён зикр шуда шартҳои нав оварда шудааст:

Баста
Пардохти муштарӣ  ҳаррӯза
Трафик бе маҳдудияти суръат
Смартфони белимити Лайт 2016
1.99 сомонӣ
60 Мб

1310

Мо тасмим дорем, ҳадди аққал 5 ҷомадони бунафшранги дигарро ба сафар гусел намоем!

Инак, феҳрасти панҷ ғолиби иқдоми “Ҷомадони бунафш” дар моҳи июлро, ки тавассути генератори шумораҳои тасодуфӣ муайян гардиданд, пешниҳод менамоем. 
Бозии «Ҷомадонҳои бунафш» ҳар моҳ миёни онҳое баргузор мегардад, ки аз роуминги ““Воқеӣ” ва “Осон”  Тсеll истифода бурда, тайи як моҳи тақвимӣ барои иртиботи телефонӣ ва роуминг 100 сомонӣ сарф менамоянд.


Дар охири сол бошад, ғолибонро боз як сюрприз- имконияти бурди роҳхати сайёҳӣ ба яке аз кишварҳои афсонавӣ интизор аст!

Тафсилоти бештар дар бораи роуминги ““Воқеӣ” ва “Осон”  -ро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед: https://bit.ly/2KVDdmG
1393

Нахустин истгоҳи “ҳушманд” аз Tcell


Имрӯз, дар истгоҳи назди кинотетари “Ватан”-и шаҳри Душанбе ширкати Tcell нахустин маркази хизматрасониашро барои муштариён ифтитоҳ кард. Дар ин ҷо минтақаи фарогири Wi-Fi аз Тсеll фаъол гардида, муштариён имкон доранд аз машварати мутахассисон баҳравар шаванд, инчунин мусофирон метавонанд ҳангоми мунтазир шудани нақлиёт таҷҳизотҳои мобилиашонро неру бидиҳанд.

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар ва пешоҳанги бозори фанноварии ҷадид аст, ки бо фаъолияташ дар ростои пешниҳоду татбиқи технологияи нав дар Тоҷикистон саҳми худро мегузорад. 

Маркази мазкур аввалин нуқтаи хизматрасонӣ дар истгоҳҳои пойтахт буда, дар оянда дар дигар истгоҳҳои шаҳри Душанбе ифтитоҳи чунин дафтарҳои хизматрасонӣ дар назар аст. Роҳандозии чунин истгоҳҳои ба истилоҳ “ҳушманд”-и  муҷаҳҳаз бо Wi-Fi қадами нахустини ширкати Тсеll дар бунёди шаҳри “ҳушманд” маҳсуб гардида, имрӯз хишти аввалини он гузошта шуд.  

«Шаҳри ҳушманд» -ин дурнамои ҳамгироии якчанд технологияи иттилоотӣ-  коммуникатсионӣ (ТИК) ва воситаҳои Интернет (тасмимҳои IoT) барои идораи зерсохторҳои шаҳрӣ мебошад. Ҳадафи аслии бунёди “шаҳри ҳушманд” беҳтарсозии сифати зиндагии одамон бо ёрии фанноварӣ (технология) маҳсуб мешавад.

Яке аз роҳҳои аслии рушду тавсеаи Tcell – рушди фанноварии ҷадид дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бо рушди фазои технологияи нав дар ҶТ ширкати Tcell саъй менамояд, ки яке аз вазифаҳои худро дар мутобиқат ба замон ва технологияи муосир ба роҳ монад: пайванд сохтани Тоҷикистон бо фазои иноватсия ва технологияи ҷаҳонӣ. Аз ин дидгоҳ, ифтитоҳи марказҳои хизматрасонӣ барои муштариён дар ҷойҳои серодам, истгоҳҳо ва мавзеҳои қулай талаботи замони нав аст.

Дар нуқтаҳои нави хизматрасонӣ муштариён аз машварати кормандони баландихтисосу ҳирфаии Тсеll баҳравар гардида, тарофаҳои писандидаи худро дарёфт менамоянд. 

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

1.JPG

2.JPG

3.JPG

4.jpg

1407

Tcell ва Аввалин бонки молиявӣ муштаракан “Корти Осон”-ро пешниҳод менамоянд!


Ширкати Tcell дар якҷоягӣ бо ҶСП “Аввалин бонки молиявӣ” барои куллияи сокинони Тоҷикистон корти муштараки бонкии “Корти Осон”-ро пешниҳод менамоянд.Корти муштараки «Корти Осон»-ро дар марказҳои хизматрасонии Tcell, ки дар нуқтаҳои қулай дар Душанбе, НТМ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ҷойгиранд, фаъол кардан мумкин аст!

Бартарият ва афзалияти аслии «Корти Осон» - равиши осони интиқол ва гирифтани пул аст. Дар давоми чанд дақиқа пас аз дархост бо «Корти Осон» дарёфти маблағ дар ҳисоби корт имкон дорад!

Интиқоли мустақими пул ба корт- роҳи осон ва фоидаовари ирсоли маблағ ба Тоҷикистон тавассути низоми интиқоли пул («Contact», «Юнистрим», «Золотая Корона», «Blizko» «Western Union» ва ғайра) мебошад. Барои ирсоли маблағ ба «Корти Осон» танҳо донистани рақами корт ва дарёфткунанда (гиранда)-и пул зарур асту бас. Пулҳоро бо асъорҳои мухталиф- рубли русӣ, доллари амрикоӣ ва ё ЕВРО ирсол кардан мумкин аст. Маблағ ба ҳисоби дарёфткунандаи пул дар шакли арзи миллӣ- сомонӣ ва бо қурби ҳамонрӯзаи Аввалин бонки молиявии хурд, ки барои муштариён дар сомона дастрас аст, гузаронида мешавад.

Ҳузури инфиродии муштарӣ ба бонку бахшҳои он аллакай дар гузашта монд!Барои дарёфти маблағ зарур нест, ки кадом санадро пур намоед ва ё дар навбати тӯлонӣ биистед, ҳисоби Шумо ба гунаи зуд ва хеле қулай дар корт мегузарад. Ба таври нақдӣ, бе комиссия ва бо асъори миллӣ- сомонӣ, ё доллари ИМА гирифтани маблағ низ аз банкоматҳои Аввалин бонки молиявӣ ҳеч душворӣ надорад!  

Соҳибони кортҳои  «Корти Осон» имконияти бесобиқаи истифода аз ҳисоби кортии худро доранд, агар онро ба ҳамёни мобилии ТезСум пайваст намоянд! Бо ёрии ҳамёни инфиродӣ (шахсӣ)-и ТезСум дар реҷаи шабонарӯзӣ (24/7) имкони пардохтҳои гуногуни ғайринақдиро аз корт ва 150 намуди хизматрасониро доред: пардохтҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва телевизион, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ, қарзҳои бонкӣ ва ғайраҳо.

Ҳамчунин, тавассути корти мазкур пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳама фурӯшгоҳҳо ва идораҳи марбути бахши тиҷорати Тоҷикистон, ки Корти Миллиро қабул доранд, бе комиссия анҷом додан мумкин аст.  

Tcell – ширкати бузурги мухобиротии Тоҷикистон буда, ягона саҳҳоми он Бунёди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) аст.
ҶСП «Аввалин бонки молиявӣ» тамоми намуди хизматрасониҳои бонкиро тавассути шабакаҳои умумиҷумҳуриявии худ ва оҷонсиҳои пардохти бонкӣ пешниҳод месозад. Саҳмдори асосии бонк Фонди Оғохон оид ба Рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.
AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Scene-2 карта.jpg

1638

Муштариёни муҳтарам!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки, аз 23.08.2019 дар бастаи тарофавии «4G Белимит XS», нақшаи тарофавии «Белимит 4G 2016» тағйиротҳо ворид карда мешаванд.

Дар ҷадвали поён зикр шуда шартҳои нав оварда шудааст:

Бастаи тарофавӣ
Пардохти муштарӣ
Ҳаҷми трафик
4G Белимит XS
61 сомонӣ
4000 Мб

1423


Страницы: Пред. 1 ... 25 26 27 28 29 ... 63 След.